Ҳаҷ – охирин бинои Ислом буда, маънои луғавии он – қасди амри бузург ва азимеро гӯянд ва дар истилоҳи шаръ иборат аз қасд ба сӯи Байтуллоҳ (хонаи Худо) бо аъмоли махсус дар замони махсус аст. Ҳаҷ дар шариъати Ислом аз муҳимтарин фароиз буда, мункири он аз дин хориҷ аст.

Ҳаҷ дар тамоми умр як маротиба бар шахсоне, ки дорои шароити зерин бошанд фарз аст:
- Мусулмон бошад.
- Болиғ ва оқил бошад (девона набошад).
- Озод бошад (ғулом набошад).
- Саломат ва сиҳатманд бошад.
- Иститоъат ва тавоноӣ бар сафарро дошта бошад.
- Нафақаи рафт ва баргаштро ва захираи барои аҳлу аёлаш то аз ҳаҷ баргаштанашро қодир бошад.
- Амнияти роҳ вуҷуд дошта бошад. Занҳо наметавонанд, бидуни шавҳар ё марҳами хеш, агар байни ҷои истиқомати онҳо ва Макка фосилаи қаср ё зиёда аз он бошад, ҳаҷ баҷо оваранд.
Фарзҳои ҳаҷ
- Нияти ҳаҷ намуда иҳром бастан.
- Истодан дар арафа.
- Тавофи зиёрат.
Воҷиботи ҳаҷ
- Вуқуфи дар муздалифа баъд аз тулӯъи фаҷри рӯзи наҳр (рӯзи ид)
- Саъйи байни Сафо ва Марва.
- Занҳо мисли мардҳо дар ҳоли саъйи байни Сафо ва Марва тез ҳаракат накарда тасбеҳ-лабайкаро паст мегӯянд.
- Рами ҷимол (санг задан ба шайтонҳо)
- Тавофи ифоза (тавофи садр) барои касоне, ки аз берун меоянд.
- Тарошидани сар ё кӯтоҳ кардани мӯй (занҳо аз сари мӯяшон каме кӯтоҳ мекунанд.).
- Вуқуфи дар арафот то ғуруби офтоб.
- 3абҳ кардани қурбонй.
- Адои тавофи зиёрат дар аййоми наҳр (се рӯзи ид.)
Бародарон ва хоҳарони гиромӣ мо ин ҷо дар бораи ҳаҷ мухтасар баён намудем. Иншоаллоҳ шумо маълумоти пурраро аз китобҳои барои ҳаҷ нашргардида хоҳед омӯхт.
Хач, фарзхои хач, зиёрати хонаи Худо, вочиботи хач кардан.


