Дар ин мақола амал ва ҳолатҳое, ки бо онҳо таҳорат мешиканад, меоварем. Оиди чӣ тавр таҳорат кардан метавонед дар ин мақола хонед—> Тарзи Таҳорат кардан

Амалҳое, ки бо онҳо таҳорат мешиканад инҳо мебошанд:
- Боде, ки аз қафо мебарояд.
- Наҷосате ки аз пешу пас хориҷ мешавад.
- Риму хуне, ки аз бадан баромада, ҷорӣ мешавад.
- Бинӣ ё дандонро хунолуд кардан. Кам ё зиёд қай кардани хуни суйуқ.
- Қай кардан бо пурии даҳон.
- Хоби такязада.
- Беҳуш шудан.
- Аз ақл бегона шудан (девонагӣ).
- Дар намоз истода хандидан бо қадре, ки шахси дар паҳлуяш будагӣ шунавад.
- Расидани олати зану мард дар ҳолати бараҳнагӣ.
- Аз қафо баромадани кирми меъда.
- Чизҳое, ки инсонро маст мекунад (Нӯшидан, кашидан ё бо сӯзан дору гузарондан).
Шиканандахои Тахорат, кадом амалхо тахоратро мешиканад, тахорат шикастан, чи тавр бояд намоз хонд



Агар пуст дар тезии ягон чиз харошида шавад хун намоён шудааст вале чори нашудааст бо пахта перекс кардам пахта хун олуд шуд агар пахта намерасондам хун намерафт хун чори набуд вале пахтаро расонидам пахта каме хун олуд шуд тахорат мешиканад
Риму хуне, ки аз бадан баромада, ҷорӣ мешавад.
1) Боде, ки аз қафо мебарояд.
Салом айлейкум, мегуфтед ки хангоми бод баромадан аз қафо истинчо кардан хатмист (хубаст?) е зарурат нест ?
Мубоҳ (раво) аст. Яъне ҳатмӣ нест ва хуб аст агар иҷро кунем.