То 30-солагӣ чиро бояд аз худ кард?

0

Кадом сабақҳоро то 30-солагӣ бояд аз худ кард? Дар ин мақолаи мо тавсияҳои моро хонед >>

1. Зиндагии шумо аллакай оғоз ёфт. Дар он танаффус намешавад. Зиндагӣ тафсири озмоишӣ нест. Ҳар қарори шумо аҳамият дорад.

2. Дӯстони мукотибавӣ дӯстони ҳақиқӣ нестанд. Бисёри онҳо ба шумо кор надоранд ва вақте бо фалокате дучор мешавед барои дастгирӣ намеоянд.

3. Раванди омӯзиш бо хатми донишгоҳ хотима намеёбад. Донишҳо барои муваффақияти шумо ниҳоят муҳиманд. Агар аз зиндагӣ ақиб мондан нахоҳед омӯзишро қатъ накунед.

4. Аз ҳама шахсони муҳим дар зиндагии шумо аъзои оилаатон мебошанд. Танҳо барои онҳо сиҳативу муваффақияти шумо воқеан ҳам муҳим аст. Ба қадрашон расед ва бо онҳо эҳтиёткорона муносибат намоед.

5. Заифии шумо ягон аҳамият надорад. Ин воқеиятро дарк намоед. Танҳо ҷонибҳои қавии шумо аҳамиятноканд. Онҳоро мукаммал гардонед.

6. Ҳар кори арзанда вақтро талаб мекунад. Набояд умедвор шуд, ки ба мақсадҳои худ зуд комёб мешавед. Шояд он вақти бештареро фаро гирад.

Макс ЛУКОМИНСКИЙ (Аз гурӯҳи телеграмии Садои Тоҷик)

Чанд қоида барои мардон!

Мақолаи қаблӣПанди падар ба фарзанд
Мақолаи баъдӣНаркозро кӣ ихтироъ кардааст?