Иҷҳози ҷанин (аборт) аз нигоҳи Ислом

0

Аборт кардани тифли дар батнбуда оё иҷозат аст? Маълумоти муфассал дар ин мақола аз сомонаи www.DONISH.su >>

Аборт аз нигоҳи Ислом


Иҷҳози ҷанин аз дидгоҳи фиқҳи Исломӣ

Иҷҳоз дар луғат ба маънои исқоти ҳамл ва ноқисулхилқат (нотамом) ва ё ноқисулмуддат (пеш аз вақт) партофтани ҷанин аст. Корбурди он дар истилоҳи шаръ низ аз ин маъно берун набудааст.

Иҷҳоз ё пас аз истиқрори нутфа дар раҳми модар ва пеш аз дамида шудани руҳ дар он сурат мегирад ва ё пас аз дамидани руҳ. Руҳ дар ҷанин пас аз рушди чандмарҳалаии он ва расидан ба тамоми хилқат дамида мешавад ва он бино ба фармудаи расули Худо (с) дар ҳадиси саҳеҳе, ки аз Ибни Масъуд (р) ба таври марфуъ ривоят шуда, пас аз гузашти саду бист рӯз аз рӯзи истиқрори нутфа дар раҳм сурат мегирад. «Хилқат (офариниш)-и ҳар кадоме аз шумо дар батни модараш ба муддати чиҳил рӯз ба шакли нутфа ҷамъ оварда мешавад (таквин дода мешавад), он гоҳ ба мисли он алақа (хуни баста ва мавҷуде шулукмонанд), он гоҳ ба мисли он гӯштпорае мебошад. Пас аз он фаришта фиристода мешавад ва дар вай руҳ медамад…» (Саҳеҳи Бухорӣ, 3208, 3332, 6594, 7454; Саҳеҳи Муслим, 6665 (2643)-1).

1. Бинобар ин, иҷҳози ҷанин пас аз дамида шудани руҳ бо иттифоқи тамоми аимма ҳаром аст, қатли нафс ба шумор меравад ва бар сабабгори он ғирра – бахше аз дия воҷиб мегардад. Ҳатто агар нигаҳ доштани он ба ҳаёти модар хатаре эҷод намояд ва бими ҳалокаташ пеш ояд ҳам иҷҳози он ба тариқи пора сохтан ҷоиз нест. Аммо агар ҷанин мурда бошад, иҷҳози он бо пора сохтан ҳам ҷоиз аст (Раддулмуҳтор. – Ҷ. 3. – С. 171, 172). Ва агар иҷҳози он мушкил гардад, пас бояд ба тариқи амалия ҷарроҳӣ (қайсарӣ) – чок кардани паҳлӯи чапаш берун оварда шавад.

Аз назари таълимоти Ислом нафси инсон маъсум ва дорои мақоме аст, ки қатли он ба ҳеҷ ваҷҳ, ба ҷуз мавридҳои пешбинишуда дар қонуни ҷиноӣ ҷоиз нест, балки баръакс ҳифзи нафс ва ҷони одамӣ яке аз куллиёти панҷгонаи мавриди ҳимояти қонун дониста шудааст. Қуръони карим мефармояд: «…ва ҳеҷ нафсро макушед, ки Худо [куштанашро] ҳаром сохтааст, магар ба ҳақ!» (сураи Анъом, 6: 151; сураи Исро, 17: 33). Фақеҳони киром ин фармудаи шаръро шомили ҳаёти ҷанин низ дониста ва қатли онро ба тариқи иҷҳоз ҳам ҷоиз нашуморидаанд, ба ин маъно, ки иҷҳоз, ба хусус пас аз марҳалаи дамида шудани руҳ дар ҷанин қатли нафси шаръан маъсум ба шумор меравад.

