Шеър дар бораи занги охирин. Шеъру сухан дар бораи занги охирин. Шери занги охирин мактаби. Мезана зангула занги охирин. Хайр Мактаб.

Хайр мактаб, хайр ҳамсинфони ман,
Хайр ёру хайр устодони ман.
Ҳар кучое, ки равем ҷовид бод,
Меҳратон дар синаву дар ҷони ман!
ЗАНГӮЛА
Дӯстон рафтанд ҳар сӯ дар талоши зиндагӣ,
Аз барои ризқи пошида ба ҳар самти ҷаҳон.
Он яке ошиқ шуду рафт аз қафои духтаре,
Дигаре бигзашт аз ёраш ба ҳукми дигарон.
Занги охир бурд моро ҳар куҷо аз ҳам ҷудо,
То ҳанӯзам гиряи занги ҷудоӣ дар дил аст.
Баъд аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто лаҳзае
Назди мактабхона моро ҷамъ кардан мушкил аст.
Шеъри шогирдонаи ёрест андар дафтарам,
Байтҳояш бебарору берадифу беҷило.
Ҳамчунон ки ишқи байни мо нашуд ҳамқофия,
Чун дили мо, ки нашуд бо ҳам қарину ҳамсадо.
Дар сари паймонаи май, дар сари дасторхон
Мо қасам хурдем дар роҳи садоқат бешумор.
Ҳамчу ҷоми дасти бадмасте қасамҳо ҳам шикаст,
Шишаи холист аз он базм бар ман ёдгор.
Оҳ, мехоҳам дилам зангӯлаи мактаб шавад,
Дӯстонро ҷамъ созад, оварад пеши назар.
Як нафас ёди ҷавонӣ бурдаву ҳасрат кунем,
Бишмарем ожангҳои рӯйҳои якдигар.
То бубинам, Устоди зиндагӣ дар тӯли умр
Дар ҷабину рӯю мӯҳошон чиҳо бинвиш-тааст.
То бубинам, дар раху дар ҷӯяи ожангҳо
Деҳқони зиндагӣ аз худ чӣ тухме киштааст.
Оҳ, мехоҳам дилам зангӯлаи мактаб шавад,
Созад аз дидори ёрони ҷавонӣ шодмон.
Гаштаю баргашта хонам чун китоби хотирот
Сафҳаи пешонию хатҳои чини рӯяшон.
Лоиқ Шералӣ
ЗАНГИ ОХИРИН
Як нафас боз сабр бинмоед,
Чеҳраҳотон ба ёди худ гирам,
Дӯстон, дӯстони ҳамдарсам,
Пас равам ҷустуҷӯи тақдирам.
Ёдҳо, чеҳраҳою хислатҳо,
Ҳазлу шӯхӣ, латифагӯиҳо –
Олами чун фасона ширине
Чун насиме гузашту рафт аз мо.
Дона будем дар қади хӯша,
Вақташ омад, ҷудо шудем аз ҳам.
То ки з-он дона хирмане рӯяд,
Роҳ ҷӯем бар дили одам.
Боз дар пеш рӯзҳои нав,
Насяву нақд, гиряву ханда.
Ҳар кӣ бо пои хеш раҳрав шуд.
Гоҳ ҷамъем, гаҳ пароканда.
Фасли бебозгашти дилбозӣ,
Шавқи тасхири осмони баланд,
Фикри ояндаву сарафрозӣ
Кард моро ба зиндагӣ пайванд.
Роҳ яктост сӯи оянда,
Сӯи як раҳ ҳазор раҳ бояд.
Сӯи ин роҳ то ки раҳ ёбем,
Хотири мо даме наёсояд.
Пой то сар умеду мақсудем,
Ҳар ками мо ба ҷои бисёр аст.
Гар ҷавонист фасли обутоб,
Баъди он нангу нузҳату ор аст.
То нагӯем: «Ҳасрато, ҳайфо,
Навҷавонию фасли афсона!»
Дар раҳи сӯи пирӣ рафтанҳо,
Дӯстонам, бувем мардона!
20.5.1963 Лоиқ Шералӣ
ХАЙР, МАКТАБ!
Боз ҳам айёми тобистон расид,
Боз ҳам таътили тобистона шуд.
Мекунем имрӯзҳо мо хайрухуш
Боз ҳам бо мактаби маҳбуби худ.
Хайр, мактаб! Хайр, то таҳсили нав!
Хуш бимон, эй хонаи уммеди мо!
Ҳар куҷо бошем, меҳри поки ту
Дар дили мо ҷой дорад доимо…
Алӣ Бобоҷон
ЗАНГИ ОХИРИН
Ҳар гаҳе саргарми фикр аз назди мактаб бигзарам,
Ман садои форами ин занги мактаб бишнавам.
Занги мактабро шунида боз хушёр мешавам,
Бар ҷавоби дарси нав гӯё, ки тайёр мешавам.
Он замон ояд ба ёдам давраҳои бачагӣ,
Хонда будам назди устод шеърҳои Рӯдакӣ.
Дил бихоҳад андаке, панди устод гӯш кунам,
Бори дигар сӯҳбати он дӯстонро гӯш кунам.
Он ҳама рӯзҳои фирӯзи ҳаётам зинда бод,
Ёди неку панди устодон ҳамеша зинда бод!
Шералӣ ТАБАРОВ
ЗАНГИ ОХИР
Занги охир –
лаҳзаи пуршӯри худро
бар кафи хотир супурдан,
Бори худро бар давоми ҷода бурдан.
Занги охир –
то дари пирӣ расидан
номае овеза зери остин,
хандаҳову гиряҳои
дар муҳаббат вопасин.
Аз садои занги аввал
ҳар яке хушнуд буд,
Кай ғами падруд буд?
Бо садои занги охир
дил пур аз ғам мешавад.
Дидаи ҳар як нафар нам мешавад.
Омад акнун
лаҳзаи падруд бо устодҳо,
Шӯр бахшад ёдҳо,
Ҳар нафар монад қадам
бар остони зиндагӣ,
Бо умеду орзу,
Пас, намояд роҳи худро ҷустуҷӯ.
Занги охир –
Занги бедории ботин,
К-аз ғурури наврасӣ,
Даррасад бар муҳтавояш ҳар касе.
Ранг мегирад
дар ин дам
лолаи сабзи таманно,
То бимонад дар дили мардум ҳино.
Боз мемонад нигоҳе дар замир,
Чеҳрае дар ёду ҳуш,
Ёди ширини ҷавонӣ
мешавад ҳамроҳ низ,
Беҳтар аз ҷони азиз
Дохили мо зиндагонӣ мекунад,
Комронӣ мекунад.
Даври таҳсил
ҷилди пур аз сафҳаҳост,
ки ба фасли занги охир
мерасад бар интиҳо.
З-ин сабаб
дар ёд биспорем мо:
Ҳарфҳоро аз алифбо,
Лаҳзаҳоро аз дақоиқ,
Номаҳоро аз лифофа,
Чеҳраҳоро аз китоби ҳусни ёру ошно.
Рӯбарӯи лаҳзаҳо истода гӯям:
Хайр, эй айёми мактаб!
Ман шуморо
ҳамчу ёрони гиромӣ дӯст дорам,
Ёдатон дар дил супорам.
Нақшатон тасвир бинмоям ба ҷон,
Ҳам нависам бо умеди рӯзи ҳосил
номатон дар сафҳаи дил.
Хусрав Саъдуллоҳ
Занги охирин, шеър дар бораи занги охир, шеърхо занги охир.


