Хона ва муҳити оила як дунёи кӯчаке беш нест, лекин неъмати бисёр гаронбаҳост. Вақте, марду зан аз корҳои рӯзона ва доду фарёди берун хаста шуда, ба хона паноҳ мебаранд, вақте, аз кашмакашҳову нофаҳмиҳо ва сахтиҳои зиндагӣ ба танг омада, барои истироҳат ба хона мераванд, ҳатто, вақте, аз гардишу тамошо хаста мешаванд, дар хона оромиш меёбанд. Оре, хона беҳтарин осоишгоҳест, ки инсон метавонад дар он ҷо истироҳат намояд. Хона ҷои унсу меҳрубонӣ, сафову самимият ва оромиш аст. Маъмулан занон бар асоси алоқа ва майли фитрияшон идораи ин пойгоҳи эҳсоси зиндагиро ба уҳда мегиранд ва бо майлу рағбат ҳамаи вуҷуди худро барои он ба кор мебарад. Аз ҳамин рӯй хонадорӣ касби бисёр обрӯманду пурифтихорест, ки метавонад дараҷаи лаёқату ҳунарнамоии бонувонро нишон диҳад.
Яке аз корҳои муҳими хонадорӣ тоза кардани манзил ва асбобҳои лозимии зиндагист. Тозагӣ ба беҳдошту ҳифзи саломатии аҳли хона кумак мекунад ва сар задани бисёре аз бемориҳоро пешгирӣ менамояд. Зиндагӣ кардан дар хонаи тозаву ороста фараҳбахшу рӯҳафзост, майлу рағбати мардро ба сӯйи хона зиёда месозад, сабаби обрӯ ва сарбаландии хонавода аст.
Хонаро ҳамеша поку тоза нигоҳ доред. Дар тӯли шабонарӯз агар ҷое ифлос шуд, зуд покаш кунед ва онро барои вақти муайяни хонарубӣ нагузоред. Дару девор ва сақфи утоқҳоро гардгирӣ кунед. Тори тортанакҳоро бигиред, мизу курсиҳо ва мебелу дигар асбобу анҷоми хонаро аз гарду хок тоза кунед. Шишаҳои дару тирезаҳоро шӯед. Партову хокрӯбаҳоро дар зарфи сарпӯшидае рехта, аз ҳудуди утоқҳову ошпазхона дур нигаҳ доред, то мабодо хӯрокҳои шуморо олудаву ифлос гардонанд, зуд-зуд онро холӣ кунед, то зиёд истода бадбӯй нагарданд ва манбаи пайдоиши микробҳо нашаванд. Ба таври куллӣ сайъ кунед, ягон ҷои манзилро ба маҳалли ифлосиву пайдоиши микроб табдил надиҳед. Либосҳои худатон ва аҳли оилаатонро ҳамеша тозаву покиза нигоҳ доред, махсусан либосҳои зерпӯш, ки ҳамеша бо ҷисми мо тамос доранд.
Гӯшту лӯбиёгиҳо ва дигар пухтаниҳоро пеш аз пухтупаз хуб бишӯед, махсусан, сабзавотҳоро чандин маротиба бо диққат бишӯед, зеро мумкин аст, ба микробҳову тухми кирмҳои дарунии ба инсон хатарнок олуда бошад ва ба саломатии шумо зарбаи сахте ворид кунад. Қабл аз хӯрокхӯрӣ дастони худатон ва тифлонатонро покиза бишӯед, агар бо қошуқу чангол ҳам ғизо мехӯред, боз ҳам беҳтар аст дастонатонро бишӯед, то мабодо олуда бошад ва ба саломатии шумо латма бизанад. Баъд аз хӯрдани хӯрок ҳам дасту даҳонатонро бишӯед, дандонҳоятонро низ тоза кунед, зеро мумкин аст, зарраҳои хурди ғизо дар гӯшаву канори даҳон ва байни дандонҳо бимонад ва ба пайдо шудани микробҳо мусоидат намояд.
Як хонаи мураттабе, ки ҳар як ашёву анҷоми он дар ҷои зарурии худ ба тартиби муайян чида шуда бошад, аз хонаи бетартибу ифлос ва ба ҳам рехта бартарӣ дорад. Аввалан, назму тартиби махсус ба манзил сафову равнақ ва зебоӣ мебахшад, тамошои гаштаву баргаштаи хона табъи касро хира намекунад, балки роҳатбахшу дилпазир хоҳад буд. Дувум, анҷоми корҳои хонадориро осон мекунад, вақти кадбонуи хона беҳуда талаф намешаваду аз корҳои сангин хаставу афгор намегардад. Севум, муҳити тозаву ороста ва босафои хона, ки аз салиқаву завқи баланди кадбонуи хона хабар медиҳад, марди хонаро ба манзилу зиндагӣ алоқаманд сохта, аз хатарҳои беҳудагардиву афтодан дар домҳои фосид нигоҳ медорад.