Иҷҳози ҷанини зиндаро гарчанде ҳалокати модар аниқ ва муҳаққақ бошад ҳам, фақеҳони мутақаддим ҷоиз надонистаад, вале дар ал-Мавсуату-л-фиқҳияту-л-кувайтия (Ҷ. 2. – С. 57) онро дар ин ҳолат ҷоиз дониста, пас аз зикри назари фақеҳон ва шиддати эҳтимоми онҳо ба ҳаёти ҷанин дар поварақӣ овардааст: Кумита (-и мураттибони Мав¬суа) бар ин назараст, ки фақеҳон ба ҳаёти ҷанин чандон эҳтимом вар¬зидаанд, ки ба назар мерасад қариб ҳаёти модарро барои ҳифзи он фидо кардаанд. Вале беҳтар он аст, ки вақте боқӣ мондани ҷанин ба¬рои ҳаёти модар хатар эҷод намояд, онро фидои модар намоянд, зеро вай асл аст ва дар сурати қурбон шудани ӯ тифл ҳам зинда намемонад.

2. Дар бораи иҷҳоз пеш аз дамида шудани рӯҳ – қабл аз чаҳормоҳагии ҷанин ба сабаби набудани насси сареҳе дар ин бора, ҳатто дар байни уламои як мазҳаб ақволи гуногун ва назароти мухталиф вуҷуд дорад, вале қавли муътамад дар назди бузургони аҳноф он аст, ки дар ҳолати зарурат ва бо узр ҷоиз аст, вале бе узр ҳалол – ҷоиз нест. Яке аз ин узрҳо ба гуфтаи Ибни Ваҳбон (фақеҳ ва адиби ҳанафимазҳабаб, аз аҳли Ҳамот ва қозиюлқузоти шаҳри Димишқ (тав. қабл аз соли 730 ./1329 м., ваф. 768 ҳ./1366 м.) хушк шудани шири зани ширдеҳ аст, вақте падараш имкони пардохти музди кирояи дояеро надошта бошад.

Назди аиммаи моликӣ, назари муътабари шофеӣ ва ҳанбалӣ иҷҳоз пеш дамидани руҳ низ бе ҳеҷ мубаррири шаръӣ ва зарурат бо он тафосиле, ки дар матнҳои фиқҳиашон омадааст, ҳаром аст, хоҳ ҷанин дар марҳалаи нутфа бошад, хоҳ алақа, зеро ҳамон нутфа ва алақа аст, ки дар марҳалаҳои оянда дар он руҳ дамида мешавад.

Бино ба фармудаи Қуръон ва суннат нутфаи мард пас аз омехтан ба тухмҳуҷайраи зан – нутфаи амшоҷ (сураи “Инсон”, ояти 2) бо дафқ ғел хӯрда (сураи “Ториқ”, ояти 6) аз тариқи шабакаҳои хоссе – трубкаҳои васл ба раҳми зан интиқол ме¬ёбад ва пас аз ҷой гирифтан дар он, ки дар Қуръон аз он бо қарори ма¬кин – оромгоҳи устувор (“Муъминун”, ояти 13, “Мурсалот”, ояти 21) таъбир шудааст, чаҳор мар¬ҳалаи асосиро аз сар мегузаронад: 1. Марҳалаи нутфа, ки чиҳил рӯз давом меёбад, 2. Марҳалаи алақа, ки он низ чиҳил рӯз идома меёбад, 3. Марҳалаи музға – гӯштпора, ки он ҳам ба муддати чиҳил рӯз идома меёбад (“Ҳаҷ”, ояти 5, “Муъминун”, ояти 14), дар поёни ин марҳала устухонҳояш шакл мегиранд ва ба онҳо ба таври комил гӯшт пӯшонида мешавад – ҳайкал ва склети ҷисмониаш ба вуҷуд меояд, он гоҳ дар вай руҳ дамида мешавад ва ба сурати мавҷуди зинда ҳаёти органикиро дар батни модар оғоз мекунад (“Муъминун”, ояти 14). Писар ва ё духтар шудани он – таъйини ҷинси вай ба нутфаи мард вобастагӣ дорад (“Наҷм”, оятҳои 45, 46) ва пас аз поёни марҳалаи аввал – нутфагӣ ҷанин ба алақа – мавҷуди шулукмонанде табдил мешавад, ки аксари таркиби онро хун ташкил медиҳад. Пас аз чиҳил рӯз – пас аз поёни давраи аввал бино ба фармудаи расули Худо (с) фариштае фиристода мешавад ва ба вай сурат мебахшад, чашму гӯш ва гӯшту устухонҳояшро ба вуҷуд меоварад: «Вақте 42 рӯз (аз қарор гирифтани нутфа дар раҳм), дар ривояте 40 рӯз ва дар ривояти дигаре 45 рӯз гузашт, Худо фариштаеро ба назди вай мефиристад, ки ба ӯ сурат мебахшад ва шунавоӣ, биноӣ, пӯст, гӯшт ва устухонҳояшро ба вуҷуд меоварад…» (Саҳеҳи Муслим, 6667-70 (2644-45)-2-4).  Дар ин аҳодис давраи зуҳур ё фиристода шудани фаришта ба назди ҷанин дар 40, 42 ва 45-рӯзагӣ зикр шудааст, ки дар маҷмуъ ба поёни марҳалаи аввал ва оғози марҳалаи дуюми мавҷудияти ҷанин дар батни модар ишора мекунанд. Яъне пайдоиши узвҳо ва устухонбандиаш шуруъ мешавад ва то поёни марҳалаи сеюм – гӯштпора хилқаташ то ҷое комил мегардад. Бар асоси маҷмуаи оятҳое, ки дар бораи такомули тадриҷии нутфа ва марҳалаҳои рушди ҷанини одам аз лаҳзаи бордоршавии тухмҳуҷайраи зан бо нутфаи мард то давраи вилодати кӯдак сухан мегӯянд, он панҷ марҳалаи асосӣ ва замонбандишудаеро аз сар мегузаронад:

