Дар соҳаи варзиш мусобиқаҳои гуногун баргузор мегарданд. Яке аз машҳуртарин мусобиқаҳо олимпиада ном дорад. Калимаи «Олимпиада» аз номи кӯҳи Олимп воқеъ дар Юнони бостон ба вуҷуд омадааст. Аввалин бозиҳои варзиш маҳз дар ҳамин кӯҳ баргузор шудаанд. Бозиҳои олимпӣ дар ҳар чор сол як маротиба баргузор мегарданд. Дар ин бозиҳо варзишгарон аз тамоми гӯшаҳои дунё ҷамъ омада, аз рӯйи навъҳои гуногуни варзиш қувва меозмоянд.

Ҳадафи бозиҳои олимпӣ тавассути варзиш барои сулҳу амнияти олам саҳм гузоштан аст. Беҳуда намегӯянд, ки варзиш қосиди сулҳ аст. Дар замонҳои пеш ҷанговарон таклиф мекарданд, ки аслиҳаву олоти низомиро як сӯ гузошта, дар майдонҳои варзиш қувваозмоӣ кунанд. Аз рӯйи анъанаҳои олимпӣ дар вақти баргузории олимпиада сулҳу осоиштагӣ дар тамоми олам бояд ҳукмфармо бошад.
Ҳалқаҳои парчами Олимпиада чи маъно доранд?
Олимпиада дорои нишон ва парчам аст. Дар нишону парчами олимпӣ панҷ ҳалқаи рангаи ба ҳам пайваст тасвир ёфтаанд, ки ифодагари рамзи панҷ қитъаи олам мебошанд: ранги кабуд рамзи Аврупо, сиёҳ – рамзи Африқо, сурх – рамзи Амрико, зард – рамзи Осиё ва сабз – рамзи Австралия. Ба ҳам пайваст будани ҳалқаҳо маънои сулҳу дӯстии байни халқу нажодҳои қитъаҳои олам аст. Ҳар як кумитаи олимпии миллӣ дар парчам ғайр аз панҷ ҳалқаи асосӣ боз рамзи кишвари худро дорад.
Рамзи Кумитаи олимпии Тоҷикистон
Рамзи Кумитаи олимпии Тоҷикистон кӯҳ бо панҷ ҳалқаи олимпӣ ва се ранг (сурх, сафед, сабз) рангҳои парчами миллии Тоҷикистон аст.

Бозиҳои олимпӣ маросим ва анъанаҳои махсус доранд. Олимпиада бо барафрохта шудани парчам ва фурӯзон шудани машъали олимпӣ оғоз мегардад. Сипас ягон варзишгари номдор савганд ёд мекунад.
Мусобиқаҳо оғоз мешаванд. Варзишгароне, ки се ҷойи аввалро ишғол мекунанд, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз мегарданд. Дар вақти супоридани медалҳо парчамҳои миллии кишварҳои ғолибони мусобиқа барафрохта мешаванд. Ба ифтихори варзишгаре, ки ҷойи аввалро мегирад, суруди миллии давлаташ садо медиҳад.
Варзишгарони Тоҷикистон низ дар бозиҳои олимпӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои сазовор мешаванд. Ҳар қадар ҷавонони мо бештар ба варзиш машғул шаванд ва дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок намоянд, ҳамон қадар миллату давлати мо дар ҷаҳон машҳур мешавад.


