Таълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 63-70

0

Таълими Ислом. Савол ва посух. Саволхои 63-70.

Таълими ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби Ҳанафӣ
Расм қисман бо ҳушвора сохта шудааст

Пурсишҳои 57-62 – ро инҷо хонед.


Пурсиши ‌63: Барои‌ мусулмон‌ ба чанд чиз имон‌ овардан лозим‌ аст?

Посух: Ба ҳафт‌ чиз, ки‌ баёни‌ онҳо дар имони‌ муфассал‌ ба шарҳи‌ зер аст:

«Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи вал-явмил-охири вал-қадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳи таъоло вал-баъси баъдал-мавт».


Пурсиш‌и 64: Мусулмонон нисбат‌ ба‌ Худованд чӣ‌ ақида‌е‌ бояд дошта‌ бошанд?

Посух: Бояд чунин‌ ақида‌ дошта‌ бошанд ки:

  • Худованд ягона‌ аст.
  • Фақат‌ Ӯ шоиста‌и бандагӣ‌ ва ибодат‌ аст ва ба ҷуз Ӯ‌ каси дигаре лоиқи‌ бандагӣ‌ нест.
  • Ӯро ҳеҷ‌ шарик‌ ва ҳамтое‌ нест.
  • Ӯ ҳар суханро ме‌донад, ҳеҷ‌ чизе‌ бар Ӯ‌ пӯшида‌ нест.
  • Ӯ тавоно ва боқудрат‌ аст.
  • Ӯ замину осмон, офтобу моҳ, фариштагон, ситорагон, ҷинну‌ инсон‌ ва тамом‌ ҷаҳонро офаридааст ва фақат‌ Ӯ молики‌ ҷаҳон‌ аст.
  • Ӯ ме‌миронад ва зинда‌ ме‌кунад, яъне‌ мирондан‌ ва зинда‌ кардани‌ махлуқот‌ тибқи‌ амри Ӯ анҷом‌ ме‌гирад.
  • Ӯ тамоми‌ махлуқот‌ро ризқу‌ рӯзӣ‌ ме‌диҳад.
  • Ӯ на‌ чизе‌ ме‌хӯрад, наме‌нӯшад ва наме‌хобад.
  • Ӯ ба худии‌ худ ҳамеша‌ буд‌ ва ҳамеша‌ хоҳад буд.
  • Касе‌ Ӯро наофаридааст, балки Ӯ офаринандаи ҳама чиз аст.
  • Барои‌ Ӯ на‌ падаре‌ ҳаст‌ ва на‌ зан‌ ва фарзанде‌, аз тамоми‌ ин‌ умур пок‌ ва мубарр‌о аст.
  • Ҳама‌ ниёзманд ва муҳтоҷи‌ Ӯ ҳастанд ва Ӯ ба‌ касе‌ ва ё ба‌ чизе‌ муҳтоҷ‌ нест.
  • Ӯ бемонанд аст, ҳеҷ‌ чизе‌ монанд ва мушобеҳи‌ Ӯ нест.
  • Ӯ аз тамоми‌ айбҳо ва нақсҳо пок‌ аст.
  • Ӯ аз дасту‌ по, гӯш‌у бинӣ,‌ шаклу‌ сурат‌ ва дигар чизҳое,‌ ки‌ барои‌ махлуқот‌ собит‌анд, пок‌ ва мубарр‌о аст.
  • Ӯ фариштагон‌ро офарида‌ ва бар назм‌у тадбири корҳои олам‌ муваззаф кардааст.
  • Ӯ барои‌ ҳидоят‌ ва роҳнамоии‌ махлуқ‌и хеш, пайғамбаронро фиристодааст, то дин‌у мазҳаби‌ ҳақ‌ро ба‌ онҳо нишон‌ диҳанд, ононро аз суханони‌ зишту‌ нодуруст‌ дур кунанд ва суханони‌ хуб‌ ба‌ онҳо биёмӯзанд.