1. Марҳалаи бордоршавии тухмҳуҷайраи зан бо нутфаи мард ва ворид шудани нутфаи бордоршуда ба раҳми зан. Дар ин марҳала нутфаи манавии мард бо тухмҳуҷайраи зан дар хориҷи тухмдон пеш ва ё дар аснои ворид шудан ба найчаҳои пайваста ба раҳм (трубкаҳо) ба њам меомезанд, он гоҳ нутфаи баҳамомехта – қаблан бордоршуда ва ба таъбири Қуръон амшоҷ вориди яке аз найчаҳо мегардад ва бо дафқ ғел хӯрда ба раҳм меравад ва дар он ҷой мегирад. Ин амалия ҳудудан ҳашт рӯз идома меёбад, се рӯз дар имтидоди найча ба сайри худ идома медиҳад ва панҷ рӯзи дигар дар дохили раҳм шиновар боқӣ мемонад. Пас аз он дар рӯзи ҳаштум ба девори раҳм мечаспад.

Аз ин тафсил фарқи ҷанин дар се давраи аввал аз давраи чаҳорумаш ба хубӣ равшан мегардад ва фақеҳони киром бо ҳамин дақиқӣ ба марҳалаҳои гуногуни рушди он таваҷҷуҳ кардаанд ва иҷҳози онро пас аз шуруъи давраи чаҳорум, ки дар он руҳ дамида мешавад, ҳаром ва қатли нафси зинда донистаанд, вале онро дар се давраи қаблӣ бо назардошти заруратҳо ва ҳолатҳои истисноӣ бо он тафсиле, ки дар китобҳои фиқҳии мазоҳиб зикр гардида, иҷозат додаанд.

3. Бар ҳамин асос аз назари оммаи фақеҳон исқоти ҷанин пас аз дамида шудани руҳ, агар мурда берун ояд ва назди имом Молик (рҳ) ҳатто дар марҳалаи нутфа ва алақа будан ҳам агар ба худ сурати одам гирифта бошад, ҷиноят бар ҳаёти вай ба шумор рафта бар сабабгори он ғирра – товон ва ғаромате ба андозаи нисфи ушри дияи комил, ки ба панҷоҳ динор ва ё панҷсад дирҳам баробар аст, воҷиб мегардад ва оқила – хонадони шахси сабабгор бояд дар зарфи як сол онро ба соҳиби ҷанин пардохт намояд. Исқоти ҷанин дар ин ҳолат ба ҳар омиле, аз қабили тарсонидан, задан, истифодаи дору ва ғ. ва дар ҳар шакле – амдан ва ё хатаан сурат гирифта бошад, фарқ надорад ва сабабгори он агар худи падар ва ё модар бошад, аз меросаш маҳрум мегардад. Ривоят шуда, ки ду зане аз қабилаи Ҳузайл яке дигарро бар замин андохт ва ӯ ҷанинашро партофт. Расули Худо (с) дар он ба ғирра ҳукм кард (ал-Мавсуату-л-фиқҳияту-л-кувайтия. – Ҷ. 2. – С. 59, ба нақл аз Найлу-л-автори Шавконӣ). Аммо агар зинда берун ояд ва бар асари он бимирад, дияи комил воҷиб мешавад. Аммо сиқти ҷанин – афтодани он, ки ба сабаби бемории модар ва ё иллати дигаре сурат мегирад, дар ҳукми боло шомил намебошад.

