Рафъи ядайн (бардоштани дастҳо) Масъалаи ихтилофӣ дар Намоз

0

Рафъи ядайн – Масъалаҳои ихтилофӣ дар Намоз – шарҳи Чоркитоб. Рафъи ядайн – Масъалахои ихтилофи дар Намоз – шархи Чахоркитоб.


Мурод аз рафъи ядайн баробари китфҳо ё баробари гӯшҳо бардоштани дастон дар намоз мебошад ва дар ин мавзӯъ бояд чанд нуктаро дониста шавад:

1- Бардоштани дастон дар се ҳолати намоз:

1- Дар ибтидо ҳангоми такбир гуфтан.

2- Дар ҳолати ба рукуъ рафтан ва аз рукуъ боло шудан.

3- Дар ҳолати ба саҷда рафтан ва аз саҷда боло шудан аз тариқи панҷоҳ саҳобӣ ривоят шудааст ва аз ҷумлаи ҳадисҳои мутавотири маънавӣ мебошад, ки Имом Суютӣ ҳадисҳои рафъи ядайнро дар китобаш “Ал-азҳорул мутаносира фил ахбори мутавотира” дарҷ кардааст.

2-Рафъи ядайн дар ибтидои намоз: Ба иҷмоъ ва иттифоқи фуқаҳои чаҳор мазҳаб дар ибтидои намоз, яъне ҳангоми такбири иҳроми намоз бастан бардоштани дастон собит аст ва ҳукмаш суннат аст.

3-Рафъи ядайн ҳангоми ба саҷда рафтан. Ба иҷмоъ ва иттифоқи фуқаҳои чаҳор мазҳаб бардоштани дастон ҳангоми ба саҷда рафтан ва аз саҷда боло шудан собит аст, вале амали ҳукмаш мансухшуда мебошад ва дар чунин ҳолат рафъи ядайн карда намешавад.

4-Рафъи ядайн ҳангоми ба рукуъ рафтан ва аз рукуъ боло шудан.

Дар ҳолати ба рукуъ рафтан ва аз рукуъ боло шудан рафъи ядайн масъалаи ихтилофӣ буда аз дидгоҳи фуқаҳои ҳанафӣ ва моликӣ ҷоиз нест ва аз дидгоҳи фуқаҳои шофеъӣ ва ҳанбалӣ суннат ё мустаҳаб аст.

Навъи ихтилоф. Ихтилофи уламои ҳанафӣ дар масъалаи рафъи ядайн ду навъ аст:

1-Ихтилофи дар машруъият.

2-Ихтилофи дар авлавият.

Аз дидгоҳи аксари уламои ҳанафӣ, амсоли имомон Таҳовӣ, Ибни Ҳуммом, Айнӣ ва дигарон раъфъи ядайн дар ҳолати рукуъ амали собити ҳукмаш мансух аст, ҳамчуноне дар ҳолати саҷда мансух шудааст.

Аз дидгоҳи баъзе уламои ҳанафӣ, мисли Абдуллоҳ ибни Муборак шогирди Имом Абуҳанифа ва Исом ибни Юсуфи Балхӣ шогирди Имом Абуюсуф, ки ҳарду ҳангоми намоз рафъи ядайн мекарданд ва мисли Абубакри Ҷассоси Розӣ, Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ, Абдулҳайи Лакнавӣ ва дигарон ихтилофи дар ин масъала дар авлавият аст. Яъне ҳукми ҳадисҳои рафъи ядайн ҳангоми рукуъ мансух нашудааст, вале муъориз доранд ва аз ҳамин ҷиҳат авло рафъи ядайн накардан аст.


