Дарахтони роҳгард

0

Тасаввур кардан душвор бошад ҳам, дар ҷангалҳои тропикии Эквадор “нахлҳои роҳгард” аз оилаи Socratea месабзанд, ки метавонанд дар рӯи замин ҳаракат карда, соле то 20 метр масофаро тай созанд.

Албатта, ҳаракати онҳо бағоят суст аст: ҳар кадоми ин қабил дарахт рӯзе 2 – 3 сантиметр “роҳ меравад”.

“Вақте хоки зери нахл беқувват мешавад, решаҳои дарози он дар ҷустуҷӯи хоки нави серғизо мешаванд, – мегӯяд палеобиолог Петер Врсански аз Академияи илмҳои Словакия. – Бо пайдо кардани ҷойи мувофиқ решаҳои нав ба хок фурӯ мераванд.

Дарахт бошад, оҳиста ҷониби онҳо хамида, тадриҷан решаҳои куҳнаашро аз замин берун мекашад. Муҳлати кӯчидани нахлҳо ба ҷои нави бештар офтобӣ ва серғизо метавонад чанд сол тӯл кашад”.

Мақолаи қаблӣДуои раҳоӣ ёфтан аз изтироб ва ларзаҳои қалбӣ
Мақолаи баъдӣЧой фишори хун (давлений)-ро паст мекунад

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед