Дод моро китоб то хонем … (шархи Чахор китоб)

0

Дод моро китоб то хонем,
Кард моро хитоб то донем.


БАЁНИ МАЪНО

Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло барои мо китоби худ Қуръони каримро фиристодааст ва дар он ба мо дастури хондану донистанро додааст.


БАЁНИ ДАЛЕЛҲО

1- Агар пурсанд, ки бо кадом далел мегӯед, ки Аллоҳ таъоло барои мо китоб фиристодааст ва дар он ба мо дастури хондану донистанро додааст?

Ҷавоб мегӯем, ки бо чанд далел чунин аст:

1- Аммо далели фиристодани китоб ояти 15 сураи “Моида” аст, ки дар он Аллоҳ таоло чунин гуфтааст:

{قَدْ جَاءَكُمْ مِنَ اللَّهِ نُورٌ وَكِتَابٌ مُبِينٌ} )المائدة: 15(

“Ҳамоно аз тарафи Аллоҳ барои шумо нур ва китоби равшангаре омадааст”.

2- Аммо далели дар китоби фиристодааш дастури хондан додани Аллоҳ таъоло ояти якуми сураи “Алақ” аст:

{اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ} )العلق: 1(

“Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарида аст”.

3- Аммо далели дар китоби фиристодааш дастури донистан додани Аллоҳ таоло ояти 19 сураи “Муҳаммад” (с) аст:

{ فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ} )محمد: 19(

“Пас бидон, ки ғайр аз Аллоҳ ҳеҷ маъбуди дигаре нест”.

2- Агар пурсанд, ки хондану донистани чӣ чизе мурод аст?

Ҷавоб мегӯем, ки хондану донистани китоби Аллоҳ таоло, Суннати Пайғамбар (с) ва бақияи китобҳо ва илмҳои динӣ ва дунявие, ки боиси саъодатмандии ҳар инсоне дар ду дунё мебошанд. Ҳамаи улуми муфиди динӣ ва аксари улуми манфиатноки дунявӣ ба ҳамин сифат мебошанд ва хондану донистанашон маърифати Аллоҳ таоло ва ҳақ будани Қуръон ва Суннатро равшантар месозанд ва даст ёфтан ба ризқу рӯзии ҳалолро осонтар ва қудрату тавоноиро бештар  ва ҳаёту зиндагии бо шарафу иззатмандонаро муяссартар мегардонанд.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣТоъати Ӯст фарзу айн шуда … (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣАбулкосим Фирдавси тарчумаи хол