Таълими Ислом. Савол ва посух. Саволхои 71-80.

Пурсишҳои 71-80 – ро инҷо хонед.
Пайғамбарон
Пурсиши 71: Пайғамбарон чӣ гуна шахсон ҳастанд?
Посух: Пайғамбарон бандагони Худо ва аз ҷинси башар ҳастанд, ки Худованд ононро барои расондани паёмҳои хеш ба бандагон таъйин намудааст. Онон ростгӯ ҳастанд, ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯянд, гуноҳ намекунанд. Аҳком ва фармонҳои илоҳиро пинҳон намедоранд ва онҳоро бидуни камӣ ва бешӣ комилан ба мардум мерасонанд.
Пурсиши 72: Набӣ киро мегӯянд?
Посух: Набӣ низ бандаи Худо ва аз ҷинси башар аст, ки аҳком ва дастуроти илоҳиро ба бандагон таблиғ мекунад. Ростгӯ ва дурусткор аст, дурӯғ намегӯяд, гуноҳ намекунад ва дар дастуроти илоҳӣ каму костӣ намекунад ва ҳеч дастуреро пинҳон намедорад.
Пурсиши 73: Оё набӣ ва расул бо ҳам фарқе доранд?
Посух: Андаке бо ҳам фарқ доранд, яъне расул он паёмбареро мегӯянд, ки Худованд ба ӯ дину шариат ва китоби наве дода, ӯро ба сӯи мардум равона кардааст, аммо набӣ ҳар паёмбареро мегӯянд, хоҳ дин ва китоби нав ба вай дода шудааст ё ин ки пайрави дин ва китоби пеш аз худ бошад.
Пурсиши 74: Оё ҳеҷ инсоне ба саъйу талош ва ибодати хеш метавонад, ки ба мақоми паёмбарӣ бирасад?
Посух: На, нубувват мақоме нест, ки бо касбу талош ҳосил шавад, балки Худованд ин неъматро насиби касоне мегардонад, ки шоистагӣ ва истеъдоди онро дошта бошанд.
Пурсиши 75: Шумори паёмбарон ва расулон чӣ қадар аст?
Посух: Дар дунё паёмбарон ва расулони зиёде мабъус шудаанд, шумори дақиқи онҳо маълум нест, Худованд теъдодашонро беҳтар медонад. Мо бояд имон дошта бошем, ки Худованд ҷумла паёмбаронеро, ки фиристодааст, тамоми онон барҳақ ҳастанд.
Пурсиши 76: Аввалин паёмбар кист?
Посух: Ҳазрати Одам (а).
Пурсиши 77: Охирин паёмбар кист?
Посух: Охирин паёмбар Ҳазрати Муҳаммад (с) аст.
Пурсиши 78: Оё пас аз Ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари дигаре ҳам мабъус мешавад?
Посух: На, чунки мақоми нубувват бар Ҳазрати Муҳаммад (с) хатм гардидааст ва то қиёмат ҳеҷ пайғамбари дигаре мабъус нахоҳад шуд. Ӯ паёмбари охируззамон аст, ҳар кас пас аз вай даъвои паёмбарӣ кунад, даъвояш дуруғ аст ва пазируфта намешавад.
Пурсиши 79: Аз тамоми паёмбарон чӣ касе афзал аст?
Посух: Аз тамоми паёмбарон Паёмбари мо Ҳазрати Муҳаммад (с) афзал аст, бандаи Худо ва фармонбурдори ӯст ва пас аз Худованд мақому мартабааш аз тамоми махлуқот болотар ва гиромитар аст.
Қиёмат
Пурсиши 80: Рӯзи қиёмат чӣ гуна рӯзе аст?
Посух: Қиёмат он рӯзеро мегӯянд, ки тамоми инсонҳо ва ҷондорон дар он рӯз мемиранд ва тамоми дунё дар коми нестӣ фурӯ меравад, кӯҳҳо монанд пашми задашуда ба ҳар тараф мераванд, ситораҳо пора-пора шуда ва меафтанд, хулоса, ҳама чиз нобуд мешавад ва аз байн меравад.
Аз китоби “Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ“
Давом дорад …


