“Осмонро бо ҳама вазнаш замин бардоштаст,
Он, ки бардорад ҳама бори ҷаҳон, ин модар аст.”
Саҳар барвақт. Насими форами субҳгоҳ ҳеҷ аз ёдам намеравад. Дар танури тафсон нонпазиҳои модарам пеши назар давр мезананд. Овози ширинаш, ки “писарҷон хез нимрӯз шудааст, субҳонаатро тайёр кардам”- гӯён фарёдам мекард, ҳеҷ фаромӯш нашуданист.
Либосҳоям шуста дарзмол кардагӣ, ҳамеша хӯрокам тайёр, кӯҷое мерафтам дуои модарам маро аз ҳар балову хатар эмин нигоҳ медошт. Мактаби миёнаро хатм карда, ба Донишгоҳ Технологии Тоҷикистон дохил шуда, идомаи таҳсил намудам. Ҳар ҳафта модарҷонам ба ман аз ноҳия хӯрокаву пул равон мекарданд. Вақтҳои охир ҳангоми сӯҳбат овози модарам каме хаста менамуд. Чизеро ҳис карда “бемор шудед модарҷон” гӯён пурсон шудам ва барои он ки ман ташвиш нашавам, модарам бемории худро рад мекарданд. Аз ин вақт, дилам ба назар дигар хел метапид.
Охири ҳафта ҳатман ба дидорбинии модарҷонам меравам гӯён пеши худ мақсад гузоштам. Ҳар боре, ки ба наздаш мерафтам ҳатман ба ӯ ҳадяе мебурдам ва ин дафъа ҳам барои ӯ як рӯймолу як пояфзол гирифта тайёр мондам. Саҳари барвақти рӯзи ҷумъа аз хона занг зада гуфтанд, ки модарам бемор шудааст ва хостанд, ки ҳатман имрӯз ба ноҳия равам. Гуфтам, ки бо модарам ҳарф зада садои ширинашро шунавам, аммо бо ҳар баҳонаҳои маълум ба ман фурсати ҳарф задан надоданд. Гӯлуямро чизе зер кардагӣ барин овозам дигар намебаромад. Таппиши дилам баланд – баланд ҳис мешуд. Дасту рӯямро шуста, дарҳол роҳи ноҳияро пеш гирифтам.
Дар роҳ садҳо фикр майнаамро парешон мекард. Ба ҳар ҳол каме ҳам бошад, худамро ором намуданӣ шуда аз Худованд шифо ёфтани модарамро хоста, даст бар дуо бардоштам. Модарҷонам шифо меёбанду руймоли ҳадя гирифтаамро ба сар намуда боз ба ман субҳона омода мекунанд, гӯён худамро тасаллӣ медодам, аммо ҳеҷ дилам ором намегирифт ва чашмонам низ чизеро пай бурда, бо дилам ҳамнафас шудан мегирифтанд. Замоне, ки ба хона наздик шудан мегирифтам аллакай соат майли 11 мекард. Дар роҳи кӯчаи хона ҳамсояҳо бо чашми ғамгин ба ман менигаристанд ва сар меҷунбониданд. Ҳайрон шудам ва ба наздикии хонаи ҳамсояамон расида, серодамиро пай бурда, қарибии дарвозаамон расидан замон нолаву фиғони наздикону хешу таборамро шунида, ҳуш аз сарам парид.
Киҳо ва ба куҷо бурданамро надонистам ва баъди чанд лаҳза чашмонамро кушодан акаи калониамро болои сарам дидам ва аз ҷой хестан замон маро ба оғушаш кашида, вой модарҷонам гӯён ашк рехта ба ман ҳамдардӣ мекард. Хостам рафта рӯйи модарамро бори охир бинам. На дигар садои форами модарам шунида мешуду на бӯйи нону кулчаҳои пухтаи он ба димоғам мерасид. Хона ғамхона буду фақат фиғону нола. Ба назди апаи хурдиам нишаста ӯро оғуш карда, ҳамдардӣ намудам. Пасон дар пеши модарҷонам нишаста, рӯяшро кушода бори охир ӯро бӯсидам ва дидори навбатӣ дар қиёмат гӯён бо ӯ хайрухуш намудам.
Соат наздики 12 буд, ки модарамро шуста, барои ҷаноза кардан омода мекарданд. Аз пояҳои пеши тобут ману бародарам бардошта, ҳамроҳи дигарон ба сӯи ҷанозагоҳ мерафтем. Баъди дуои домулло “раҳматӣ одамӣ хуб буд. Худо руҳашро шод ва манзили охираташро обод кунад ” гӯён ҳамдардиҳои мардум шунида мешуд. Пасон роҳи манзилгоҳро пеш гирифтем ва модарҷонамонро ба хок супурда, як каф дуо намудему ба хона баргаштем. Зиндагӣ бароям дигар маъние надошт чунки ман дигар танҳои танҳо будам.
Дар хурдӣ аз падар ятим монда будам ва модарам бароямон ҳам падару буду ҳам модар. “Оҳ зиндагӣ ту чӣ қадар номард ҳастӣ, ки модарамро аз ман гирифтӣ” гӯён худамро ором мекардам, аммо бе натиҷа. Ана ҳамон лаҳза кӣ будани модаррову чӣ будани модардориро эҳсос кардам , ки алакай дер шуда буд. Дигар кӣ либосҳоямро шуста дарзмол мекунад? Кӣ бароям кулча пухта, ба ман субҳона омода месозад. Садои форами киро дигар ҳар саҳар ман мешунавам? Оҳ модарҷон! Оҳ модарҷон, танҳои танҳоям гузоштиву рафтӣ. Кош мемурдаму ин рӯзро намедидам, аммо дигар чӣ чора?
Саҳари барвақт дигар садои форами модарамро нашунида ба назди манзилаш рафта як каф дуо хондам. Дилам мехост соатҳо дар наздаш нишаста бо ӯ дарди дил кунам, аммо … зиндагӣ чунин . Се моҳ мешавад, ки дигар кулчаҳои пухтаи модарамро намехураму садои форамашро намешунавам. Зиндагӣ ба ман чунон омӯхт, ки агар як бори дигар модарамро ба ман пас мегардонд, то охирон нафас дар наздаш нишаста бо ӯ дарди дил мекардам ва дар хизматаш мебудам. Аммо ҷон фақат як бор аз ҷониби Худованд додаву ва пас гирифта мешавад. Соли гузашта ин вақту соат ҳамроҳи оилаамон зодрӯзи модарамро ҷашн мегирифтем аммо имрӯз, ки зодрӯз доштиву бо ман нестӣ ба назди манзилат рафта як каф дуо мехонам ва руҳат шоду ҷоятон ҷаннат бод мегӯям модарҷони азизу дилбандам.
Азизон ба қадри модарони худ дар ин дунё бирасед, зеро ки ҳар лаҳзаи умр ғанимат аст ва маълум нест, ки мо кай ва чӣ тавр ин оламро падруд мегӯем. Барои модаронатон дар ин дунё биҳиште барпо кунед то сазовори дуои неки ӯ гардед, зеро:
“Ба дидори чу моҳи модарон, дунё намеарзад,
Ба ҳар як аллаҳои модарон, дунё намеарзад.
Зи хокаш дар баҳорон лолаю сунбул ҳамерӯяд,
Ба гарди хоки пои модарон, дунё намеарзад.”
Дар бораи модар, қадрдонии модар, оча, Вакте ба кадрат мерасем, ки дигар нести, модар!
Хакикатан хар як модар ба фарзанди худ мехрубон аст. Модар дар чи холате, ки бошад саломати фарзанди худро мехохад. Намехохад фарзандаш ба рохи бад хидоят шавад.
Модар олихатарин калимаест. Бузургии модар ба хеч чиз баробар шуда наметавонад………