Агар диққат диҳем, олами ҳайвонот бо аҷоиботаш моро ҳайратзада мекунад. Таваҷҷуҳ намоед ба чанд далели ҷолиб дар бораи ҳайвонот.

1. Аз миёни ҳайвонот аввалин маротиба сангпуштро ба моҳ фиристодаанд.
2. Дар Амазонка делфини гулобиранг мавҷуд аст.
3. Вазни фили навзод тақрибан 100 кг аст.
4. Мурча баъд аз афтидан аз баландӣ (новобаста аз чанд метр будан) намемирад.
5. Паланги сафед дорои чашмони кабуд мебошад.
6. Хорпуштак 36 дандон дорад.
7. Бадани хорпуштак тақрибан 10 ҳазор хор дорад.
8. Моҳии хурдтарин “Paedocypris progenetica” ном дорад, ки дарозии он 8 мм аст.
9. Дар Зеландияи нав назар ба одамон шумораи гусфандон 15 маротиба зиёдтаранд.
10. Ягона саге, ки забони гулобиранг надорад, саги навъи “чау-чау” аст.
11. Мушҳо назар ба одамон устухони зиёдтар доранд. (ба ин бовар доред?)
12. Делфин калимаи юнонӣ буда, маънои «бародар»-ро дорад. Дар уқёнус, баҳру дарё 70 навъи ин ҷонвари қарин бо инсон мавҷуд аст.
13. Дар об делфин дар як соат то 50 километр бошаст шино карда, ҳар як-ду дақиқа рӯйи об ҷаҳида, аз ҳаво нафас мегирад.
14. Делфин садоро на танҳо бо гӯш, балки бо баданаш ҳам мешунавад.
15. На танҳо пашм, балки пӯсти палангҳо ҳам рах – рах аст.
16. Мардумаки чашми ҳаштпо гирд нею росткунҷа аст.
17. Дили зарофаҳо миёни ҳайвонҳои хушкигард аз ҳама калон ва фишори хунашон аз ҳама баланд мебошад.
18. Вазни тухми шутурмурғ метавонад ба 1,5 килограмм расад. Барои дар об пухтанаш онро на кам аз 40 дақиқа ҷӯшондан лозим меояд.
19. Парвози аз ҳама тӯлонии ба қайд гирифташудаи мурғи хонагӣ 14 сония давом кардааст.
Кадом далелҳо ба назаратон шубҳанок менамоянд ва чаро? Боз чиҳоро медонед, нависед то ҳамагӣ донем.
https://donish.net/10-daleli-jolib-dar-borai-inson/


