Калимаи истигфор аз шаш калимаи динӣ. Калимаи истиғфор бо забони араби ва точики / тоҷикӣ.
“Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ, acтaғфиpyллoҳи таъоло мин кулли замбин азнабтуҳу ъамдан, ав хатоан сирран, ав ъалониятан ва атубу илайҳи миназзамбиллазӣ аъламу ва миназзамбиллазӣ ло аълам иннака анта ъалломул ғуюб”.
1-Маънои луғавии калимаи истиғфор талаби мағфират ва бахшиш кардан аст.
2- Маънои шаръии истиғфор аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барои ғафлату саҳлангорӣ, ҷаҳлу танбалӣ ва исёну саркашии худ дар адои ҳуқуқаш талаби мағфират ва бахшиш кардан аст.
3-Баъзе лафзҳои маъсур, яъне дар Қуръон ва суннат омадаи истиғфор чунин мебошанд:
1- {… رَبِّ اغْفِرْ وَارْحَمْ وَأَنْتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ } )المؤمنون: 118(
”Раб-биғ-фир вар-ҳам ва анта хайрур-ро-ҳимин”.
“Парвардигоро! Бибахш ва раҳм кун ва ту беҳтарини бахшояндагонӣ”.
2- أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ الَّذِي لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْحَيَّ الْقَيُّومَ،وَأَتُوبُ إِلَيْهِ”.(كذا في سنن أبي داود -2/ 85/ 1517–صحيح)
“Астағфируллоҳал-лазӣ ло илоҳа илло ҳувалҳайюл-қайюм ва атубу илайҳ”
“Талаби мағфират ва омурзиш аз Аллоҳ мекунам, ки ба ҷуз Ӯ худое нест ва Ӯ зиндаи пойдор аст ва ба сӯяш тавба мекунам”.
3- اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي مَا قَدَّمْتُ وَمَا أَخَّرْتُ، وَمَا أَسْرَرْتُ وَمَا أَعْلَنْتُ، وَمَا أَسْرَفْتُ وَمَا أَنْتَ أَعْلَمُ بِهِ مِنِّي، أَنْتَ الْمُقَدِّمُ وَأَنْتَ الْمُؤَخِّرُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ”.(كذا في صحيح ابن خزيمة -1/ 358: وفي التعليق: 723 – إسناده صحيح )
“Аллоҳум-мағфирлӣ мо қаддамту ва мо аххарту ва мо асрарту ва мо аъ-ланту ва мо асрафту ва мо анта аъламу биҳи миннӣ. Антал-муқаддиму ва антал-муаххиру ло илоҳа илло ант”.
“Парвардигоро! Гуноҳони дар гузашта содир кардаамро ва гуноҳони дар оянда аз ман содиршавандаро, гуноҳонӣ пинҳонӣ содир кардаамро ва гуноҳони ошкорро анҷом додаамро ва азҳадгузариҳоямро ва он гуноҳоямро, ки Худат онҳоро аз ман хӯбтар медонӣ, биомурз! Ин Туӣ ки (баъзе бандагонатро тавфиқ медиҳӣ ва мадад менамоӣ ва қуввату қудрати тоъату ибодат мебахшӣ ва) онҳоро ба Худат наздик мекунӣ! Ин Туӣ ки (баъзе бандагонатро мадад наменамоӣ ва онҳо луқмаи муфти шайтон мегарданд ва дар асари ин) онҳоро аз Худат дӯр мекунӣ! Ба ҷуз Ту ҳеҷ Худои дигаре нест”.
4- اللَّهُمَّ أَنْتَ رَبِّي لاَ إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ،خَلَقْتَنِي وَأَنَا عَبْدُكَ،وَأَنَا عَلَى عَهْدِكَ وَوَعْدِكَ مَا اسْتَطَعْتُ،أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّمَا صَنَعْتُ،أَبُوءُ لَكَ بِنِعْمَتِكَ عَلَيَّ، وَأَبُوءُ لَكَ بِذَنْبِي فَاغْفِرْ لِي،فَإِنَّهُ لاَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا أَنْتَ. (صحيح البخاري -8/ 67/ 6306 )
“Аллоҳумма анта раббӣ ло илоҳа илло анта, халақтанӣ ва ано аб-дука ва ано ало аҳдика ва ваъдика мастатаъту. Аъузу бика мин шарри мо санаъту ва абӯу лака би-ниъматика ъалайя ва абӯу лака бизанбӣ, фағфир лӣ! Фа иннаҳу ло яғфируззунуба илло ант!”.
“Худоё! Ту Парвардигори ман ҳастӣ, ки ҷуз ту худои дигаре нест. Ту маро офаридаӣ ва ман бандаи ту ҳастам ва ман то ҳади тавонам бар аҳди мисоқи бо ту бастаам пойдорам ва бар ваъдаи Ту, ки ҳамаро рӯзи қиёмат дубора зинда мекунӣ имону яқин дорам. Аз оқибати корҳои бади анҷом додаам ба ту паноҳ мебарам ва ба неъматҳое, ки бароям додаӣ ва ба гуноҳони анҷом додаам иқрор дорам ва эътироф мекунам. Пас гуноҳони маро мағфират намо ва биомурз, зеро ба ҷуз ту каси дигаре гуноҳонро намебахшад”.
Фазилати истиғфор
Истиғфору тавба тоъату ибодат мебошанд ва аҷру савоби бузург доранд ва аз тамоми ибодатҳо бештар Аллоҳ субҳонаҳу ва таолоро тавба ва истиғфори бандааш шоду масрур мекунад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” ва “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
1-“عَنْ أَنَسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «اللَّهُ أَفْرَحُ بِتَوْبَةِ عَبْدِهِ مِنْ أَحَدِكُمْ، سَقَطَ عَلَى بَعِيرِهِ، وَقَدْ أَضَلَّهُ فِي أَرْضِ فَلاَةٍ» (كذا في صحيح البخاري -8/ 68/ 6309 )
“Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аз тавба кардани бандааш хушҳолтар аз касест, ки шутурашро баъди ин, ки дар биёбон гум карда буд, пайдо мекунад”.
2- “سَيِّدُ الِاسْتِغْفَارِ أَنْ تَقُولَ: اللَّهُمَّ أَنْتَ رَبِّي لاَ إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ… «وَمَنْ قَالَهَا مِنَ النَّهَارِ مُوقِنًا بِهَا، فَمَاتَ مِنْ يَوْمِهِ قَبْلَ أَنْ يُمْسِيَ، فَهُوَ مِنْ أَهْلِ الجَنَّةِ، وَمَنْ قَالَهَا مِنَ اللَّيْلِ وَهُوَ مُوقِنٌ بِهَا، فَمَاتَ قَبْلَ أَنْ يُصْبِحَ، فَهُوَ مِنْ أَهْلِ الجَنَّةِ» (صحيح البخاري -8/ 67/ 6306 عن شَدَّادُ بْنُ أَوْسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ)
“Саиди истиғфор, яъне беҳтарин истиғфор ин аст, ки бигӯӣ: “Аллоҳум-ма анта раббӣ ло илоҳа илло анта, халақтанӣ ва ано абдука ва ано ало аҳдика ва ваъдика мастатаъту. Аъузу бика мин шарри мо санаъту ва абӯу лака би-ниъматика ъалайя ва абӯу лака бизанбӣ, фағфир лӣ! Фа иннаҳу ло яғфируззунуба илло ант!”. Касе инро рӯзона бо имону яқин бигӯяд ва дар ҳамон рӯз қабл аз шаб даромадан бимирад, пас вай аз аҳли биҳишт аст. Касе инро шабона бо имону яқин бигӯяд ва дар ҳамон шаб қабл аз рӯз шудан бимирад, пас вай аз аҳли биҳишт аст”.
3- “مَنْ قَالَ:أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ الَّذِي لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْحَيَّ الْقَيُّومَ، وَأَتُوبُ إِلَيْهِ،غُفِرَ لَهُ،وَإِنْ كَانَ قَدْ فَرَّ مِنَ الزَّحْفِ”. (كذا في سنن أبي داود -2/ 85/ 1517 – عن ابي يسار وحكم المحقق: صحيح)
“Касе чунин бигӯяд: “Астағфируллоҳал-лазӣ ло илоҳа илло ҳувал-ҳайюл-қайюм ва атубу илайҳ” гуноҳонаш бахшида мешаванд, гарчанде аз майдони набард фирор карда бошад”.
Муфассал >> Шаш калимаи динӣ