Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ (савол ва посух – саволҳои 41-46). Таълими Ислом бар асоси фикхи мазхаби ханафи (савол ва посух – саволхои 41-46).

Пурсишҳои 31-40 – ро инҷо хонед.
Пурсиши 41: Азон ва такбиргӯяндаро чӣ мегӯянд?
Посух: Азонгӯяндаро «муаззин» ва такбиргӯяндаро «мукаббир» мегӯянд.
Пурсиши 42: Намозе, ки ба сурати дастаҷамъӣ хонда мешавад, ба ин намоз ва ба касе, ки аз ҳама пештар меистад ва ба бақияи мардум чӣ мегӯянд?
Посух: Ба ин намоз «намози ҷамоат» ва ба касе, ки пештар аз дигарон меистад «имом» ва ба касоне, ки пушти сари «имом» намоз мехонанд, «муқтадӣ» мегӯянд.
Пурсиши 43: Касеро, ки танҳо намоз мехонад, чӣ мегӯянд?
Посух: Ба ӯ «мунфарид» мегӯянд.
Пурсиши 44: Ба маҳалле, ки барои хондани намоз омода мешавад ва фақат дар он ҷо намоз мехонанд, чӣ мегӯянд?
Посух: Онро «масҷид» мегӯянд.
Пурсиши 45: Дар масҷид чӣ аъмоле ба ҷо оварда мешавад?
Посух: Дар масҷид бояд хомӯш буд, намоз хонд ё Қуръони маҷид тиловат кард ё машғули зикр ва ибодати илоҳӣ шуд. Бемаврид ҳарф задан, ғавғо ва ошӯб барпо кардан дар масҷид дуруст нест.
Пурсиши 46: Намоз чӣ фоидаҳое дорад?
Посух: Намоз фоидаҳои бешуморе дорад, ки бархе аз он ба шарҳи зер мебошад:
1. Бадан ва либоси одами намозгузор ҳамеша пок ва тоза аст.
2. Худованд аз одами намозгузор хушнуд ва розӣ аст.
3. Ҳазрати Расули акрам (с) аз одами намозгузор розӣ ва хушнуд хоҳад шуд.
4. Одами намозгузор назди Худованд маҳбуб аст.
5. Шахси намозгузор дар ин дунё ҳам мавриди эҳтиром ва ситоиши одамҳои хуб қарор мегирад.
6. Намозгузор аз бисёр гуноҳон маҳфуз ва эмин мемонад.
7. Худованд намозгузорро пас аз марг дар осоиш ва итминон қарор медиҳад.
Аз китоби “Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ“
Давом дорад …