Бо хариду доштани ашёву анҷоми бошукӯҳ зиндагӣ зебо намешавад, балки назму низоми махсус зебоӣ меофарад. Худи шумо ҳатман хонаводаҳои бою сарватмандеро дидаед, бо ин ки аз тамоми ашё ва навъҳои гуногуни лавозими бошукӯҳи рӯзгор камбудӣ надоранд, аммо зиндагии онҳо чун сару калобае надорад, сафову баракат ва равнақе ҳам надорад ва аз дидани он одам ғамгин мешавад. Баръакс, хонаводаҳои фақиру камбағалеро дидаед, ки дар ҳоли доштани ҳаёти фақирона, зиндагии зебову роҳатбахше доранд, чун ҳамон асбобу анҷоми мухтасару кам бо тартибу низом ва покиза аст. Аслан, магар зебоӣ ғайр аз назму тартиби хос чизи дигаре ҳаст? Бинобар ин яке аз корҳои муҳимми рӯзгордорӣ риояти назму низом ва тартиби хона аст. Бонувони хушсалиқаву боҳуш худашон беҳтар медонанд, ки ашёву анҷоми хонаро чӣ гуна ба тартиб биёранд. Албатта, назму низом хуб аст, лекин на ба андозае, ки шуморо аз осоишу роҳат маҳрум кунанд. Агар аз ҳадди маъмуливу одӣ гузашт, ба ҳассосияту маҳви озодиятон табдил мешавад, ки худи он яке аз мушкилоти асосии хонаводаҳо ба ҳисоб меравад. Дар ҳеҷ коре зиёдаравию азҳадгузаронӣ накунед, балки миёнаравӣ дар ҳар ҳолат аз беҳтарин амалҳост. На ба миқдоре бепарво бош, ки хонаат аз назму низом хориҷ шавад ва на он қадар ба тозагии аз ҳад зиёд худатро вобаставу ҳасос кун, ки оромишу осоишатро барҳам занад.
Яке аз корҳои муҳими хонадорӣ пухту паз ва тайёр кардани хӯрок аст, ки дараҷаи кордониву салиқаи бонувонро муайян мекунад. Чӣ хеле ки русҳо мегӯянд: «Роҳ ба сӯи қалби мард ба воситаи меъдааш мебошад».
Кадбонуе, ки битавонад, хӯрокҳои лазизу хушмазза омода кунад, бо ин восита дар дили шавҳараш ҷои махсусеро ишғол карда, ӯро ба зиндагӣ дилгарму алоқаманд месозад ва кам иттифоқ меафтад, ки ба ҳаваси хӯрдани таомҳои лазиз ба тарабхонаҳо биравад. Интихоби ғизо бар уҳдаи бонувон аст, пас, сиҳатӣ ва саломатии хонавода дар дасти онҳост. Бинобар ин бонуи хонадор масъулияти бисёр сангине бар дӯш дорад, ки агар андаке дар ин бора беаҳамиятӣ кунад, мумкин аст, худашу шавҳараш ва фарзандонашро дар маърази бемориҳои сахт қарор диҳад. Илова бар ин, ки пазандаи моҳире аст, бояд як табиби ҳозиқ ҳам бошад. Набояд мақсадаш танҳо пур кардани шиками аҳли хонавода бошад, балки дар марҳалаи аввалиндараҷа маводеро, ки барои ҳифзи саломативу таъмини захираҳои ғизоии бадан зарурат дорад, дар назар бигирад ва муайян кунад, ки маводҳои лозимӣ дар кадоми яке аз хӯрданиҳо ва ба чӣ миқдор вуҷуд дорад, он гоҳ тибқи ниёзмандиҳои гуногуни бадан аз хӯрданиҳо интихоб кунад ва бахши барномаи хӯрок қарор диҳад. Дар айни ҳол бикӯшад, ғизоҳои заруриву муфидро дар шакли дилпазир омода сохта, ба хонавода пешкаш намояд.
