Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ (савол ва посух – саволҳои 48-50). Таълими Ислом бар асоси фикхи мазхаби ханафи (савол ва посух – саволхои 48-50).

Равиши вузӯ
Пурсиши 48: Чӣ гуна бояд вузӯ кард?
Посух: Дар зарфи поке об гирифта, дар ҷои пок нишаста, остинҳоро то болои оринҷҳо боло мекунад. Сипас «Бисмиллоҳ» гуфта, се бор ҳар ду дастро то мафсил (банди даст) мешӯяд. Се бор об дар даҳон карда, аз мисвок истифода мекунад. Он гоҳ се бор об дар бинӣ карда, онро меафшонад ва бо ангушти кӯчаки дасти чап биниро тоза мекунад. Сипас се бор рӯйи хешро мешӯяд, чеҳраашро хуб мемолад ва онро аз болои пешонӣ, яъне ҳамон ҷое, ки мӯй рӯидааст, то зери занах (мана) ва аз ин гӯш то он гӯш мешӯяд. Сипас дастҳоро бо оринҷҳо мешӯяд, нахуст дасти рост ва сипас дасти чап шуста мешавад. Баъдан дастҳоро бо об тар карда, сарро масҳ мекунад. Сипас гӯшҳо ва баъд гарданро як бор масҳ менамояд. Сипас се бор ҳар ду поро, нахуст пои рост ва сипас пои чапро бо шитолинги по мешуст.
Равиши адои намоз
Пурсиши 49: Равиши хондани намоз чӣ гуна аст?
Посух: Равиши хондани намоз ба шарҳи зайл аст:
Нахуст вузӯ кун, либоси покиза бипӯш, дар ҷои поке рӯ ба қибла биист ва нийяти намозро бикун. Ҳар ду дастҳоро то гӯшҳо баланд карда, «Аллоҳу Акбар» бигӯ, дастҳоро дар зери ноф бибанд, дасти ростро болои дасти чап бигузор, бо адабу эҳтироми комил биист, ба ин тараф ва он тараф нигоҳ макун, комилан ба сӯи Худованд мутаваҷҷеҳ бош ва нахуст ин саноро бихон:
«Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука».
Сипас «Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим» ва «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» бигӯ, он гоҳ сураи «Фотиҳа»-ро то охир хонда оҳиста омин бигӯ, сипас сураи «Ихлос» ё дигар сурае хонда, такбир бигӯ ва ба рукӯъ бирав. Дар рукӯъ ҳар ду зонуи хешро бо ҳар ду даст муҳкам бигир ва тасбеҳи рукӯъ «Субҳона Раббиял-Азим»-ро се ё панҷ бор бихон. Сипас «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ» гуфта рост шав ва «Раббано лакал-ҳамд» бигӯ, сипас такбир гуфта, ба саҷда бирав, нахуст ҳар ду зону ва сипас ҳар ду дастро бар замин бигузор, сипас миёни ҳар ду даст, аввал бинӣ ва баъд пешониро бар замин бигузор. Дар саҷда «Субҳона Раббиял-Аъло»-ро се ё панҷ бор бихон. Сипас такбир гуфта сарро аз саҷда бардор ва рост бинишин, боз такбир гуфта, саҷдаи дувумро монанди саҷдаи аввал ба ҷо овар, он гоҳ такбир гуфта, бидуни гузоштани дастҳо бар замин бархез ва рост биист. Дар ракъати дувум «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» гуфта, сураи «Фотиҳа»-ро бо сурае бихон ва ба рукӯъ бирав, қавма ва ҳар ду саҷдаро ба ҷо оварда, сипас бинишин, ташаҳҳуд, дуруд ва дуо бихон, он гоҳ аввал ба самти рост ва баъдан ба самти чап салом бигӯ. То ин ҷо ду ракъат намоз ба поён мерасад.
Пас аз салом ин дуоро бихон:
«Аллоҳумма Антас-Салому ва минкас-салом, таборакта ё Зал-ҷалоли вал-икром».
Дастҳоро баланд карда, дуо бикун, вақте ки аз дуо фориғ шудӣ, ҳар ду дастро бар чеҳраи хеш бимол.
Пурсиши 50: Дар миёни ҳар ду саҷда ба ҳангоми хондани ташаҳҳуд чӣ гуна бояд нишаст?
Посух: Пои ростро рост кунад ва пои чапро густаронида, рӯи он бинишинад, бояд, ки ангуштони пои ростро ба тараф қибла бигардонад, дар ҳоли нишастан ҳар ду дастро бар зонуҳо бигузорад.
Аз китоби “Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ“
Давом дорад …


