Таълими Ислом. Пурсиши‌ 47: Дар намоз чӣ‌ чизе‌ хонда‌ ме‌шавад ва иборати‌ он‌ чӣ гуна‌ аст?

0

Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ (савол ва посух – саволи 47). Таълими Ислом бар асоси фикхи мазхаби ханафи (савол ва посух – саволхои 47).

Таълими ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби Ҳанафӣ
Расм қисман бо ҳушвора сохта шудааст

Пурсишҳои 41-46 – ро инҷо хонед.


Пурсиши‌ 47: Дар намоз чӣ‌ чизе‌ хонда‌ ме‌шавад ва иборати‌ он‌ чӣ гуна‌ аст?

Посух: Аз оғози намоз то анҷоми‌ он он чи‌ хонда‌ ме‌шавад, ба шарҳи‌ зер аст:

Такбир: Аллоҳ Акбар (Худованд аз ҳар чиз бузургтар аст).

Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука».

«Бор Илоҳо! Ба‌ азамат‌ ва тақаддусат‌ эътироф‌ мекунем‌ ва ҳамду санои‌ Туро ме‌гӯям. Номи‌ гиромии‌ Ту бисёр бобаракат‌ аст ва азамату ҷалоли‌ Ту бисёр воло ва ба ҷуз зоти‌ покат ҳеҷ‌ маъбуде‌ шоистаи‌ парастиш‌ нест».

Тааввуз: «Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим».

«Ба‌ Аллоҳ аз шарри шайтон‌и мардуд ва лаъин паноҳ‌ ме‌барам‌».

Тасмия: «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим».

«Ба‌ номи‌ ‌Аллоҳ, ки‌ бисёр бахшоянда‌ ва меҳрубон‌ аст, оғоз ме‌кунам‌».

Тарҷума: «Бигӯ! Ба‌ Парвардигори одамиён‌ паноҳ‌ ме‌барам, подшоҳи‌ одамиён, маъбуди одамиён, аз шарри васваса кунанда,‌ ки‌ дар дил‌ҳои‌ одамиён‌ васваса‌ ме‌кунад, аз ҷинҳо бошад ё аз одамиён».

Рукуъ: Яъне‌ дар ҳоли‌ хам‌ шудан ин тасбеҳро гӯяд‌: «Субҳона Раббиял-Азим».

«Парвардигори бузурги‌ хешро ба покӣ‌ ёд‌ ме‌кунам».

Қавма: Яъне‌ ҳангом‌и бархостан‌ аз рукӯъ ин тасбеҳро‌ гӯяд‌: «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ».

«Худованд ҳамди касеро шунид, ки‌ Ӯро ситоиш‌ ме‌кунад».

Ҳамди қавма:

«Раббано лакал-ҳамд». «Тамоми‌ хубиҳо махсуси‌ Ту ва барои‌ Ту аст».

Саҷда: Яъне‌ дар ҳоли‌ сар бар замин гузоштан‌ тасбеҳ‌ гӯяд:

«Субҳона Раббиял-Аъло». «Парвардигори волои‌ хешро ба покӣ‌ ёд‌ мекунам».

Ташаҳҳуд ё аттаҳийёт:

«Аттаҳийёту лиллоҳи вас-салавоту ват-таййибот, ассалому алайка айюҳан-Набийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, ассалому алайно ва ало ибодиллоҳис-солиҳин, ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу».

Тарҷума:

«Тамоми‌ ибодоти‌ қавлию‌ баданӣ‌ ва молӣ махсуси‌ А‌ллоҳанд. Салом‌ бар Ту эй‌ Паёмбар ва раҳмату баракати‌ ‌Аллоҳ бар Ту бод, салом‌ бар мо ва бар бандагони‌ неки‌ Аллоҳ. Гувоҳӣ‌ ме‌диҳам,‌ ки‌ ба ҷуз ‌Аллоҳ дигар маъбуде нест ва гувоҳӣ‌ ме‌диҳам‌, ки‌ Муҳаммад банда‌ ва расули‌ Аллоҳ аст».

Дуруди шариф:

«Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум Маҷид».

«Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум Маҷид».

Тарҷума:

«Худовандо! Бар Муҳаммад ва оли‌ Муҳаммад раҳмат‌ нозил‌ кун,‌ ҳамон гуна‌ ки‌ бар Иброҳим‌ ва ол‌ Иброҳим‌ раҳмат‌ нозил‌ фармудӣ, ҳамоно Ту ситудашуда‌ ва боазамат‌ ҳастӣ. Худовандо! Бар Муҳаммад ва оли‌ Муҳаммад баракат‌ нозил‌ кун,‌ ҳамон гуна‌ ки‌ бар Иброҳим‌ ва оли Иброҳим‌ баракат‌ нозил‌ фармудӣ,‌ ҳамоно Ту ситудашуда‌ ва боазамат‌ ҳастӣ».

Дуои‌ баъд аз дуруд:

«Аллоҳуммағфир лӣ ва ливолидайя ва лиҷамиъил-муъминина вал-муъминот, вал-муслимина вал-муслимот, ал-аҳёи минҳум вал-амвот».

Тарҷума:

«Худовандо! Маро ва падару модарамро, тамоми мардону занони муъмин ва мардону занони мусулмонро, зиндагону мурдагони онҳоро биомурз».

Салом:

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ».

Тарҷума:

‌«Салом‌ ва раҳмати‌ илоҳӣ‌ бар шумо бод».

Дуои‌ баъд аз намоз:

«Аллоҳумма Антас-Салому ва минкас-салом, таборакта ё Зал-ҷалоли ва-л-икром».

Тарҷума:

«Худоё! Ту саломатидиҳанда‌ ҳастӣ‌ ва саломатӣ‌ аз тарафи‌ Ту хоҳад расид, бобаракат‌ ҳастӣ‌ эй‌ зоти бузургвор ва боазамат!».

Дуои‌ қунут:

«Аллоҳумма инно настаъинука ва настағфирука ва нуъмину бика ва натаваккалу алайка ва нуснӣ алайкал-хайр, нашкурука ва ло накфурука ва нахлаъу ва натруку май-яфҷурук. Аллоҳумма ийёка наъбуду ва лака нусаллӣ ва насҷуду ва илайка насъо ва наҳфиду ва нарҷу раҳматака ва нахшо азобака инна азобака бил-куффори мулҳиқ».

Тарҷума:

«Худовандо! Ҳамоно аз Ту кӯмак‌ ва омурзиш‌ ме‌талабем‌ ва ба‌ Ту имон‌ ме‌орем, бар Ту таваккул‌ ва эътимод ме‌кунем ва Туро бо хубӣ‌ ситоиш‌ ме‌кунем,‌ аз Ту сипосгузорӣ‌ намуда, носипоси‌ят‌ наме‌кунем‌, Туро мепарастем‌ ва барои‌ Ту намоз ме‌хонем‌ ва саҷда‌ ме‌кунем ва ба‌ сӯи‌ Ту ме‌ойем, аз раҳматат‌ умедвор ва аз азобат‌ бимнокем, ҳамоно азоби‌ Ту домангири куффор аст».


Барчаспи силсиламақолаҳо

Аз китоби “Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ“

Давом дорад …

Мақолаи қаблӣТаълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 41-46
Мақолаи баъдӣТаълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 48-50