Равобити хубе бо ҳамсаратон доред ва ҳаргиз дӯст надоред боиси нороҳатии ӯ шавед, аммо воқеияте, ки бояд бипазирем ин аст, ки одамизод хато ва иштибоҳ дорад ва гоҳе вақтҳо бидуни ин, ки бихоҳад, рафторе нишон медиҳад, ки боиси озори дигарон мешавад. Дар идома бо 5 рафторе, ки нохудогоҳ ҳамсаратонро озор медиҳед, ошно шавед.
Баъд аз тамиз кардани ӯ тамиз мекунед
Вақте ҳамсаратон зарфҳоро ба андозаи шумо тамиз нашустааст шумо дубора онро мешӯед. Бо ин рафтор ӯ эҳсос мекунад ҳеҷ арзише барои кумаки ӯ қоил нестед. Гоҳе вақтҳо лозим аст бетафовут бошед. Вақте зарфҳо дар ҷойи худ қарор нагирифтаанд ҳам метавонед бихобед.
Доим аз худатон интиқод мекунед
Чӣ рӯзи баде дошта бошед ё думболи таъриф ва тамҷид бошед барои ҳамсаратон ин, ки ҳар лаҳза мушаввиқи шумо бошад озор диҳандааст. Саъй кунед мисли ӯ бошед. Ҳар рӯз бо гуфтани чизе, ки ба он ифтихор мекунед ишқ ба худатонро нишон диҳед. Ба гуфтаи равоншиносон вақте худатонро ҳамонтавр, ки ҳастед бипазиред, равобити беҳтаре ҳам хоҳед дошт.
Ба телефонатон машғул мешавед
Вақте доим ба телефонатон машғул ҳастед ва дар фазоҳои маҷозӣ пегардед ба ҳамсаратон ҳисси беаҳамият будан ва нодида гирифта шудан медиҳед. Камтар шабакаҳои иҷтимоиро бигардед ё вақте ҳар ду канори ҳам ҳастед телефонро хомӯш кунед. Шояд ин кор каме сахт бошад, аммо натиҷаи хубе дар бар дорад.
Ҳар вақт бихоҳед, шунавандаи хубе мешавед
Ӯ дар бораи барномаи охири ҳафта сӯҳбат мекунад ва ногаҳон байни ҳарфҳои ӯ ба ёди қисмате аз филме, ки чанд лаҳза пеш дидаед ба ханда меафтед. Ба ҷой ин ки ба ӯ эҳсоси сӯҳбат кардан бо девор бидиҳед, саъй кунед чизҳоеро, ки мегӯядро такрор кунед, то ба ӯ нишон диҳед, ки ба ҳарфҳояш гӯш медиҳед.
Дар ҷамъ васати ҳарфи ӯ мепаред
Вақте дар ҷамъи гурӯҳе аз дӯстону ошноён ҳастед, ҳарфи ҳамсаратонро қатъ накунед. Ин кори шумо ба ӯ эҳсоси таҳқир ва ноумедӣ медиҳад.
Манбаъ: Сомонаи Khonavoda.com.
бахси байни зану шавхар, оила, рафтор бо зан, рафтор бо мард, бо ҳамсар.