Табрикнома барои Иди Курбон (шеър, расм)

0

Иди Курбон муборак! Дар ин саҳифаи табрикнома барои Иди Курбон, Шеър дар васфи Иди Курбон ва расм – картинка оварда мешавад. Иди Курбон Муборак – сомонаи www.DONISH.su >>

Иди қурбон шуд, биё, ошиқкушӣ бунёд кун,
Дардмандонро ба марги нав муборакбод кун!

Гуфтаӣ: “Дар дини мо расми фаромӯшӣ хатост”.
Чун кунӣ аз мо фаромӯш, ин суханро ёд кун!

Бо ман оғози такаллум* кардию бехуд шудам,
То зи аввал бишнавам, бори дигар оғоз кун!*

Зинҳор, эй дил, чу он султони хубон даррасад,
Ҳоли моро арза деҳ, гар нашнавад, фарёд кун!

Эй фалак з-он сангҳо гар нақши Ширин канда шуд,
Гар тавонӣ, зеби рӯи турбати Фарҳод кун.

Тарки ҷон гуфтему бедодат ҳанӯз охир нашуд,
Охир, эй султони хубон, тарки ин бедод кун!

~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~

Такаллум – сухан гуфтан, гап задан.
Оғоз кардан – сар кардан, шурӯъ намудан.


Иди Курбон муборак!
Иди Курбон муборак!

Ҳамватанони азиз!

Иди Қурбон, ёдномаи беҳамтои Иброҳим Халилуллоҳ ва фарзандаш Исмоил аст. Қурбон, ёдбуди  Иброҳиму Исмоил, пирӯзии онҳо дар имтиҳони Худо  ва мӯъҷизаю  меҳрубонии зоти Ҳақ аст. Яъне ин ид, иди бандагӣ ва нуқтаи оғози он итоати маҳзи ҳазрати Иброҳим аз фармони Парвардигор ва таслим шудани ҳазрати Исмоил нисбат ба амри Худованд мебошад.

Азҳо, ҷашни раҳоӣ аз асорати нафс ва ҷашни сарсупурдагию бандагист.

Ҳамдиёрони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром фаро расидани ин Иди бузург, иди танинандоз шудани навои итоат, дурахшиши зеботарин ҷилваҳои бандагӣ дар баробари Холиқи якторо, ба якояки Шумо самимона табрик мегӯем. Ба Шумо ҷуръату сарбаландии Иброҳим, сабру тоқати Исмоил, умедворию тамкини Ҳоҷар, атри арафа ва хайру баракати иди бузурги Қурбонро таманно дорем.

Иди Қурбон намоди бузургтарин ҷашни раҳоии инсон аз васвасаи шайтон, иди имону имтиҳон, иди ийсору эҳсон, иди қурбату қурбон, иди Халили Раҳмон, иди шикасти шайтон бар хонаводаи мӯҳтараматон муборак бод.

Зиндагиятон ба зебогии гулистони Иброҳим ва покии чашмаи замзам мусаффо бод.

Бошад, ки  Худованди мутаъол ибодат ва қурбониҳои ҳамаи Шуморо қабул фармояд, ранҷу ғамро аз шумо дур созад ва мушкилоти иқтисодиатонро бартараф намояд.

Бигзор ғамҳоятон қурбони шодиҳоятон шаванд.???


Табрикнома бо сухан ва шеър дар ин саҳифа >> ИДИ КУРБОН МУБОРАК 2024

Мақолаи қаблӣШаби кадр (Лайлатул қадр) 2024
Мақолаи баъдӣТакбири ташрик (арафа, пеш аз иди Курбон)