Оби ҳаёти ҷовидонӣ (ҳикояи ҷолиб)

0

Мегӯянд, ки Искандари Мақдунӣ тамоми умр дар ҷустуҷӯӣ оби ҳаёт буд. Рӯзе онро дар яке аз ғорҳои ҷазираи араб дарёфт намуд. Ӯ бисёр шод гардида, ҳатто аз хушбахтиаш рақс мекард.

Искандар ба онҷо танҳо равона шуд, ҳатто ягон нафар аз наздикони худро ҳамроҳ нагирифт. Ӯ вориди ғор гардида дар онҷо чашмаеро дид. Ӯ ҳайратзада ба чашма нигоҳ мекард ва акнун нӯшидани буд, ки қар-қари зоғе ба гӯшаш расид. Искандар якбора ларзид.

Назар карду мӯйсафедеро дид, ки ришаш ба замин мерасад. Дар паҳлӯи он зоғе нишаста буд. Мӯйсафед ба Искандар гуфт:

– Пеш аз нӯшидани оби ҳаёт бори дигар фикр кун. Ман онро нӯшида, чанд асре зиндаам. Агар ту медонистӣ, ки ман чӣ гуна хаста шудам! Ман пушаймонам. Ман мехоҳам бимирам, аммо наметавонам. Ман аз зиндагӣ сер шудам, шавқи зистанам намонд. Зиндагӣ бояд аз нав шурӯ шавад, лекин фақат марг метавонад онро аз нав шурӯ кунад.

Мегӯянд ин суханҳои пирамард ба Искандар чунон таъсир намуданд, ки вай давон аз ғор баромада ба асп нишаст ва ба пасаш нигоҳ накарда то ғуруби офтоб аспашро давонд.

Таҳиягар: Озод Ҳодизода

Мақолаи қаблӣДузах чист? Маълумот дар бораи ДУЗАХ
Мақолаи баъдӣШеър барои гарибон / гариби – Ғарибӣ шеърҳо