Калимаи Тамҷид (маъно, фазилат, арабӣ ва тоҷикӣ)

0

Калимаи Тамчид аз шаш калимаи динӣ. Калимаи Тамҷид бо забони араби ва точики.


1- Маънои луғавии калимаи тамҷид бузургии чизеро сутудан ва таъриф кардан ва чизеро ба бузургӣ ва бузургворӣ ёд кардан аст.

2- Маънои шаръии калимаи тамҷид бузургии Зот, сифатҳо ва афъоли Аллоҳ таолоро сутудан ва ҳамеша Ӯ таолоро ба бузургӣ ёд кардан ва бузургворияшро ситоиш кардан аст.

3-Яке аз лафзҳои мухтасари калимаи тамҷид чунин аст:

1- “سُبْحَانَ اللَّهِ، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ، وَلَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَاللَّهُ أَكْبَرُ، وَلَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ الْعَلِيِّ الْعَظِيمِ”. (كذا في سنن أبي داود -1/ 220- 832 – عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ أَبِي أَوْفَى وحكم المحقق: حسن)

1-Лафзи калимаи тамҷид: ”Субҳоналлоҳ, валҳамду лиллоҳ, ва ло илоҳа иллаллоҳ, валлоҳу акбар, ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-ъалийил- ъазим”.

2-Тарҷимаи калимаи тамҷид: “Поки беайбу бенуқсон аст Аллоҳ, сипосу ситоиш хос барои Аллоҳ аст, ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ худое нест, Аллоҳ аз ҳама бузургтар аст, нест қудрати баргаштан аз куфру маъсият ва нест қуввате барои анҷоми ибодату меҳнат, магар бо тавфиқ ва мадади Аллоҳи баландмартабаи бузург”.


Фазилати калимаи тамҷид

Калимаи тамҷид фазилатҳои бисёре дорад ва дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) яке аз фазилатҳояшро чунин баён кардааст:

عن عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:”مَنْ تَعَارَّ مِنَ اللَّيْلِ، فَقَالَ:لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ،لَهُ المُلْكُ وَلَهُ الحَمْدُ،وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ،الحَمْدُ لِلَّهِ، وَسُبْحَانَ اللَّهِ،وَلاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَاللَّهُ أَكْبَرُ،وَلاَ حَوْلَ وَلاَ قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ، ثُمَّ قَالَ:اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي، أَوْ دَعَا، اسْتُجِيبَ لَهُ، فَإِنْ تَوَضَّأَ وَصَلَّى قُبِلَتْ صَلاَتُهُ”.(كذا في صحيح البخاري -2/ 54-1154 عن عُبَادَةُ بْنُ الصَّامِتِ )

“Ва ҳар касе шаб бедор шавад ва ин дуъоро бихонад:”Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳулмулк ва лаҳулҳамд, ва ҳува ало кулли шайин қадир. Алҳамду лиллоҳ ва субҳоналлоҳ ва ло илоҳа иллалоҳ валлоҳу акбар, ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ” ва баъди ин бигӯяд: “Худоё маро мағфират намо!” ва ё дуои дигаре бикунад иҷобат карда мешавад. Пас агар вузӯ бикунад ва намоз бихонад, намозаш пазируфта мешавад”.

Маънои калимаи тамҷиди дар ҳадис омада:” Ба ҷуз Аллоҳи яктои беҳамто ҳеҷ худое нест, подшоҳӣ аз они Ӯ ва сипосу ситоиш махсуси Ӯст ва Ӯ бар ҳама кор қодир аст. Сипос махсуси Аллоҳ аст ва Аллоҳ поку бенуқсон аст ва ҷуз Ӯ худои дигаре нест ва Аллоҳ аз ҳама чиз бузургтар аст. Нест қудрати баргаштан аз куфру маъсият ва нест  қуввате барои ибодату меҳнат, магар ба тавфиқ ва мадади Аллоҳ”.


Муфассал >> Шаш калимаи динӣ

Мақолаи қаблӣЭмомали Рахмон – Пешвои миллат
Мақолаи баъдӣКалимаи истиғфор (маъно, фазилат, арабӣ ва тоҷикӣ)