Дуои чизи гумшуда

0

Хизматгузоре аз хизматгорони Шайх Абӯлҳасан (раҳ) ҳангоми худоҳофизӣ фармуд:

-Миқдоре тӯшаи роҳ иноят фармоед.

Шайх Абӯлҳасан (paҳ) фармуданд:

-Хар гоҳ чизе аз ту гум гардад ва ё ин ки хоҳони ин ҳастӣ, ки бо фалон шахс мулоқот дошта бошӣ, ин дуоро бихон.

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ё Ҷомеу-н-носи ли явми-л-ло райба фиҳи, инналлоҳа ло юхлифу-л-миъод. Иҷмаъ байнӣ ва байни қазо.

Ба ҷойи калимаи «қазо» номи матлубашро бигӯяд, иншоаллоҳ чизи гумшуда ва ё матлубаш ҳосил хоҳад гардид.

Ровӣ гӯяд: «Барои ҳеҷ ҳоҷате ин дуоро накардам, магар ин ки он ҳоҷатам бароварда мешуд». (Яъне, орзуям ҳатман бароварда мешуд).[1]


[1]  “Бӯстони Ростон”.

Дуъо/Дуо хангоми гум кардани чизе/ашё.

Мақолаи қаблӣДуо барои Коронавирус
Мақолаи баъдӣҲазрати Бурх (Бурхи Валӣ)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед