Инсон дар зиндагӣ баъзан ба ҳолатҳое дучор мешавад, ки бояд зуд хулоса барорад. Вақтҳое пеш меоянд, ки қарори қабулнамудаи шахс ҳаёти минбаъдаашро дигаргун месозад. Шахс дар лаҳзаҳои ҳассос қарори дуруст интихоб карда наметавонад ва ахиран интихоби кардааш ӯро ба пушаймонӣ оварда мерасонад. Барои дар лаҳзаҳои ҳассос интихоби дуруст намудан аз усули 10/10/10 истифода намоед.

Усули 10/10/10 яъне чӣ?
Пеш аз қабули қароре ба ин 3 суол посух диҳед:
1. Ман агар чунин қарор барорам, баъд аз 10 дақиқа дар бораи интихоби кардаам чӣ фикр мекунам?
2. Баъд аз 10 моҳ чӣ?
3. Баъд аз 10 сол чӣ?
Ин усулро дар амал дида мебароем.
Шабнам (31-сола) давоми 6 моҳ бо марди 40-солае бо номи Некрӯз робитаи дӯстӣ дошт. Ҳар ду ҳам аз ҳамсаронашон ҷудо шуда буданд ва шояд ҳамин буд, ки дар дили Шабнам ишқи Некрӯз ҷой гирифт. Шабнам аз Некрӯз интизории изҳори ишқ карданро дошт, вале аз чӣ бошад ки Некрӯз дар ин маврид ҳеҷ суҳбат намекард. Ахиран Шабнам ба хулосае омад, ки муҳаббаташро ба Некрӯз изҳор мекунад. Чанд маротиба кӯшиш кард, аммо андешаи он ки Некрӯз дар борааш фикри бад мекунад, ӯро аз роҳаш бозгардонд. Чӣ тавре ки худи ӯ мегӯяд, дар интернет маводеро дар бораи усули 10/10/10 мутолиа кард ва хулоса баровард, ки ҳатман ҳисиёташро ба Некрӯз мегӯяд, зеро посухҳои Шабнам ба 3 суоли дар боло зикргардида чунин буданд:
1. Агар ӯ ҳам маро нағз бинад баъд аз 10 дақиқа хушбахттарин инсон хоҳам буд. Агар нағз набинад худро ноҳинҷор ҳис менамоям, вале дигар ташвиши гуфтан ё нагуфтани чизеро намекунам.
2. Агар маро дӯст дорад, пас аз 10 моҳ ман аз ин ки аввалин шуда ҳисиётамро баён кардам, ифтихор хоҳам кард. Агар дӯст надорад, ман дар муддати 10 моҳ шояд бо каси дигар робита пайдо кунам ва ин қарори ман он вақт бароям беаҳамият мегардад.
3. Баъд аз 10 сол амали имрӯз анҷомдодаам бароям ҳеҷ аҳамияте нахоҳад дошт.
Ҳоло 4 моҳ мешавад, ки Шабнам ва Некрӯз зиндагии якҷоя доранд. (қисса воқеист, вале номи қаҳрамонҳо иваз карда шудааст)
Ба Шумо низ тавсия медиҳем, ки ин усулро дар зиндагиатон истифода намоед. Ё шояд роҳи беҳтаре медонед? Агар ҳа, пас, гӯед то дигарон ҳам бидонанд.

