Суннатҳои Ҳаҷ / Суннатхои Хач (шарҳи Чоркитоб)

0

Суннатҳои Ҳаҷ / Суннатхои Хач (шарҳи Чоркитоб)


Аз ҷумлаи суннатҳои ҳаҷ ин умур аст:

1-Қабл аз иҳроми ҳаҷ бастан нохунҳоро бигирад, мӯйҳои лабро кутоҳ кунад ва мӯйҳои аз зери бағал ва аз зери нофро бигирад.

2-Қабл аз иҳроми ҳаҷ бастан вузӯ ва ғусл бикунад.

3- Қабл аз иҳроми ҳаҷ бастан изор ва ридои ҷадид ё шусташудаи поку тоҳир бипушад.

4-Қабл аз иҳроми ҳаҷ бастан аз атру хушбӯи истифода бикунад.

5-Қабл аз иҳроми ҳаҷ бастан ду ракаъат намоз бигузорад.

6-Дар аснои ҳаҷ баъди ҳар намозе ё баъди баромадан ва фаромадани теппаҳо бо садои баланд бисёр талбия, яъне “Лаббайка…”-ро бигӯяд.


Мақолаи қаблӣВоҷиботи Ҳаҷ / Вочиботи Хач кардан (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣМамнуъоти ҳаҷ / Дар вақти Ҳаҷ чӣ корҳо дуруст нест?