Мехоҳед фарзандатон зебо ба дунё ояд?

0

Оё то имрӯз шунидаед ки шумо дар сохти зоҳирии кӯдакатон нақши асосиро доред!?Кӯдаки зебо мехоҳед? Ҳатман ин навиштаро мутолиа кунед…

Зани хомила, зан духтар духтари точик

Дар замони ҳомиладорӣ чи хурем ва чи корҳоро анҷом диҳем ки фарзанди зебо дошта бошем!?

Имрӯз чизҳое ки сабаби зебо гаштани фарзанд мешавад барои Шумо муаррифӣ хоҳем кард.

Бисёре аз инсонҳо фикр мекунанд ки дар зебо ва ё зиштрӯ шудани фарзандашон нақше надоран ва ҳамаи онро кори Худо медонан, аммо аз нигоҳи тиб ва ҳатто аз нигоҳи дини Ислом ин гуна фикр як хатои калон мебошад. Зеро мо дар бисёре аз ҳадисҳо мехонем ки Пайғамбари мо чизҳое ки сабаби зебо шудани фарзанд мешавадро ном бурдаанд…

Масалан Пайғамбар (с) дар мавриди харбуза мефармоянд:

Хӯрдани харбуза 10-то фоида дорад, ки яке аз онҳо ин аст ки фарзандро зебо мекунад…

Дар тибби муосир ҳам чизҳоеро ки сабаби осеб расондан ба фарзанд мешавадро манъ карда ва хурдани баъзе аз чизҳоро дар замони ҳомиладорӣ зарури медонан…

Мо дар ин навиштор чанд то аз чизҳое ки барои зебо гаштани фарзанд хеле муассир аст, ном мебарем…

1. Аввалин чизе ки сабаби зебо гаштани фарзанд мешавад зайтун ва равғани зайтун мебошад. Ҳатто дар Қуръони карим ҳам Худованд ба ин меваи бобаракат қасам ёд кардааст…

2. Дуввумин чизе ки сабаби зебо гаштани фарзанд мешавад нок аст, ки бояд падари фарзанд зиёд истифода кунад то фарзанди зебо дошта бошад…

3. Хурдани оби ананас ҳамроҳ бо як қошуқ асали табиӣ

4. Хӯрдани анор

5. Хӯрдани себ ҳам сабаби зебо гаштани фарзанд мешавад, хусусан дар моҳи ҳаштум, ки себ истифода мекунед сураи ҳазрати Юсуфро хонда себро истифода кунед…

6. Агар мехоҳед фарзанди шумо чашмҳои зебо дошта бошад масрафи розиёна ро ҳатман фаромуш накунед.

7. Агар мехоҳед ки фарзандатон ҳатман хушрӯ бошад ба тарафи меваҳое ки дустони ҷигар ҳастан равед. Меваҳое ки дустони ҷигар ҳастан – анор, наъно, коснӣ, зайтун, хурмо…

8. Истифода аз кулубник барои зебо гаштани рӯи модар ва фарзанд хеле кумак мекунад…

9. Хӯрдани шафтолу бисёр хуб аст…

10. Хӯрдани харбузаро дар замони ҳомиладорӣ, ҳатто Пайғамбар (с) ҳам бисёр муносиб медонан ва яке аз чизҳое ки фарзандро зебо ва боадаб мекунад харбуза гуфтаанд…

11. Хурмо

12. Анҷир

13. Агар мехоҳед ки кудаки нотарс ва шуҷоъ дошта бошед себи биҳӣ хуред…

14. Охирон чизе ки мехоҳем барои зебо гаштани фарзанд барои Шумо муаррифӣ кунем масҳ кардан мебошад, аммо ин масҳ ҳатман бо равғанҳои табиӣ ба монанди равғани зайтун, сиёҳдона, равғани анор ва… бояд бошад.

Барои ин амал ки чи гуна ва кадом қисмати баданро бояд масҳ кард – ҳатман аз рӯи китоби Масҳи кӯдак амал кунед…

Китоби масҳи кӯдак (Аз телеграми @tibbiniyogan)


Баъзе рафторҳои занон, ки шавҳарҳоро асабӣ мекунанд

Мақолаи қаблӣЗудинзоли (тез харом шудан), маълумот ва дармон
Мақолаи баъдӣДузах чист? Маълумот дар бораи ДУЗАХ