Воҷиботи Ҳаҷ / Вочиботи Хач кардан (шарҳи Чоркитоб)

0

Воҷиботи Ҳаҷ / Вочиботи Хач кардан (шарҳи Чоркитоб).


Аз ҷумлаи амалҳои воҷиб дар ҳаҷ ин умур аст:

1-Аз миқот, яъне аз макони махсуси барои иҳром муқараршуда ҳамроҳ бо талбия гуфтан нияти ҳаҷ кардан ва иҳром бастан.

2- Дар Арафот то баъд аз шом вуқуф кардан.

3- Дар Муздалифа шаб хоб кардан.

4-Дар Муздалифа намози шому хуфтанро ҷамъи таъхир хондан, яъне ҳар дуро дар вақти намози хуфтан хондан.

5- Шайтонро санг задан. Бояд дониста шавад, ки шайтонро дар чаҳор рӯз, яъне дар рӯзи иди қурбон ва се рӯзи баъди он санг зада мешавад.

6- Бо таҳорат тавоф кардан.

7- Дар аснои тавоф фарзии сатри авратро риъоя кардан.

8-Аз Ҳаҷаруласвад тавофи худро оғоз кардан.

9- Қадам зада тавоф кардан, магар ки маъзур бошад.

10-Баъди тавоф дар мақоми Иброҳим (а) агар имкон дошта бошад ва ё дар ғайри он ду ракаъат намоз хондан.

11- Дар рӯзҳои қурбонӣ тавофи худро анҷом додан.

12- Дар ҳарам ва дар рӯзҳои қурбонӣ ҳадяи худро забҳ кардан.

13-Бо тарошидан ё кутоҳ кардани мӯйҳои сар аз иҳроми ҳаҷ хориҷ шудан.

14- Дар рӯзҳои қурбонӣ ва дар ҳарам мӯйҳои сарро тарошидан ё кӯтоҳ кардан.

15-Дар рӯзи иди қурбон аввалан шайтонро санг мезанад ва баъд аз он гусфанди ҳадяро забҳ мекунад, албатта агар ҳаҷи таматтуъ ё қирон карда бошад. Баъди забҳ мӯйҳои сарашро метарошад ва ё кӯтоҳ мекунад ва баъди он аз Мино ба Макка меравад ва тавофи фарзӣ, яъне тавофи зиёратро анҷом медиҳад.

16-Тавофи  видоъ, яъне хайру хуш бо Хонаи Аллоҳ барои ҳоҷиёни аз хориҷи Макка омада.


Мақолаи қаблӣАркони Ҳаҷ / Рукнҳои Ҳаҷ / Фарзҳои Ҳаҷ (фароизи Хач кардан)
Мақолаи баъдӣСуннатҳои Ҳаҷ / Суннатхои Хач (шарҳи Чоркитоб)