Дуои дохил шудан ба бозор

0

Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (раз) мефармояд, ки «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: “Ҳар шахс ҳангоми қадам гузоштан ба бозор ин калимотро бихонад, Худои таоло барои ӯ як миллион некӣ менависад ва як миллион гуноҳро мебахшад ва як миллион дараҷа баланд мефармояд».[1] Ва дар ривояте ба ҷойи «баланд фармудани як миллион дараҷа» «сохтани қасре дар биҳишт» зикр шудааст.

дуои бозор

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Лo илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лaҳy Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду юҳйӣ ва ямуту ва Ҳува Ҳайюн лоямуту би ядиҳи-л-хайру ва Ҳува ало кулли шайъин қадир.

Тарҷума: Нест маъбуде ба ҷуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Ӯст ва ҷамеъи ҳамду сано барои Ӯст. Ҳам ӯ зиндакунанда асту маргдиҳанда. Хайру хубӣ дар қабзаи Ӯст ва Ӯ ба ҳар чиз Қодир аст.


[1] Ин ҳадисро Тирмизи ривоят кардааст.

Дуъои/Дуои ба бозор даромадан, дуо дар бозор дуо точики.

Мақолаи қаблӣМаълумот дар бораи Олимпиада (бозиҳои олимпӣ)
Мақолаи баъдӣДуои зиёрати аҳли қабристон

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед