Малику Сонеъу Қадиму Ҳалим
Холиқу Розиқу Рауфу Раҳим.
БАЁНИ МАЪНО
Он Худои бешарику беҳамто, ки бо номи бузурги Ӯ оғоз мекунем бо камоли қудраташ замину осмонро бо як амраш офаридааст ва сифатҳои бемислу монади бисёре дорад, ки баъзе онҳо чунин мебошанд:
1-Малик, яъне подшоҳи мутлақи мардум дар ду олам.
2-Сонеъ, яъне пайдокунандаи тамоми ашёи мавҷуд.
3-Қадим, яъне вуҷудаш ибтидо ва интиҳо надорад.
4-Ҳалим, яъне сабуру бурдбор.
5-Холиқ, яъне офаранда.
6-Розиқ, яъне ризқу рӯзидиҳанда.
7-Рауф, яъне мушфиқу меҳрубон.
8- Раҳим, яъне бахшояндаи бениҳоят бо раҳм.
БАЁНИ ДАЛЕЛҲО
1- Агар пурсанд, ки бо кадом далел шумо мегӯед, ки Аллоҳ таъоло ба сифатҳои мазкур мавсуф мебошад?
Ҷавоб мегӯем, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аз бо сифатҳо мазкур ва ғайри онҳо мавсуф будани Зоташ дар Қуръони ҳаким ва суннати Набии карим (с) хабар додааст:
1. Дар мавриди “Малик”, яъне подшоҳи мутлақи мардумон будани Аллоҳ таъоло аз ҷумла дар ояти дуввуми сураи “Аннос” чунин фармудааст:
{مَلِكِ النَّاسِ} (الناس: 2)
“Подшоҳи мардумон”.
2. Дар мавриди “Сонеъ”, яъне офарандаи ашёе, ки қаблан вуҷуд надоштаанд будани Аллоҳ таоло дар ояти 88 сураи“Аннамл”чунин гуфтааст:
{صُنْعَ اللَّهِ الَّذِي أَتْقَنَ كُلَّ شَيْءٍ} (النمل: 88)
“Офариниши он Худое, ки ҳама чизро дар камоли устуворӣ офаридааст”.
3. Аммо дар мавриди мавсуф ба қадим буданаш дар Қуръон бо лафзи қадим, яъне Зоти бидуни ибтидо ва бидуни интиҳо буданаш Аллоҳ таъоло хабар надодааст, валекин бо дигар лафзи ба маънои қадим хабар додааст. Чуноне дар ояти савуми сураи “Ҳадид” мефармояд:
{هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ} (الحديد: 3)
“Ӯ Аввал ва Охир ва Зоҳир ва Ботин аст ва ба ҳама чиз доност”.
Дар ҳадиси саҳеҳ Пайғамбар (с) дар дуои даромадани масҷид султонии Аллоҳ таолоро бо қадим будан сифат кардааст. Чуноне мефармояд:
«أَعُوذُ بِاللَّهِ الْعَظِيمِ،وَبِوَجْهِهِ الْكَرِيمِ،وَسُلْطَانِهِ الْقَدِيمِ،مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ». (كذا في سنن أبي داود -1/ 127/466 – عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرِو بْنِ الْعَاصِ، وحكم المحقق: صحيح).
“Паноҳ мебарам ба Аллоҳи бузург ва ба рӯи билокайфи каримаш ва ба султонии қадимаш, аз шарри шайтони раҷим”.
Аммо дар ҳадиси “Асмои ҳусно” сароҳатан Зоти Аллоҳ таъоро қадим гуфта шудааст, валекин баъзе уламо санади ҳадисро аз бунёдаш заъиф гуфтаанд ва баъзе дигар уламо санади ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд ва танҳо зикри асмои ҳусноро дар он заъиф ҳукм кардаанд ва ё зикри асмои ҳусноро дар он тафсире аз қавли ровии ҳадис гуфтаанд. Лафзи ҳадиси мазкур чунин аст:
“التَّامُّ،الْقَدِيمُ،الْوِتْرُ،الْأَحَدُ،الصَّمَدُ”. (كذا في سنن ابن ماجه -2/ 1269:وحكم المحقق: صحيح دون عد الاسماء”. وقال البوصيري (المتوفى: 840هـ) في مصباح الزجاجة 4/ 148: وَإسْنَاد طَرِيق ابْن مَاجَه ضَعِيف لضعف عبد الْملك بن مُحَمَّد الصَّنْعَانِيّ”. ورواه الحاكم في المستدرك -1/ 63: وفي التعليق – من تلخيص الذهبي: 42 – بل ضعفوه يعني عبد العزيز بن حصين الترجمان).