4. Исқот ва ё сиқти ҷанине, ки хилқаташ комил гашта ва ё баъзе хилқаташ зоҳир шуда ва ба худ сурати одамӣ гирифта – музғаи мухаллақа гашта бошад, тамоми аҳком ва фуруъи фиқҳӣ, ба мисли тифли комиле, ки бо зоиши табиӣ ба дунё меояд, бо он собит мегарданд: а) зан соҳибнифос мегардад, б) агар талоқ шуда бошад, иддааш ба поён мерасад (зеро иддаи зани бордор вазъ – гузоштани ҳамлаш аст) ва в) пас аз поёни давраи нифосаш ғусл бар вай воҷиб мегардад. Аммо агар ҳанӯз чизе аз хилқаташ зоҳир нашуда бошад – дар марҳалаи нутфа, алақа ва ё музғаи ғайримухаллақа қарор дошта бошад, ҳеҷ гуна аҳкоми фиқҳие бо он собит намешавад – зан пок аст, соҳибнифос ба шумор намеравад ва иддаи талоқ ҳам ба он ҳисоб ва баровард намешавад.

Ҳамчунин талоқе, ки ба вилодат – зоиши зан муаллақ – вобаст карда шудааст, бо сиқт ва ё исқоти ҷанини мухаллақа (баъзе нишонаҳои хилқати одамӣ дар вай зоҳиргашта) воқеъ мешавад ва иддаи зан пас аз он бо қуръ – ба ҳисоби ҳайз поида мешавад, зеро вай аз занони ҳайзбин ба шумор меравад. Дар ин сурат агар ду сиқти ҳамшикам – тавъамайн ба дунё оварад, бо берун шудани сиқти аввал талоқи муаллақ воқеъ мешавад ва бо берун омадани сиқти дуюм иддаи зан ба поён мерасад.

5. Исқоти ҷанини мушавваҳе, ки бо дастгоҳҳои пешрафта ва васоили муосири тиббӣ аз сӯи ҳайати мутахассисони соҳа пешбинӣ шудааст, ки пас аз таваллуд ҳам имкони идомаи ҳаётро надорад, бо қарори Маҷлиси Маҷмаи фиқҳи исломӣ дар Макка дар марҳалаи қабл аз дамида шудани руҳ иҷозат дода шудааст.

6. Бими душвории тарбияи фарзанд, хавфи имрори зиндагӣ ва таъмини ниёзҳои вай, иктифо ба фарзандони мавҷудбуда, ба манзури танзими насл ва дуртар сохтани фосилаи зоиши навбатӣ ва ғ. назди ҷумҳури аимма узрҳои шаръан муваҷҷаҳ ба шумор намераванд ва исқоти ҷанин ба сабаби онҳо пеш аз дамида шудани руҳ ҳам ҷоиз намебошад.

Вале барои нигаҳ доштани фосилаи муайяни синнусолӣ дар байни фарзандон, ҳифзи саломатии модар ва мулоҳазоти дигар фақеҳони киром тадбирҳоеро барои манъи ҳамл пеш аз бордоршавӣ, ба монанди азл – берун рехтани нутфа, истифода аз васоили манъи ҳамл, аз қабили қурсҳои тиббӣ ва ғ. дар доираи маҳдуд ва ба таври муваққат иҷозат додаанд.

 Абдушариф Боқизода

Мақолаи қаблӣИстеъмоли чилим (кальян) ва оқибатҳои ногувори он
Мақолаи баъдӣҚоидаҳои бехатарӣ то заминларза, вақти заминларзаву баъди он