Пешгирӣ аз хашм

0

Чи тавр хашми худро бартараф созем? Аксарият корҳову қарорҳои нодуруст дар вақти хашм ба иҷро мерасанд, ки баъдан пушаймонӣ меорем. Дар ин мақола роҳкориҳо барои пешгирӣ аз хашм овара мешаванд:

1. Фард кушиш кунад дар маҷлисе, ки имкони хашмгин шудан дар он аст, иштирок накунад.

2. Ахлоқашро хуб кунад ва бо дигарон бар асоси равобити ҳасана рафтор намояд.

3. Ба баҳсе, ки нафъе надошта бошад ва эҳтимол аст, ки ӯро хашмгин кунад, напардозад.

4. Вақте хашмгин мешавад, “Аъузубиллоҳи минаш-шайтонир-Раҷим” бигуяд ва ҳолаташро тағйир диҳад. Ба навҳе, ки агар росто буд, бинишинад ва агар нишаста буд ба паҳлу дароз кашад ва ё он маҷлисро тарк кунад.

5. Хашм оташе аз ҷониби Шайтон аст. Бо вузӯ гирифтан онро хомӯш кунад.

6. Вақте фарде хашмгин аст, қабл аз оне, ки чизе гуяд ва ё коре кунад, даҳ сония сукут намояд. Чаро ки сукут ва саросема амал накардан инсонро ором намуда, боиси аз байн рафтани хашм мешавад.
Ва ин фармудаи Паёмбар (с) ро фармоӯш накунад, ки гуфтанд:

Хашмгин нашав!
Хашмгин нашав!
Хашмгин нашав!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ

Мо чаро бемор мешавем?

Мақолаи қаблӣЧи тавр дигаронро ба худ моил созем?
Мақолаи баъдӣПанди падар ба фарзанд