“Аттом, Алқадим, Алвитр, Ал-аҳад, Ассамад”.
4. Аммо дар мавриди ҳалим, яъне сабуру бурдбор буданаш дар ояти 155 сураи “Оли Имрон” чунин хабар додааст:
{إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ حَلِيمٌ} (آل عمران: 155)
“Ҳамоно Аллоҳ омурзандаи бурдбор аст”.
5. Аммо дар мавриди холиқ, яъне офарандаи ҳамаи мавҷудот буданаш дар ояти 62 сураи “Зумар” чунин хабар додааст:
{اللَّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ } (الزمر: 62)
“Аллоҳ офарандаи ҳама чиз аст ва Ӯ бар ҳама чиз нигаҳбон аст”.
6. Аммо дар мавриди розиқ, яъне рӯзидиҳанда буданаш Аллоҳ таоло дар ояти 58 сураи “Зориёт” чунин гуфтааст:
{إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ} (الذاريات: 58)
“Ҳамоно Аллоҳ, Ӯ рӯзирасони дорои қуввати устувор аст”.
7. Аммо дар мавриди рауф, яъне мушфиқу меҳрубон буданаш Аллоҳ таъоло дар ояти 207 сураи “Бақара” чунин хабар додааст:
{وَاللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ} (البقرة: 207)
“Ва Аллоҳ нисбат ба бандагон мушфиқу меҳрубон аст”.
8. Аммо дар мавриди раҳим, яъне бахшояндаи бениҳоят бо раҳм буданаш, ки аз меҳрубонияш хабар медиҳад, Аллоҳ таъоло дар ояти 12 сураи “Ҳуҷурот” чунин гуфтааст:
{إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَحِيمٌ } (الحجرات: 12)
“Ҳамоно Аллоҳ бисёр тавбапазири бениҳоят бо раҳм аст”.
САВОЛИ МУҲИМ
Агар пурсанд, ки чаро бидуни истинод ба ояту ҳадиси саҳеҳ ҳеҷ исмеро ба Аллоҳ таъоло нисбат додан дуруст нест?
Ҷавоб мегӯем, ки аз чанд ҷиҳат чунин аст:
1. Донистани исмҳои Аллоҳ таоло аз ҷумлаи масъалаҳои эътиқодӣ мебошад ва масъалаҳои эътиқодӣ тавқифӣ буда, донистани онҳо мавқуф ба Қуръон ва Суннат аст. Зеро масдари масоили эътиқодӣ танҳо Қуръон ва Суннат аст. Дар ин мавзӯъ Имом Абулҳасани Баздавӣ чунин гуфтааст:
“وفي كشف الأسرار شرح أصول البزدوي -1/ 7: قَالَ الشَّيْخُ الْإِمَامُ الْأَجَلُّ الزَّاهِدُ أَبُو الْحَسَنِ عَلِيُّ بْنُ مُحَمَّدٍ الْبَزْدَوِيُّ – رَحِمَهُ اللَّهُ -: الْعِلْمُ نَوْعَانِ: عِلْمُ التَّوْحِيدِ وَالصِّفَاتِ وَعِلْمُ الشَّرَائِعِ وَالْأَحْكَامِ وَالْأَصْلُ فِي النَّوْعِ الْأَوَّلِ هُوَ التَّمَسُّكُ بِالْكِتَابِ وَالسُّنَّةِ وَمُجَانَبَةُ الْهَوَى وَالْبِدْعَةِ وَلُزُومُ طَرِيقِ السُّنَّةِ وَالْجَمَاعَةِ الَّذِي كَانَ عَلَيْهِ الصَّحَابَةُ وَالتَّابِعُونَ وَمَضَى عَلَيْهِ الصَّالِحُونَ وَهُوَ الَّذِي كَانَ عَلَيْهِ أَدْرَكْنَا