‌Фариштагон‌

Пурсиш ‌65: Фариштагон‌ чикора‌анд?

Посух: Фариштагон‌ махлуқ‌и Худованд ҳастанд, ки‌ аз нур офарида‌ шуда‌анд, аз чашмони мо пинҳон‌анд, на‌ мард ҳастанд ва на‌ зан, нофармонии‌ Худо ва гуноҳ‌ наме‌кунанд, ба‌ корҳое,‌ ки‌ Худованд онҳоро муқаррар карда‌аст, маъмур ва машғул‌анд.


Пурсиши‌ 66: Теъдоди фариштагон‌ чӣ қадар аст?

Посух: Теъдоди фариштагонро ба ҷуз Худованд кас‌и дигаре намедонад. Албатта‌ ин қадар маълум‌ аст,‌ ки‌ бисёр ҳастанд ва аз миёни‌ онон‌ чаҳор фаришта‌ муқарраб‌ ва маъруф‌анд.


Пурсиш‌и 67: Чаҳор фариштаи‌ машҳур кадомҳо ҳастанд?

Посух: Аввал: Ҳазрати‌ Ҷабарил,‌ ки‌ паёмҳо, дастурот‌ ва китобҳои‌ илоҳиро назди пайғамбарон‌ ме‌орад.

Дувум: Ҳазрати‌ Исрофил‌, ки‌ ҳангоми‌ қиёмат‌ дар сур медамад.

Севум: Ҳазрати‌ Микоил, ки‌ бар амри борон‌ ва рӯзӣ‌ расондан‌ ба‌ махлуқот муваззаф аст.

Чаҳорум: Ҳазрати‌ Азроил,‌ ки‌ бар гирифтани‌ ҷони‌ махлуқот‌ муваззаф аст.


‌Китобҳои‌ осмонӣ‌

Пурсиши ‌68: Китобҳои‌ илоҳӣ‌ чанд то ҳастанд?

Посух: Теъдоди бисёре‌ аз китобҳои‌ бузург‌ ва кӯчак‌ аз сӯи‌ Худованд бар паёмбарон‌ нозил‌ шудааст. Ба‌ китобҳои‌ бузург‌ «Китоб» ва ба‌ китобҳои‌ кӯчак‌ «Саҳифа» гуфта‌ ме‌шавад. Аз миён‌и онҳо чаҳор китоб‌ машҳур аст.


Пурсиши ‌69: Чаҳор китоб,‌ ки‌ маъруф‌анд, чӣ‌ ном‌ доранд ва бар кадом‌ паёмбарон‌ нозил‌ шуда‌анд?

Посух:

1 – «Таврот» бар ҳазрати‌ Мӯсо (а).‌

2 – «Забур» бар ҳазрати‌ Довуд (а).

3 – «Инҷил» бар ҳазрати‌ Исо (а).‌

4 – «Қуръон» бар Пайғамбари мо ҳазрати‌ Муҳаммад (с) нозил‌ шудааст.


Пурсиши ‌70: Саҳифаҳо‌ чандто ҳастанд ва бар кадом‌ паёмбарон‌ нозил‌ шуда‌анд?

Посух: Теъдоди саҳифа‌ҳо маълум‌ нест, албатта‌ баъзе‌ аз саҳифа‌ҳо бар ҳазрати‌ Одам‌ (а), баъзе‌ бар ҳазрат‌и Шис (а), ва‌ баъзе‌ бар Иброҳим (а)‌ нозил‌ шуда‌ аст. Илова‌ бар инҳо саҳифа‌ҳои‌ дигаре‌ ҳам‌ будааст,‌ ки‌ бар баъзе‌ пайғамбарон‌ нозил‌ шудааст.


Барчаспи силсиламақолаҳо

Аз китоби “Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ

Давом дорад …

Мақолаи қаблӣТаълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 57-62