Дар ин мақола маълумот дар бораи Иди Рамазон, санаи дақиқи Иди Рамазон барои соли 2025, тарзи хондани намози Иди Рамазон ва нияти Иди Рамазон оварда мешаванд. То охир мутолиа намоед!
Иди Фитр идест, ки ба охири моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Дар рӯзи иди Рамазон намози ид хонда мешавад. Хондани намози иди Рамазон воҷиб мебошад. Ин намози ҷамъиятии асосан мардона буда дар масҷид субҳидам пас аз ба итмом расидани моҳи шарифи Рамазон – яъне дар субҳи якуми моҳи Шаввол хонда мешавад.
Бар асоси қарори Шӯрои уламо, имсол (2025) намози иди Рамазон рӯзи 30-юми март соати 6:45 дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон хонда мешавад.
Тарзи хондани НАМОЗИ ИДИ РАМАЗОН
Тарзи хондани намози Иди Рамазон чунин аст:
Нияти намози иди Рамазон
Ният кардам, бигузорам, ду ракаат намози иди Рамазон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.
Ракаъати аввал
Сано (Субҳонакаллоҳума) хонда, се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар гуфта, баъдан сураи Фотиҳа ва замми сура карда ба саҷда меравед. Рукуъ ва саҷда мисли дигар намозҳои дуракаъата иҷро карда мешавад.
Ракаъати дуюм
Пас аз саҷда бархеста сураи Фотиҳа ва замми сура мекунед. Пеш аз оне ки ба саҷда меравед се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар мегӯед. Чорум маротиба Аллоҳу Акбар гуфта ба рукуъ меравед ва рукуъ ва саҷда мекунед.
Дар нишаст мисли дигар намозҳо Аттаҳиёт ва салавотҳоро хонда, Аллоҳумағфирлиро мехонед ва ба ду тараф салом медиҳед ва дуо мекунед. Дуои баъди намозро метавонед инҷо хонед: Дуо ва тасбеҳоти баъди намоз <<
Баъди адои намоз мардҳо аввал ба хонаҳое, мераванд, ки наздиконашон ҳамон сол фавтида бошад. Дар он ҷо рафта дуову фотиҳа карда, аз Қуръони карим оятҳо қироат мекунанд. Сипас ба аёдати беморон ва пиронсолони маҳалла, ба хонаҳои наздикон ва хешу ақрабо рафта, онҳоро бо ид табрик мегӯянд ва ба арвоҳи гузаштагон ояту дуоҳо мехонанд.
Дигар маводҳо: |
иди рамазон иди рамазон 2025 иди рамазон муборак намози иди рамазон иди шарифи рамазон картинка иди рамазон хутбаи иди рамазон иди рамазон 2025 точикистон иди рамазон кай хутбаи намози иди рамазон нияти иди рамазон