Дар ин мақола маълумот дар бораи сачдаи сахв оварда мешавад.

Ҳар гоҳ ки фарз таъхир карда шавад, ё як воҷибе аз намоз ба фаромушӣ тарк гардад ва дар намоз ба ёд ояд, барои ҷабри нуқсони он намоз дар қаъдаи охир пас аз аттаҳиёт ба тарафи рост салом карда ба ҷой овардани ду саҷда воҷиб аст, инро саҷдаи саҳв (фаромушӣ) мегӯянд.
Ин ду саҷдаро ба ҷо оварда, дубора аттаҳиёт, дуруд ва дуо хонда, баъд ба ҳарду ҷониб салом диҳад.
Метавон пас аз амалҳои зерин саҷдаи саҳв кард: дар намоз дар қаъдаи аввала нанишаста, ба қиём рост шавад, ё аттаҳиётро дар қаъдатайн нахонад, ё замми сура накунад, ё дуъои қунут нахонад ва ғaйpa.
Агар яке аз воҷибот фаромӯш шавад ва ин ду саҷдаро ба ҷо наорад, намози вай саҳеҳ нест, аз нав хондани он лозим аст.
Агар саҷдаи саҳв фаромуш шавад, пас аз салом ба ёдаш ояд, ягон амале накарда бошад, сухан аз каломе накарда бошад, то ин вақт ру ба қибла бошад, агар чӣ пас аз салом дер гузашта бошад ҳам саҷдаи саҳв кунад дуруст бошад. Пас аз саҷдаи саҳв аттаҳиёт, салавот ва дуо хонда ба ду тараф салом диҳад.
Ба ду ё зиёда тарки воҷиб ҳам, як саҷдаи саҳв кифоя аст.


