Маълумот дар бораи Пиёз ва Сирпиёз, оиди виатминҳо ва шифобахшии онҳо дар ин мақола оварда мешавад. Маълумот дар бораи Витаминҳо инҷо<< хонед.

Маълумот дар бораи Сабзавотҳо (Пиёз ва Сирпиёз)
Истеъмоли сабзавот ҷисмро қавӣ гардонда, пайдоиши бисёр бемориҳоро пешгирӣ мекунад ва ба ҳиссиёти инсон таъсир мерасонад. Сабзавот дорои бисёр моддаҳои ғизоӣ буда, дар зиндагии одам вазифаи муҳимро иҷро мекунанд. Онҳо аз витаминҳо бой буда, бештар витамини С доранд, ки ба беҳтар шудани вазъи саломатӣ ёрӣ мерасонанд. Сабзавот дар таркиби худ витаминҳои гурӯҳи В низ дорад. Истеъмоли сабзавот имкон медиҳад, ки миқдори хӯрокҳои серсафеда (мисол, гӯшт) кам карда шавад.
Сир (сирпиёз)
Сир (сирпиёз) аз ҷиҳати ғизоӣ аз пиёз бартарӣ дорад. Барг ва донаҳои сирпиёз витаминҳои А, В, С ва равғани эфир дорад. Ғайр аз ин, дар он модаҳое ҳастанд, ки хосияти баланди зиддисироятӣ доранд. Сирпиёзро дар намак ва сирко хобонда, онро ҳамчун давои баъзе бемориҳои илтиҳобӣ (асабоният, ғазабнокӣ), инчунин барои хуштаъм шудани хӯрок истифода мебаранд. Дар хӯрок на танҳо решаи сирпиёз, инчунин баргҳои наврустаи онро истифода мекунанд.
Пиёз
Дар ҷаҳон қариб 400 навъи пиёз мавҷуд аст. Ватани пиёз Осиёи Миёна, Эрон ва Афғонистон мебошад. Пиёз аз витамин-ҳои гурӯҳи В ва С бой аст. Дар таркиби пиёз оҳан низ бисёр аст. Пиёз иштиҳоовар буда, барои хуб ҳазм шудани ғизо ёрӣ мерасонад. Пиёз ҷисми моро солим нигоҳ дошта, хусусияти зиддимикробӣ ва зиддивирусии баданро қавӣ мегардонад.
Маълумот дар бораи Сабзавотхо, сир пиёз, витаминхо, мева ва сабзавот,


