Барои чӣ мардум солҳоро мешуморанд? Номҳои моҳҳое, ки имрӯз мо дар ҳаёти ҳаррӯзаамон истифода мебарем аз куҷо пайдо шудаанд? Кай ва чӣ гуна тақвим пайдо шуд?

Дар Рими Қадим аввали ҳар моҳро “календ” меномиданд. Аз ҳамин ҷо вожаи “календар” пайдо шуд.
Маҳалли пайдоиши тақвими муосир соҳили дарёи Нил ба ҳисоб меравад. Ба мисриҳо лозим буд, қаблан дарёбанд, ки паҳншавӣ (туғён)-и дарёи Нил кай оғоз мегардад, то ки пеш аз ин ҳодиса тавонанд каналҳоро тоза ва сарбанди обро мустаҳкам намоянд. Коҳинони мисрӣ пай бурданд, ки ҳангоми Инқилоби Офтоб (ибтидои кӯтоҳшавии рӯз), пас аз кӯтоҳтарин шаб дар осмон ситораи дурахшон – Сириус (Шуърои ямонӣ) пайдо мегардад. Ҳамин рӯз ҳам зиёд шудани дарёи Нил оғоз мегардид. Онҳо чунин ҳисоб намуданд, ки аз аввалин пайдоиши ситораи Сириус то пайдоиши навбатӣ 365 рӯз мегузарад. Ин давраро онҳо 30-рӯзӣ ба 12 қисм ҷудо намуданд ва 5 рӯзи боқимондаро дар охир ҳисоб мекарданд. Аз ҳаминҷо тақвим пайдо гардид.
Дар Хитойи Қадим мисли дигар кишварҳои Шарқ солшумории даврӣ бо 12 сол пайдо гашт. Ҳар як сол бо номи ҳайвонот ишора шуда буд: муш, гов, паланг, харгӯш, аждаҳо, мор, асп, гӯсфанд, маймун, мурғ, саг, хук.
Тақвиме, ки имрӯз дар аксар кишварҳо истифода мегардад, тақвими офтобӣ ном дорад. Соли 46-и то мелод императори Рим Юлий Сезар бо мунаҷҷимон ба тақвими римӣ ислоҳот ворид намуд: ӯ тақвими офтобии римиро ба намуди соддатар овард. Ин тақвим бо номи Юлий номгузорӣ шуда буд ва то асри 16 истифода мегашт.
Бо ин тақвим сол аз аз 1-уми январ оғоз мегашт ва аз 12 моҳ иборат буд. Моҳҳо бо номҳои Худоҳои Риму Юнон ва дигар мафҳумҳои барои инсон муқаддас номгузорӣ шуданд.
Ҳамин тавр, якум моҳ “январ” номгузорӣ шуд – аз номи Янус (лотинӣ Janus) – Худои римии вақт ва аввалу охир.
Номи моҳи “феврал” аз калимаи “februarius” пайдо гаштааст, ки маънои “тоза кардан”, “қурбонӣ барои каффорат”-ро доро мебошад. Маҳз дар байни ин моҳ римиҳо маросими “каффорат аз гуноҳон”-ро баргузор мекарданд.
Моҳи “март” бо номи Худои римии ҷанг Марс номгузорӣ шудааст.
Номи моҳи “апрел” аз калимаи “aprilis” мебошад, ки маънои “гармшавӣ дар зери офтоб”-ро дорад. Дар ин моҳ, дар зери шуои офтоби баҳорӣ муғчаҳо мешукуфанд, баргҳо ва гулҳо пайдо мешаванд.
“Май” ба шарафи Худои римии баҳор ва ҳосилот – Май номгузорӣ шудааст.
“Июн” ба шарафи Худои римии Юнона – ҳамсари Худои Юпитер номгузорӣ шудааст.
“Июл” ба шарафи императори римӣ – Юлий Сезар номгузорӣ шудааст.
“Август” ба шарафи императори римӣ – Октавиан Август номгузорӣ шудааст.
“Сентябр” – аз лотинии “september” – ҳафтум гирифта шудааст.
“Октябр” – аз лотинии “oktober” – ҳаштум гирифта шудааст.
“Ноябр” – аз лотинии “november” – нуҳум гирифта шудааст.
“Декабр” – аз лотинии “december” – даҳум гирифта шудааст.
Шумо мушоҳида намудед, ки номи чор моҳи охир бо тартиби тақвими ҳозираи худи онҳо мувофиқа намекунад. Сабабаш дар он аст, ки сараввал римиҳо аввали солро моҳи март мешумориданд, аз ҳамин сабаб моҳи сентябр ҳафтум, октябр ҳаштум, ноябр нуҳум ва декабр даҳум моҳи онҳо ба ҳисоб мерафт.
Тақвими Юлий соли 1582 дар давраи папаи рим Григорий XIII аз нав ислоҳ шуд, аз ҳамин сабаб тақвими имрӯзаро тақвими Григорий меноманд.
Мохи январ чи маъно дорад, маънохои моххо, маънои календар, маънои таквим, таквим бо забони точики, аввалин таквим, аввалин календар, таквим кай пайдо шудааст, мохи феврал чи маъно дорад?


