Меҳмонхонаи Данг Вет Нга, воқеъ дар кишвари Ветнам, ба маънои томаш ғайриодист. Дар он ҳам пансионат, ҳам қаҳвахона ва ҳам галереяи бадеӣ ҷойгир аст. Намуди зоҳирии он ба дарахти банан монандӣ дошта, хеле муҳташам аст. Дар бунёди он танҳо аз меҳнати дастӣ кор бурдаанд. Қисмати меҳмонхонаи маҷмаа аз панҷ ҳуҷраи хобе, ки ҳар яке дорои услуби хос аст, иборат мебошад. Устоҳо дар намои он шаклҳои ҳайвоноти ваҳширо моҳирона кандакорӣ намудаанд. Тобистон сайёҳон аз тамоми гӯшаю канори дунё ба «хонаи аҷоибот» меоянд.

Шоҳдухтар Данг Вет Нга бо сохтани ин маҷмаа ба орзуи деринаи хеш расид. Ӯ бо тарҳи ғайриодӣ эъмор кардани иншооти ба ягон иншооти дунё монанднабударо орзу дошт.
14 соли умри аз диёр ва волидайн дур сипарӣ гаштааш барабас нарафт. Тайи ин муддат ӯ яке аз донишгоҳҳои Маскавро хатм ва рисолаи номзадиашро дар бахши меъморӣ дифоъ кард.
Ҳамчунин, тарҳи биноҳои қасри кӯдакон ва калисои католикии Ленкхионгро ӯ офаридааст. Данг Вет Нга бо ин амалаш рӯҳи падараш – Чионг Тинеро, ки солҳои 1981 – 1988 Президенти Ветнам буд, шод кардан хостааст.


