Фарки сахобагон аз пайгамбарон. Фарқи саҳобагон аз пайғамбарон
1- Пайғамбарон дар мақому мартабаи аввали башарӣ қарор доранд ва саҳобагонашон баъди онҳо дар мақоми дуввум.
2- Пайғамбарон алайҳимуссалом иртибот бо ваҳйи илоҳӣ доранд ва ба онҳо ваҳйи карда мешавад, валекин саҳобагон иртибот ба ваҳйи надоранд ва ба онҳо ваҳйи карда намешавад.
3- Пайғамбарон алайҳимуссалом дар расонидани аҳкоми дин маъсум ва маҳфузи аз хатоанд, вале саҳобагон маъсум намебошанд ва дар таблиғи шариъат сар задани хато аз онҳо имкон дорад.
4- Пайғамбарон алайҳимуссалом шореъ, яъне соҳиби шариъат мебошанд ва бо иҷозат ва амри Аллоҳ таоло баъзе ашёро ҳалол ва баъзе дигарашро ҳаром ва баъзе ҳукмҳои шариъатро мансух ва ҳукми баъзе дигарашро тағйир медиҳанд, вале саҳобагон шореъ намебошанд ва чунин ҳуқуқ надоранд ва ҳеҷ чизеро аз пеши худ ҳалол ё ҳаром карда ва ё мансух кардаву тағйир дода наметавонанд.
5- Пайғамбарон барои таъйид ва тасдиқи пайғамбарияшон бо мадад ва ёрии Аллоҳ таоло ҳар замоне бихоҳанд ва ё аз онҳо талаб карда шавад корҳои фавқулодаеро нишон медиҳанд, ки онҳоро муъҷиза меноманд ва ғайри пайғамбарон аз зоҳир кардани чунини муъҷизаҳо оҷизу нотавонанд.
Аз баъзе саҳобагон ва авлиёуллоҳи ғайри саҳоба корҳои фавқулодае зоҳир шудааст ва дар ҳар замоне Аллоҳ таоло бихоҳад, то рӯзи қиёмат, зоҳир мешавад ва онро каромот мегӯянд, вале каромоти авлиё бо вуҷуди кори фавқулода буданаш мисли муъҷизаи пайғамбарон нест. Зеро муъҷиза бо ихтиёри пайғамбарон ва ҳар замоне бихоҳанд зоҳир мешавад, вале каромот бидуни ихтиёри саҳобӣ ва валӣ зоҳир мешавад. Чун авлиё иртибот бо ваҳйи надоранд ҳар замоне бихоҳанд ва ё аз онҳо талаби каромот карда шавад каромот нишон дода наметавонанд, балки замоне Аллоҳ таоло муносиб бубинад аз авлиё каромот зоҳир мешавад.
6-Баъзе хобҳои пайғамбарон ваҳйи илоҳӣ мебошанд ва дар хобашон дастур ба амале дода мешаванд ва он амал барои пайравонашон ҳукме аз аҳкоми шариъат аст. Аммо хоби саҳобагон ваҳйи намебошад ва он метавонад мужда ва башорат бошад, ки сабаби тақвияти имон ва ихлосашон мешавад.
7-Пайғамбарон алайҳимуссалом аз гирифтор шудан ба куфру ширк ва содир кардани гуноҳони кабира маҳфуз мебошанд, вале саҳобагон аз ин умур маҳфуз намебошанд ва гирифтор шудан ба куфру ширк ва содир кардани гуноҳи кабира онҳоро таҳдид мекунад.
Мавзӯи пурраро инҷо хонед >> Саҳобишиносӣ
Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<
Саволу ҷавоби исломӣ


