Тарҷимаи ҳоли Умар ибни Хаттоб

0

Тарчумаи холи / зиндагиномаи Умар ибни Хаттоб


Номаш Умар ва номи падараш Хаттоб ибни Нуфайл, лақабаш Форуқ ва кунияташ Абӯҳафс аст. Дар соли 584 милодӣ дар Маккаи мукаррама ба дунё омадааст ва дар соли 23 ҳиҷрӣ мутобиқ бо соли 644 милодӣ дар Мадинаи мунаввара ба шаҳодат расидааст.

Панҷ сол қабл аз ҳиҷрат дар соли 616 милодӣ дини мубини исломро пазируфтааст ва сабаби қудратманд гардидани шавкати мусулмонон дар Макка шудааст. Дувумин халифаи Пайғамбар, (с), хусураш, яъне падари модари муъминон Ҳафса (р)  ва домоди духтараш, яъне шавҳари Умму Кулсум бинти Фотимаи Заҳро, яке аз башоратдодашудагон ба биҳишт ва баъди ҳазрати Абӯбакр дувумин шахсияти уммати исломӣ шинохта шудааст.

Ҳазрати Умар аз Умму Кулсум – хоҳари имомон Ҳасан ва Ҳусайн як писар ба номи Зайд ибни Умар ва як духтар ба номи Руқайя бинти Умар дошт.Дар соли 13  ҳиҷрӣ  дар рӯзи вафоти ҳазрати Абӯбакр халифа интихоб шуда ва то соли 23 ҳиҷрӣ, яъне  муддати даҳ сол хилофаташ идома кардааст. Дар муддати хилофаташ тамоми сарзамини  Шому Ироқ, Мадоину Миср ва тамоми ҷазираи Араб дар қаламрави ислом дароварда шудааст ва бузургтарин императорҳои олами замонаш – императории Эрону Рум шикаст дода шуданд.

Дар соли 23 ҳиҷрӣ мутобиқ бо 644 милодӣ ҳангоми гузоридани намоз ба ҷонаш сӯиқасд сурат гирифтааст ва дар асари он се рӯз баъд ба шаҳодат расидааст.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣТарҷумаи ҳоли ҳазрати Абубакр Сиддик
Мақолаи баъдӣТарҷумаи ҳоли Хазрати Усмон