
Гран – при (фаронсавӣ Grand Prix, «ҷоизаи бузург») – мукофоти асосиест, ки дар озмуну мусобиқаҳо тақдим мегардад.
Истилоҳи «Гран-при» бори аввал соли 1721 дар Фаронса пайдо шуд ва Академияи илмҳои ин кишвар як системаи ҷоизаҳои академиро ҷорӣ намуд, ки нақши муҳимро дар рушду равнақи математикаву дигар фанҳои дақиқ бозид. Ба варзиш ин истилоҳ соли 1805 дар пойгаи аспҳо ворид гардид.

Ин истилоҳ дар миёнаҳои асри XIX барои аломатҳои пойга, бавижа дар шаҳрҳои По ва Париж мунтазам истифода мешуд ва анъанаи мазкур аз соли 1863 то ҳанӯз қатъ нагардидааст.
Дар иртибот ба автомобилҳо ибораи «Гран-при» бори нахуст соли 1901 истифода шуд. Баъдан ибораи мазкур аз тарафи Клуби автомобилҳои Фаронса мавриди таъйид қарор гирифт ва соли 1906 дар пойгаи Ле-Мане истифода гардид.