Яке аз корҳое, ки барои ҳар хонаводае пеш меояд, меҳмондорист. Ба қадре, ки метавонем онро аз заруриятҳои ҳатмии зиндагӣ бидонем. Меҳмоннавозӣ расми хубест, дилҳоро бо ҳам мепайвандад, боиси меҳру муҳаббат мешавад, кинаҳову кудратҳоро бартараф месозад. Ҳамнишинӣ ва омадурафт бо дӯстону хешон яке аз беҳтарин истироҳати солим ба шумор меравад. Рӯҳу равони инсон дар ин дарёи пурталотуми зиндагӣ эҳтиёҷ ба оромиш дорад, чӣ оромише беҳтар аз ин дарёфт мешавад, ки ҷамъе аз дӯстону хешони бовафо дар маҷлисе гирд оянд? Мушкилоти зиндагиро муваққатан ба гӯшаи фаромӯшӣ бисупоранд, бо суханони ширину гуворо маҳфилашонро бо сафо созанд, ҳам истироҳату қуввату нерӯи нав бигиранд ва ҳам пайванди дӯстияшонро мустаҳкам созанд. Оре, меҳмондорӣ расми хубест ва камтар касе пайдо мешавад, ки ҳусну хубии онро инкор кунад, лекин ду мушкилии бузурге ба вуҷуд омадааст, ки аксари хонаводаҳо то метавонанд, аз меҳмону меҳмондорӣ даст мекашанд ва то зарурати муҳимме пеш наояд, ба он тан намедиҳанд.
Мушкили аввал, зебу зиннати зиндагӣ ва таассубу ҳасади беҷои мардум ба якдигар зиндагиро душвор сохтааст. Ашёву анҷом ва лавозимоти манзил, ки барои бартараф кардани эҳтиёҷ ва таҳсили бароҳат буданд, вазифаи аслии худро аз даст дода, ба асбоби зебу зиннат ва худнамоии шукӯҳу дороӣ табдил ёфтааст. Ҳамин мавзӯъ сатҳи меҳмониҳо ва рафтуомадҳои дӯстонаро коҳиш додааст. Шояд аксари мардум моил бошанд, ки бо дӯстону хешовандонашон рафтуомад дошта бошанд, лекин чун натавонистаанд, бар тибқи хостаи дилашон асбобу анҷоми рӯзгор ва зебу зиннати хонаро фароҳам созанд ва зиндагии хешро ноқис меҳисобанд, аз рафтуомад бо дӯстону хешовандон дурӣ меҷӯянд. Магар дӯстон барои тамошои асбобу анҷоми «люкс»-и манзили шумо меоянд? Агар чунин мақсад доранд, беҳтар аст ба фурӯшгоҳҳои «Волна» ва «Самсунг» ва музею осорхонаҳо бираванд. Магар намоишгоҳи ашёву анҷоми «люкс» кушодаед ва барои худнамоӣ онҳоро ба манзил даъват менамоед?
Рафтуомад барои унсу муҳаббат ва истироҳат аст, на барои фахру такаббур ва худнамоӣ. Ба эҳтимоли зиёд онҳо ҳам аз ин рақобатҳо ва зебу зиннатпарастиҳо ба танг омадаанд ва содагиро дӯст медоранд, лекин ин қадар ҷуръат надоранд, ки ин расми хатову ғалатро поймол созанд ва худашонро аз ин қайду бандҳо озод намоянд. Агар шумо бо содагӣ онҳоро меҳмондорӣ кунед, на танҳо бадашон намеояд, балки хушҳол ҳам мешаванд. Баъдан аз ҳамин равиши содаи шумо пайравӣ намуда, бе ягон ташвишу сахтӣ аз шумо пазироӣ хоҳанд кард. Дар ин сурат метавонед, бо камоли содагӣ рафту омад намуда, аз неъматҳои меҳру муҳаббат баҳраманд гардед. Аз ин рӯ ин мушкилро метавон ба осонӣ ҳал кард, вале каме ҷуръату шуҷоат лозим аст.
Мушкили дувум, корҳои сангину душвори меҳмондорӣ аст. Бонувон ночоранд, дар зарфи чанд соати тӯлонӣ барои нафарони зиёде хӯрокҳои гуногуни бисёр фароҳам созанд. Ба ҳамин иллат маъмулан, баъзе хӯрокҳо мутобиқи хоста омода намешаванд, ё вайрон мешаванд. Дар он маврид мард аз як тараф нороҳат мешавад, ки ин қадар пул харҷ кардам, дар айни ҳол бо ин ғизоҳои харобу вайрон обрӯям рехт. Зан аз тарафи дигар нороҳат аст, ки ин қадар заҳмат кашидаму айни ҳол пеши меҳмонҳову шавҳарам шарманда шудам ва бадтар аз ҳама ҷавоби ғур-ғурҳои шавҳарамро чӣ бигӯям? Аз ин ҷиҳат камтар маҳфилҳое мебинем, ки бе изтиробу ҳаяҷон ба поён бирасад. Ҳамин кор сабаб мешавад, ки хонаводаҳо аз меҳмонӣ кардан гурезон мешаванд ва аз тасаввури он ба худ меларзанд.
