Таълими Ислом. Савол ва посух. Саволхои 57-62.

Пурсишҳои 51-56 – ро инҷо хонед.
«Эй онон ки имон овардаед, худ ва хонаводаатонро аз оташи ҷаҳаннам бираҳонед!».
Бахши аввал
Қисмати дувум: Ақоид
Пурсиши 57: Асос ва пояи Ислом бар чанд чиз устувор аст?
Посух: Пояи Ислом бар панҷ чиз устувор аст.
Аввал: Калима «Тайиба» ё калимаи «Шаҳодат» гуфтан, яъне мафҳум ва маънои онро бо дил пазируфтан ва бо забон иқрор кардан.
Дувум: Хондани намоз.
Севум: Додани закот.
Чаҳорум: Гирифтани рӯзаи моҳи мубораки Рамазон.
Панҷум: Ҳаҷҷи хонаи Каъба.
Пурсиши 58: Калимаи «Тайиба» чист ва чӣ мафҳуме дорад?
Посух: Калимаи «Тайиба» ин аст: «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур-Расулуллоҳ», яъне ба ҷуз Худованд касе шоистаи ибодат нест, ҳазрати Муҳаммад (с) фиристода ва Пайғамбари Худост.
Пурсиши 59: Калимаи «Шаҳодат» чист ва чӣ мафҳуме дорад?
Посух: Калимаи «Шаҳодат» ин аст: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу».
Яъне: «Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) банда ва расули Аллоҳ аст».
Пурсиши 60: Оё бидуни фаҳмидани маъно ва мафҳуми ин калима фақат бо хондани он бо забон, одамӣ мусулмон мешавад?
Посух: На, балки мафҳумашро фаҳмида бо дил яқин намудан ва бо забон иқрор кардан лозим аст.
Пурсиши 61: Бо дил яқин намудан ва бо забон иқрор карданро чӣ мегӯянд?
Посух: Имон овардан мегӯянд.
Пурсиши 62: Касе, ки гунг аст ва бо забон наметавонад иқрор кунад, чӣ гуна имон оварданаш маълум мешавад?
Посух: Дар мавриди гунг ин қадар кофӣ аст, ки бо ишора ягонагии Худованд ва пайғамбарии Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро эълом дорад.
Аз китоби “Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ“
Давом дорад …


