Саъди Шерози – тарчумаи хол

0

Саъди Шерози тарчумаи хол. Хаёт ва фаъолияти Саъди Шерози, саъди шерози биография. Саъдии Шерозӣ тарҷумаи ҳол, Ҳаёт ва фаъолияти Саъдии Шерозӣ


Ҳаёт ва фаъолияти Саъдии Шерозӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли Саъдӣ
  2. Девони ашьори Саъдӣ
  3. «Бустон» ва мундариҷаи он
  4. «Гулистон» – асари пандуахлоқӣ

 Хулоса


Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар яке аз шаҳрҳои хушманзараи Эрон- Шероз таваллуд шудааст. Овони кӯдакии Саъдӣ дар назди падараш мегузарад. Тавре худи ӯ дар як байт ишора мекунад:

Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
Ки cap дар канори падар доштам.

Вале, дере нагузашта, падараш аз дунё мегузарад ва Саъдӣ ятим мемонад:

Маро бошад аз дарди тифлон хабар,
Ки дар хурдӣ аз cap бирафтам падар.

Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, баъдан дар мадрасаи «Низомия»-и шаҳри Бағдод таҳсили илм мекунад:

Маро дар Низомия идрор буд,
Шабу руз талқину такрор буд.

Саъдии Шерозӣ яке аз шоирони адабиёти классикии форсу тоҷикӣ буда, дар таърихи адабиёт ҳамчун шоири ғазалсаро маълуму машҳур гаштааст. Саъдӣ соҳиби чор девони ашъор мебошад, ки аз қасида, ғазал, мутоибот, қитъаҳо, рубоӣ ва дигар навъҳои шеърӣ иборатанд. Дар эҷоди жанри ғазал Саъдӣ устоди ғазалсароён шинохта шудааст.

Шоир сайру саёҳатро хеле дӯст медошт. Ӯ ба шаҳрҳои бисёре сайру сафарҳо намуда, бо одамони гуногун аз дуру наздик ошно шуда, бо онҳо сӯҳбат мекунад ва бо тарзи зисту зиндагии онҳо шинос мешавад. Шоир пас аз сафарҳои чандинсолаи худ асарҳои «Бӯстон» ва «Гулистон»-ро эҷод менамояд, ки дар таърихи адабиёти классикӣ мавқеи намоён доранд.

Мероси адабии шоир бисёр рангин мебошад.

«Бӯстон» асари маизум буда, соли 1257 таълиф шудааст Асар аз даҳ боб иборат мебошад, ки бахшхои адл, эҳсон, ишқ, тавозеъ, ризо, қаноат, тарбият, шукр, тавба, муноҷотро фаро гирифтааст. Дар қисмати аввали асар шоир аз сафару мулоқотҳо ва ҳақиқати ҳаёт донишу сабақи гирифтаи хешро таъкид намудааст:

Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтӯъ зӣ ҳар гӯшае ёфтам,
Зӣ ҳар хирмане хӯшае ёфтам.

«Бӯстон» сужети ягона надорад. Асар аз бобҳои ҷудогона ва аз ҳикоя гҳои алоҳида иборат аст, ки ҳар яке аз онҳо мавзӯъҳои мухталифро дар бар мегирад. «Бӯстон»-и Саъдӣ ҳамчун хазинаи илму дониш то имрӯз дар инкишофи мардум нақши муҳим дорад.

«Гулистон» дар зҷодиёти шоир ҷойи намоёнро ишгол менамояд. «Гулистон» дебочз ва ҳашт бобро дар бар мегирад. «Гулистои» соли 1258 эҷод шудаасг. Мақсаду мароми асосии Саъдӣ дар эҷод иамудани «Гулистон» ин панду андарзи мардумон будааст, ки худи шоир дар ин байт ба он ишора мекунад:

Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бар Худо кардему рафтем.

Мақсаду мароми «Бӯстон» ва «Гулистон» як аст. Ҳар ду асар фикру ақидаҳои пандуахлоқиро дар бар мегиранд. Фарқ дар он аст, ки «Бӯстон» бо назм ва «Гулистон» бо насри мусаҷҷаъ эҷод карда шудааст. Саъдӣ бо эҷоди «Гулистон» дар пайдоишу инкишофи насри мусаҷҷаъ саҳми бузург гузоштааст. «Гулистон» аз ҳикоятҳои хурд-хурди пандуахлоқй иборат мебошад. Ҳам «Гулистон» ва ҳам «Бӯстон» аз беҳтарин ёдгориҳои бадеии асри XIII маҳсуб мешавақц. «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ саршори панду ахлоқанд. Мероси адабии шоир бо забонҳои форсии тоҷикӣ ва арабй эҷод шудааст.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки ақидахои инсондӯстӣ, адолатпарварӣ, нафрат ба золимон, меҳнатдӯстӣ, тарғиби дӯстӣ мазмуни асосии мероси адабии шоирро дар бар мегиранд. Сарфи назар аз он ки Саъдӣ ҳамчун шоири ғазалсаро эътироф шудааст, вале тавассути «Бустон» ва «Гулистон» устоди панду ҳикмат маълуму машҳур гардидааст. Панду андарзҳои шоир дар тарбияи насли наврас имрӯз ҳам аз аҳамияти калон бархӯрдоранд.

Мақолаи қаблӣХаёт ва фаъолияти Мухаммад Авфии Бухорои
Мақолаи баъдӣХукуки шавхар дар назди зан