
Мунтазири ҳеҷ дасте дар ҳеҷ ҷойе аз ин дунё мабош ва ашкҳоятро бо дастони худат пок кун. (ҳама роҳгузаранд)
Забон устухон надорад вале онқадар қави аст, ки метавонад ба осони қалберо бишканад. (муроқиби ҳарфҳоят бош)
Ба касоне, ки пушти сарат ҳарф мезананд, беэътино бош, онҳоро ҷояшон ҳамон ҷо аст, дақиқан пушти сарат. ( гузашт дошта бош)
Гоҳе Худованд барои ҳифзи ту касе ё чизеро аз ту мегирад, исрор ба баргаштанаш накун, пушаймон хоҳи шуд. ( Худованд вуҷуд дорад пас ҳикматашро қабул кун)
На сафеди баёнгари зебоист ва на сиёҳи нишонаи зишти, кафан сафед аммо тарснок аст вале каъба бо он сиёҳи маҳбубу дустдоштанист. Инсон ба ахлоқаш шинохта мешавад на ба мазҳараш.
Агар садои балан нишонаи мардонаги буд, саг сарвари мардон мебуд.
Агар бесатри ва урёни зебогии занонро нишон медод, пас маймун аз ҳамаи занон зеботар буд.
Қабл аз инки саратро боло бубари ва аз надоштаҳоят пеши Худо шикоят куни, назаре ба поин дошта бош ва барои доштаҳоят шукрона кун.
Инсон бузург намешавад ҷуз ба василаи афкораш.


