Таяммум. Тарзи таямум кардан

0

Таяммум ба ҷои таҳорат ҳангоми намудани об иҷро хоҳад шуд.

Таяммум дар мавридҳои зерин ҷойнишини вузӯ ва ғусл аст:

  1. Пайдо накардани об дар масофаи камтар аз як мил (тақрибан 2 км).
  2. Ба беморе, ки истеъмоли об бар он зарар дорад.
  3. Ба хотири сармои шадид.
  4. Ба сабаби тарс аз душман ва ё чизи дигаре, ки хатари ҷонӣ дорад.
  5. Ҳангоми хавф аз ташнагӣ.
  6. Ҳангоме ки асбобе надорад, ки аз чоҳ об кашад.
  7. Ҳангоми хавфи аз даст рафтани намозе, ки қазо надорад мисли намози ид ҳар вақто донад, ки агар ба вузӯ машғул шавад, намози ид фавт мешавад. Ҳамчунин аст, агар ба намози ҷаноза ҳозир шуда бошад. Аммо соҳиби мурдаро дар намози ҷаноза аз бими фавт таяммум ҷоиз нест, зеро соҳиби мурда метавонад барои таҳорат кардан ҷанозаро таъхир кунад.

Тарзи таяммум кардан

Касе ки таяммум карданӣ шавад, аввал ба хотири адои намоз ният ва қасд мекунад. Сипас ду кафи дасти худро ба ҳар чизи поке, ки аз ҷинси замин аст (мисли рег, гаҷ, оҳак, сурма, санг, хок ва ғ.) – зада ва рӯи худро масҳ мекашад.

Дар вақти масҳ кафи дасташро ба тамоми рӯй, ки дар таҳорат шустанаш фарз буд, мерасонад. Баъд аз ин бори дигар дастҳои худро ба он чизи пок зада, дасти росташро аз сари ангуштон то охири оринҷ бо дасти чап ва баъд дасти чапашро бо дасти рост, ҳамчунин масҳ мекашад.

таяммум тайамум точики

Бо як таяммум ҳар намозеро, ки бихоҳад, мегузорад (чи нафл бошад, чи фарз).

Ҳар чӣ, ки таҳоратро мешиканад, таяммумро низ мешиканад. Инчунин қодир шудан бар об ва қодир шудан бар истеъмоли об таяммумро мешиканад. (Яъне ҳангоми ёфтани об таяммум мешиканад.)

Дигар маводҳо:


таяммум точики, тайаммум, таямум, таяммум, дониш су, суйи дониш

Мақолаи қаблӣҲаҷ. Фарз ва воҷиботи ҳаҷ (зиёрати Хонаи Худо)
Мақолаи баъдӣҒусл. Нияти гусл. Тарзи гусл кардан

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед