Конститутсия – гуфтаниҳои ногуфта (далелҳои ҷолиб)

0

Яке аз калонтарин конститутсияҳои амалкунандаи олам қонуни асосии Ҳиндустон мебошад. Конститутсияи Ҳиндустон аз 395 боб иборат буда, то ин дам ба он 500 маротиба тағйироту иловаҳо ворид шудааст. Конститутсияи мазкур аз 117400 калима иборат буда, бо забоне навишта шудааст, ки на ҳама ба матни он сарфаҳм мераванд.


Куҳантарин конститутсияи то ҳол амалкунандаи ҷаҳон, ки 220 сол қабл қабул гардидааст, ин сарқонуни Амрико мебошад. Конститутсия аз 4,4 ҳазор калима иборат буда, ба он то ин дам ҳамагӣ 27 тағйирот дароварда шудааст. Аҷибаш ин аст, ки дар ягон ҷойи конститутсияи Амрико калимаи демократия истифода нашудааст. Он, ҳамчунин, хурдтарин сарқонуни сайёра эътироф гардидааст.


Ягона конститутсияе, ки дар он қарори аз ҷанг даст кашидани кишвар ба таври расмӣ сабт шудааст, ин қонуни асосии Ҷопон мебошад. Дар он сабаби рад кардани ҷанг шикаст хӯрдани давлати Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон маънидод гардидааст.


Мувофиқи конститутсия президентҳои ИМА нисфи рӯз қасам мехӯранд.


Британияи Кабир конститутсия надорад.


Нахуст иловае, ки ба Конститутсияи ИМА дохил шуд, тасдиқ намуд: ” Конгресс набояд ягон қонуне қабул кунад, ки озодии сухан ва матбуотро маҳдуд мекарда бошад”..


Дар кӯчаҳои Кембрич қонун бозии теннисро манъ мекунад.


Қонуни Италия сураткашӣ дар рӯйи роҳи мумфаршро ба қашшоқӣ баробар медонад.


Аз рӯи қонуни штати Алабама шудгори замини пахта бо фил манъ аст.


Аз рӯи қонуни Норвегия хирси сафеди кутбиро фақат дар ҳолати ягон хел таҳдид кардан ба ҳаёти инсон куштан мумкин аст.


конститутсия, дар бораи конститутсия, эссе дар бораи конститутсия

Мақолаи қаблӣТабрикот барои рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон
Мақолаи баъдӣРузи Парчами Чумхурии Точикистон (24 ноябр эссе)