Фазилати сахобагони Мухаммад (с)
1-Касе саҳобагонро дӯст медорад, Аллоҳ таоло вайро дӯст медорад ва касе саҳобагонро бад мебинад, Аллоҳ таоло вайро бад мебинад. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) дар мавриди саҳобагони ансор, яъне саҳобагони аз аҳолии Мадина чунин гуфтааст:
“عن البَرَاءَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:«الأَنْصَارُ لاَ يُحِبُّهُمْ إِلَّا مُؤْمِنٌ، وَلاَ يُبْغِضُهُمْ إِلَّا مُنَافِقٌ، فَمَنْ أَحَبَّهُمْ أَحَبَّهُ اللَّهُ، وَمَنْ أَبْغَضَهُمْ أَبْغَضَهُ اللَّهُ» (كذا في صحيح البخاري -5/ 32–3783)
“Ансорро ба ҷуз муъмин каси дигаре дӯст намедорад ва ба ҷуз мунофиқ каси дигаре бад намебинад. Пас касе ансорро дӯст бидорад Аллоҳ вайро дӯст медорад ва касе ансорро бад бубинад, Аллоҳ вайро бад мебинад”.
2-Вуҷуди саҳобагон сабаби дар амон будани дину ақидаи мусулмонон аз инҳирофҳои аҳли бидъат ва залолат аст. Чуноне медонем аксари гуруҳҳои бидъат ва залолат баъди вафоти саҳобагон ҳамчун мазҳаб буруз кардаанд ва ташаккул ёфтаанд. Аммо дар даврони ҳаёти асҳоби киром танҳо ашхоси парокандаи мунҳариф буданд ва саҳобагон намегузоштанд, ки онҳо сар бароранд. Муҳорибаҳои ҳазрати Алӣ ҳамроҳи саҳобагон бар муқобили тоифаи хавориҷиҳо ва шикаст хурдани он тоифаи залолат шоҳиди ҳол аст. Аз ҳамин ҷиҳат Пайғамбар (с) дар ривояти“Саҳеҳи Муслим”чунин гуфтааст:
“عَنْ ابي موسى الأشعري رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: «النُّجُومُ أَمَنَةٌ لِلسَّمَاءِ، فَإِذَا ذَهَبَتِ النُّجُومُ أَتَى السَّمَاءَ مَا تُوعَدُ،وَأَنَا أَمَنَةٌ لِأَصْحَابِي،فَإِذَا ذَهَبْتُ أَتَى أَصْحَابِي مَا يُوعَدُونَ،وَأَصْحَابِي أَمَنَةٌ لِأُمَّتِي، فَإِذَا ذَهَبَ أَصْحَابِي أَتَى أُمَّتِي مَا يُوعَدُونَ” (كذا في صحيح مسلم -4/ 1961-207 – 2531)
“Ситораҳо амон ва нигаҳбони осмонанд, чун ситораҳо аз байн бираванд бар сари осмон ончи меояд, ки хабар дода шудааст. Ман амон ва нигаҳбони саҳобагони худам мебошам ва чун вафот бикунам бар сари саҳобагонам ончӣ меояд, ки хабар дода шудаанд. Саҳобагони уммати ман амон ва нигаҳбони умматам мебошанд ва чун саҳобагон аз байн бираванд бар сари умматам ончи меояд, ки хабар дода шудаанд”.
Пайғамбар (с) саҳобагонашро аз вуқуи ихтилофҳо дар байнашон хабар дода буданд ва баъди вафоташ он ихтилофҳо воқеъ шуданд. Пайғамбар (с) умматашро аз фитнаву тафриқаҳо хабар дода буданд ва он тафриқаҳо баъди аз байн рафтани саҳобагон воқеъ шуданд ва ин ҳадиси саҳеҳ бар фазилату бузургии онҳо бар бақияи уммат далолат мекунад.
Мавзӯи пурраро инҷо хонед >> Саҳобишиносӣ
Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<
Саволу ҷавоби исломӣ


