Якчанд сирри забономӯзӣ

1

Орзӯ  доред, ки чандин забонро донед ва ё мехоҳед, ки аз нозукиҳои забонҳои дигар бохабар шавед? Пас, нигоштаи зер махсус барои Шумост! Сомонаи DONISH.SU якчанд роҳи дурусти забономӯзиро баҳри Шумо пешниҳод менамояд. Пеш аз ҳама шавқу ҳавас ба Шумо барои забономӯзиатон кӯмак мерасонад. Агар ҳавас надошта бошед, худатонро барои омӯхтани забонҳои дигар маҷбур насозед, чунки  ин аз ҳама роҳи душвортаринаш ба шумор меравад. Барои забони дигареро омӯхтан, сараввал  бояд  аз нозукиҳои забони худ бохабар  шавед. Зеро,  агар ба забони худ сухандон гардед, омӯхтани дигар забонҳо бароятон осон мешавад.

A young language master boy knows how to say hello in many different languages. All languages and cultures are beautiful.

Дар ҷойи зистатон  ҳамарӯза Шумо бо ашёҳои рӯзгор рӯ ба рӯ мешавед. Агар шумо забони англисириро омӯхтанӣ бошед, пас  зарур аст, ки дар қоғазчае шакли англисии  номи ашёро навишта, ба ашёҳои гирду гӯшаатон часпонед. Вақте Шумо аз он ашёҳо истифода менамоед, ҳатман ба шакли англисии номашон низ рӯ ба рӯ мешавед. Ин дар хотироти Шумо муддати зиёде  нақш мебандад. Ин  беҳтарин усуле мебошад, ки забономӯзон аз он истифода мебаранд.


Субҳгоҳӣ барвақттар аз хоб хестан хосияти хубе дорад, зеро майнаи сари  Шумо аллакай тоза ва имкони қабули ҳама гуна иттилооту маълумотро дорост. Шумо метавонед, аз ин истифода баред.  Субҳгоҳон   кӯшиш кунед то 30 луғати нав аз забони меомӯхтаатон аз бар намоед. Агар ин амалро тули як моҳ анҷом диҳед, натиҷаи хубе ба даст меоред. Тасаввур кунед, ки  дар як рӯз агар 30 луғати нав аз  худ кунед, пас дар як моҳ Шумо аллакай   900 калимаи нав аз як забони дигар  аз бар менамоед. Луғатро ку аз худ мекунед, аммо агар онро истифода набаред манфиате ба шумо намедиҳад. Барои ҳамин кӯшиш кунед ва  луғати аз бар мекардаатонро дар муошират  ҳамарӯза  истифода баред, то аз хотироти Шумо нест нашавад.


Муҳит  низ дар омӯхтани забон ба шумо таъсири баланд мерасонад.  Агар хоҳед, ки ҳарчи зудтар забони дигарро аз худ намоед, пас ба муҳите ворид шавед, ки дар он ҷо аз он забон истифода мебаранд. Ин ба ҳарчӣ зудтар аз худ намудани забон ба Шумо  кӯмак мерасонад.  Андеша карда, хулоса бароред, ки забони русиро дар Тоҷикистон зудтар аз худ мекунанд ё дар Руссия? Албатта дарк хоҳед кард, ки дар омӯхтани забон муҳит низ  нақши муҳимеро мебозад.


Аз ин роҳҳо истифода баред ва натиҷаашро тӯли се моҳ мушоҳида кунед. Дар ҳақиқат,  инҳо роҳҳое мебошанд, ки барои омӯхтани забонҳои дигар ба Шумо кӯмак менамоянд. Агар Шумо низ ягон роҳҳои дигари забономӯзиро донед, нависед то донем.

30 далели ҷолиби забонҳои дунё

Мақолаи қаблӣИн амалҳоро ҳеҷ гоҳ ба худ раво набинед!
Мақолаи баъдӣ19 кг вазну 16 метр дарозии мӯй

1 ШАРҲ

  1. А я уже в годы здесь работаю постараюсь чтобы научиться английском языке!! Но неполучае,проблемы в том что здесь люди из Европы тоже общаться по русскому тем более они сам постараюсь Общаться по русский..

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед