Шеър барои гарибон / гариби – Ғарибӣ шеърҳо

0

Шеърхо дар васфи Гариби ва Гарибон бо забони точики дар ин саҳифа оварда мешавад. Ғариби шеърҳо, Ғариб шеър.

гариби шеърхо

Мусофир дар дилат нури Худо бод,
Дуои неки Модар раҳнамо бод.
Умеди тифлакони интизорат,
Туро тӯмори ҷон дар ҷодаҳо бод.

Мусофир ҷисму ҷонат оҳанин бод,
Туро толеъи нек андар ҷабин бод.
Мададгорат Худо бошад! Дигар кист?
Туро нерӯву тамкини замин бод.

Ғариби кӯйи сахт аст эй бародар,
Фироқи рӯйи ёру ёди Модар.
Шабони қаҳратун дар кишвари ғайр,
Ба рӯят боз мегардад ягон дар?

Худо ёру нигаҳдорат мусофир,
Худовандат нигаҳ дорад мусофир.
Худои меҳрубоне, ки туро бурд,
Саломат, кош, боз орад, мусофир.


Ғариб чашмони тар дорад Худоё,
Ғаму ғурбат ба сар дорад Худоё,
Тани нимҷону қалби пора-пора
Ғарибӣ сад хатар дорад Худоё.

Ғариб дар ҳасрати дидори ёр аст,
Ғариб лабташнаасту бемадор аст.
Дили ором надорад ҳеҷ ғарибе,
Ғариб андар ғарибӣ дилфигор аст.

Ғарибӣ қотили ҷон аст ёрон,
Ғарибӣ сузу ҳиҷрон аст ёрон,
Раҳо бинмо Худо аз панҷаи марг,
Ғарибӣ марги инсон аст ёрон.

Ғариб дар мулки ғайр мисли гадо аст
Ба ёди мулки худ обу адо аст.
Худо гуён шабу рӯз нола дорад,
Нигаҳдори ғарибон худ Худо аст.

Ғариб аз хоб хезад оча-гӯён,
Чаро зодӣ маро эй очаи ҷон.
Чӣ қасде доштӣ дар зиндагонӣ
Маро бар рӯйи зорат кардӣ пазмон.

Ғариб ҳаргиз макун ҷони ҷавонам,
Мабар дар зиндагонӣ бенишонам
Маро дар мулки худ бинмо ато ризқ,
Худованди бузургу меҳрубонам!


Ҳар касе моро ғариб кардаст, ғарибгӯраш кунад,
Беватан, бехонумон, чун зинда дар гӯраш кунад.

Он касе, ки дасти яғморо ба моли мо задаст,
Лаззати нону таъоми тоҷикон кӯраш кунад.

Он ки моро кардааст, мӯҳтоҷи мулки дигарон,
Аз бародар бенасиб, аз дӯстон дураш кунад.

Он ки тири ноҳақе бар сӯи мо андохтаст,
Чун ҷавонони шаҳид, оғуштаи хунаш кунад.

Он ки ғарқи рӯди Ому кардааст халқи маро,
Тӯъмаи мору наҳанги оби Ҷайҳунаш кунад.

Он ки бе ному нишон мардони хушномро намуд,
Ҳазрати парвардигор расвою гумномаш кунад.

Мақолаи қаблӣОби ҳаёти ҷовидонӣ (ҳикояи ҷолиб)
Мақолаи баъдӣФоидахои тиббии Бодиринг (асабҳоро ором мекунад ва …)