Ҳар чи ҳаст аз баландию пастӣ …

0

Ҳар чи ҳаст аз баландию пастӣ
Ҳама з-у ёфт сурати ҳастӣ.


БАЁНИ МАЪНО

Ҳар чизе дар олами ҳастӣ дар гузашта вуҷуд дошт ва ё дар ҳолати кунунӣ вуҷуд дорад ва ё дар оянда по ба  арсаи вуҷуд биниҳад, хоҳ он хайр бошад ё шар, хурсандӣ бошад ё мусибат, иззат бошад ё зиллат, осон бошад ё мушкил, зебо бошад ё зишт, куфр бошад ё имон, тоъат бошад ё маъсият, покдоманӣ бошад ё рӯсиёҳӣ, сарватмандӣ бошад ё фақирӣ, саломатӣ бошад ё беморӣ, подшоҳӣ бошад ё гадоӣ, саъодатмандӣ бошад ё бадбахтӣ ва ғайраву ҳоказо холиқу офаранда, молику бахшанда ва тадбиру тақдиркунандааш дар олам Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло аст.


БАЁНИ ДАЛЕЛҲО

Агар пурсанд, ки бо кадом далел Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло холиқу тақдиркунандаи ҳамаи ин умур аст?

Ҷавоб мегӯем, ки дар ин мавзӯъ Аллоҳ таоло оятҳои фаровоне нозил кардааст, ки баъзе он оятҳо чунин мебошад:

1-Аммо далели офарандаи тамоми мавҷудот будани Аллоҳ толо ояти 62 сураи “Зумар” аст, ки дар он чунин фармудааст

{اللَّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ } (الزمر: 62)

“Аллоҳ офарандаи ҳама чиз аст ва Ӯ бар ҳама чиз нигаҳбон аст”.

2- Аммо далели тамои ашёро бо тақдир, яъне бо андоза ва сарнавишт офаридани Аллоҳ таоло ояти 49 сураи “Қамар” аст:

{إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ } )القمر: 49(

“Ҳамоно мо ҳама чизро бо андоза офаридаем”.

Дар ояти дуввуми сураи “Фурқон” чунин фармудааст:

{وَخَلَقَ كُلَّ شَيْءٍ فَقَدَّرَهُ تَقْدِيرًا } (الفرقان: 2)

“Ва ҳама чизро офарид, пас онҳоро андоза ва сарнавишт муқарар кард”.

Ин андозаи муқараркардаи Аллоҳ таоло тақдиру сарнавишт барои ҳамаи мавҷудот ва оқибати сарнавишти онҳост, ки тибқи он ба олами вуҷуд меоянд ва дар асоси он ҳаёту зиндагӣ мекунанд ва саранҷом ба оқибати ширин ё талхи дар он сабтшуда рӯ ба рӯ мешаванд.

3- Аммо далели саъодатмандкунанда ва бадбахткунанда будани Аллоҳ таоло ояти 93 сураи “Наҳл” аст, ки дар он чунин гуфтааст:

{وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَجَعَلَكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَلَكِنْ يُضِلُّ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ..} )النحل: 93(

“Ва агар Аллоҳ мехост шуморо уммати воҳид мегардонид, валекин гумроҳ мекунад ҳар киро бихоҳад ва ҳидоят мекунад ҳаркиро бихоҳад….”.

Ҳеҷ шакке нест, ки Аллоҳ таоло барои аҳли имону амал ва барои касони тавбаву надоматкунандаи аз куфру ширк, ки лоиқи ҳидоятанд, саъодатмандиро мехоҳад ва гумроҳиро барои касоне мехоҳад, ки лоиқи гумроҳӣ мебошанд. Чуноне дар ояти 27 сураи “Раъд” мефармояд:

{قُلْ إِنَّ اللَّهَ يُضِلُّ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي إِلَيْهِ مَنْ أَنَابَ} )الرعد: 27(

“Бигӯ: Аллоҳ ҳар касеро бихоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар касеро, ки тавба кунад ба сӯи худаш ҳидоят мекунад”.

4. Аммо далел аз ҷониби Аллоҳ таоло будани хурсандиҳо ва мусибатҳо ояти 78 сураи “Нисо” аст, ки дар он Аллоҳ таоло чунин фармудааст:

{وَإِنْ تُصِبْهُمْ حَسَنَةٌ يَقُولُوا هَذِهِ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ وَإِنْ تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌ يَقُولُوا هَذِهِ مِنْ عِنْدِكَ قُلْ كُلٌّ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ} )النساء: 78(

“Ва агар хӯбие ба онҳо бирасад мегӯянд, ки аз ҷониби Аллоҳ аст ва агар бадие ба онон бирасад мегӯянд, ки аз ҷониби ту аст. Бигӯ: Ҳамаи инҳо аз ҷониби Аллоҳ аст”.

5. Аммо далели аз ҷониби Аллоҳ будани куфру имон ин аст, ки ихтиёри куфр ё имон аз амали бандагон аст ва Аллоҳ таоло холиқи амалҳои бандагонаш мебошад. Чуноне дар ояти 96 сураи “Соффот” мефармояд:

{وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ وَمَا تَعْمَلُونَ } (الصافات: 96)

“Ва Аллоҳ шуморо ва ончиро шумо анҷом медиҳед офаридааст”.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣМалику Сонеъу Қадиму Ҳалим … (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣТоъати Ӯст фарзу айн шуда … (шарҳи Чоркитоб)