Меҳмондорӣ кори осонест, вале мушкилӣ ин ҷост, ки баъзе аз бонувон роҳу расми меҳмондориро хуб намедонанд ва мехоҳанд дар муддати 2-3 соат корҳои зиёд ва душвореро анҷом диҳанд, дар сурате, ки метавон бо кордонию тадбир, хубию осонӣ беҳтарин маҳфилро баргузор кунад. Асли меҳмонӣ эҳтироми меҳмон бояд бошад, на худнамоишдиҳии мизбон. Агар меҳмонӣ содаву самимӣ бошад, меҳмонро низ аз ин тарзи меҳмондорӣ хушаш омада, бо як олам таассуроти нек аз даргоҳи шумо берун мешавад.
Корҳои хона хеле зиёд аст ва барои ҳамаи корҳоро ба хубӣ анҷом додан аз бонуи хонадон вақти зиёдро талаб мекунад. Махсусан, агар дорои фарзанди бисёри пай дар пай бошад, лекин аксари бонувон вақти истироҳату фароғат ҳам доранд. Ҳар касе вақти холияшро ба як тарзе мегузаронад. Қисме аз бонувон онро беҳуда талаф намуда, кори судманде анҷом намедиҳанд, ё бе ҳадафи муайян дар хиёбонҳо беҳудагардӣ мекунанд, ё суханони пучу бемағз ва нағмаву навое гӯш медиҳанд, ки ғайр аз талаф додани вақту хасташавии асаб ва фасоди ахлоқ натиҷаи дигаре надоранд. Ин гуна шахсон ҳатман фоидае намегиранд, зеро вақти истироҳат низ аз умри инсон ҳисоб мешавад ва талаф додани фурсати бебаҳои умр пушаймонӣ дорад.
Одами бекор ба фикр фуру меравад ва барои хештан ғаму ғӯсса пайдо мекунад. Баъд аз ғаму ғӯсса ҳам заъфи асаб ва парешонӣ рух медиҳад. Хушбахт касест, ки ғарқи кор бошад ва вақти истироҳат низ дошта бошад ва дар бораи хушбахтиву бадбахтии хеш фикр кунад. Ба кор машғул шудан амали лаззатбахшест. Ашхоси бекор доимо пажмӯрдаву афсӯрдаанд.
Мувофиқи завқи худатон ва машварат бо шавҳаратон як соҳаи илмиро интихоб кунед. Китобҳои вобаста ба он соҳаро омода намуда, дар соатҳои истироҳат машғули мутолиа шавед ва рӯз ба рӯз ба фазилатҳову камолоти худатон биафзоед. Ба ин баҳона беҳтарин саргармӣ ва истироҳатро хоҳед дошт ва рӯзбарӯз бар маърифату фазилати шумо афзӯда хоҳад шуд. Агар аз паи кор шавед, дар ҳамон соҳа тахасус пайдо мекунед. Метавонед, ба ин восита хидмати илмии арзандае аз худатон ёдгор бигузоред.
Агар хоҳиши мутолиа ва таҳқиқ надоред, метавонед як бахше аз ҳунарҳои мардумӣ ва дастиро ёд бигиред ва дар фурсатҳои фароғат машғул бошед, масалан дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ, гулсозӣ, бофандагӣ корҳои хубе ҳастанд. Ҳар яке аз онҳоро, ки дӯст медоред, ёд бигиред ва анҷом диҳед. Ба ин баҳона ҳам саргармии хубе хоҳед дошт, ҳам завқу ҳунари хешро намоён месозед ва ҳам даромаде пайдо мекунед, ки метавонед ба буҷаи хонавода кумак намоед.
Баъзе аз мардҳо дӯст медоранд дар хона машғулияту саргармии махсусе дошта бошанд, ё навъҳои гуногуни маркаҳо ва ё аксҳои мухталифро ҷамъоварӣ менамоянд, ё намунаи хатҳо ва имзоҳоро таҳия менамоянд, ё китобҳои хаттӣ ва чопиро ҷамъ мекунанд, ё ба парвариши ҳайвонот аз қабили аспу саг ва булбулу кабк алоқаманданд, ё ба рассомӣ ва корҳои ҳунарӣ мепардозанд, ё ба гулкорию кандакорӣ дилбаста мешаванд, ё ба хондани китобу маҷаллаҳо машғул мешаванд. Ин гуна саргармиҳоро метавонем, аз беҳтарин истироҳати солим ҳисоб кунем. На танҳо зараре надоранд, балки фоидае ҳам доранд. Мардро ба хона дилбаставу пайванд мегардонад. Нигарониҳои рӯҳӣ ва хастагиҳои асабро бартараф месозанд. Бинобар ин занҳо ин гуна шуғлҳои ҳамсарашонро ҷиддӣ қабул карда, корҳояшонро аҳмақонаву бефоида ҳисоб накунанд, балки бештар ташвиқашон кунанд ва дар ҳолатҳои даркорӣ бо ӯ ҳамкорӣ намоянд.
Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