مَشَايِخَنَا، وَكَانَ عَلَى ذَلِكَ سَلَفُنَا أَعْنِي أَبَا حَنِيفَةَ وَأَبَا يُوسُفَ وَمُحَمَّدًا وَعَامَّةَ أَصْحَابِهِمْ – رَحِمَهُمُ اللَّهُ “. (وفي الأعلام للزركلي -4/ 328- البَزْدَوي –(400 – 482 هـ = 1010 – 1089 م) علي بن محمد بن الحسين بن عبد الكريم، أَبو الحسن، فخر الإسلام البزدوي: فقيه أصولي، بمن أكابر الحنفية. من سكان سمرقند، نسبته إلى ” بزدة ” قلعة بقرب نسف. له تصانيف، منها ” المبسوط – خ ” كبير، و ” كنز الوصول ” في أصول الفقه، يعرف بأصول البزدوي، و ” تفسير القرآن ” كبير جدا، و ” غناء الفقهاء ” في الفقه).
“Илми шариъат ду навъ мешавад: 1- Илми тавҳид ва сифот. 2- Илми шароеъ ва аҳком. Асл дар навъи аввал, яъне дар илми тавҳид ва сифот чанг задан ба Қуръон ва Суннат ва иҷтиноб кардан аз ҳаво ва бидъат ва лозим донистани пайравӣ аз тариқаи аҳли суннат ва ҷамоъат аст, ки асҳоби киром ва тобеъини изом ва солеҳони гузашта бар он буданд. Мо машоихи худамонро, яъне имомони баъди се имоми аввали мазҳаби ҳанафиро бар ҳамин тариқа дида будем ва гузаштагонамон, яъне имомон Абуҳанифа, Абуюсуф, Муҳаммад ва аксари ёронашон бар ҳамин тариқа буданд”.
2. Аллоҳ таъоло дар ояти 33 сураи “Аъроф” нисбат додани чизеро ба Аллоҳ таоло, ки кас далелашро намедонад, ҳаром кардааст. Чуноне мефармояд:
{قُلْ إِنَّمَا حَرَّمَ رَبِّيَ الْفَوَاحِشَ مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَمَا بَطَنَ وَالْإِثْمَ وَالْبَغْيَ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَأَنْ تُشْرِكُوا بِاللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا وَأَنْ تَقُولُوا عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ} (الأعراف: 33)
“Бигӯ: Парвардигорам фақат зишткориҳои ошкору пинҳонро ва гуноҳу ситами ба ноҳақро ва чизеро бо Аллоҳ шарику ҳамто қарор бидиҳед, ки далеле бар он нозил накардааст ва чизеро ба Аллоҳ нисбат бидиҳед, ки намедонед, ҳаром кардааст”.
3. Имом Абуҳанифа дар бораи ҳазар намудан аз гуфтани чизе аз пеши худ дар мавриди зоти Аллоҳ таъоло, чунин гуфтааст:
“عَنْ أَبِي حَنِيفَةَ رَحِمَهُ اللَّهُ، أَنَّهُ قَالَ: لَا يَنْبَغِي لِأَحَدٍ أَنْ يَنْطِقَ فِي ذَاتِ اللَّهِ بِشَيْءٍ، بَلْ يَصِفُهُ بِمَا وَصَفَ بِهِ نَفْسَهُ”.(شرح العقيدة الطحاوية 2/427 .وجلاء العينين ص368).
“Барои ҳеҷ касе лоиқ нест, ки дар бораи зоти Аллоҳ чизе аз пеши худ бигӯяд, балки бояд Аллоҳ таолоро ба ончи сифат бикунад, ки Ӯ таъоло Зоташро худаш ба он сифат кардааст”.