Далелҳои мавзӯъ

Аз ҷумлаи ҳадисҳои бардоштани дастонро дар ҳолати ба рукуъ рафтан ва аз рукуъ боло шудан собиткунанда ин ривояти “Саҳеҳи Муслим” аз Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳумо аст. Лафзи ҳадис чунин аст:

“وفي صحيح مسلم -1/ 292/ 22 – 390:عَنْ سَالِمِ بْنِ عَبْدِ اللهِ، أَنَّ ابْنَ عُمَرَ، قَالَ: «كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا قَامَ لِلصَّلَاةِ رَفَعَ يَدَيْهِ حَتَّى تَكُونَا حَذْوَ مَنْكِبَيْهِ، ثُمَّ كَبَّرَ، فَإِذَا أَرَادَ أَنْ يَرْكَعَ فَعَلَ مِثْلَ ذَلِكَ، وَإِذَا رَفَعَ مِنَ الرُّكُوعِ فَعَلَ مِثْلَ ذَلِكَ، وَلَا يَفْعَلُهُ حِينَ يَرْفَعُ رَأْسَهُ مِنَ السُّجُودِ»

 “Пайғамбар (с) ҳар боре барои гузоридани намоз истод мешуданд дастонашро баробари китфҳояш мебардошт ва сипас такбир мегуфт. Ҳар замоне мехост рукуъ бикунад инчунин мекард, яъне дастонашро баробари китфҳояш мебардошт ва ҳар вақто сарашро аз рукуъ мебардошт инчунин мекард, вале ҳангоми бардоштани сараш аз саҷда чунин, яъне дастонашро баробари китфҳояш намебардошт.”

Уламои ҳанафӣ аз чанд ҷиҳат тарки рафъи ядайнро ихтиёр кардаанд:

1- Дар ривояти “Сунани Насоӣ”(2/182/1026)бо санади саҳеҳ яке аз олимтарини асҳоби киром Абдуллоҳ ибни Масъуд  разияллоҳу анҳу намози Пайғамбар (с)-ро ривоят кардааст ва дар он бардоштани дастон дар ҳолати рукуъ ва суҷуд нест. Лафзи ривоят чунин аст:

“وفي سنن النسائي -2/ 182/ 1026 – عَنْ عَلْقَمَةَ، عَنْ عَبْدِ اللَّهِ قَالَ: أَلَا أُخْبِرُكُمْ بِصَلَاةِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «فَقَامَ فَرَفَعَ يَدَيْهِ أَوَّلَ مَرَّةٍ ثُمَّ لَمْ يُعِدْ»(وحكم المحقق: صحيح).

“Оё шуморо аз чигуна намоз хондани Пайғамбар (с) хабардор насозам? Баъди ин суханаш намоз гузорид ва дар оғози он дастонашро бардошт ва дигар набардошт”.

2-Ғайр аз Ибни Масъуд аз баъзе дигар саҳобагони маъруф  низ ривоят шудааст, ки рафъи ядайн намекарданд. Ба таври мисол дар ривояти “Шарҳи маъонии осор” бо санади ровиёнаш сиқа аз ҳазрати Алӣ чунин ривоят шудааст:

“وفي شرح معاني الآثار-1/ 225/ 1252-ثنا عاصم بن كليب عن أبيه:أن عليا رضي الله عنه كان يرفع يديه في أول تكبيرة من الصلاة ثم لا يرفع بعد”.(وقال الحافظ في الدراية في تخريج أحاديث الهداية -1/ 152:وَرِجَاله ثِقَات وَهُوَ مَوْقُوف).

“Ҳазрати Алӣ дар такбири аввали намоз дастонашро мебардошт ва баъд аз он дигар намебардошт.”

3- Имом Тирмизӣ дар ҳошияи  ривояти Ибни Масъуд  чунин гуфтааст:

“حَدِيثُ ابْنِ مَسْعُودٍ حَدِيثٌ حَسَنٌ، وَبِهِ يَقُولُ غَيْرُ وَاحِدٍ مِنْ أَهْلِ العِلْمِ مِنْ أَصْحَابِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَالتَّابِعِينَ،  وَهُوَ قَوْلُ سُفْيَانَ الثَّوْرِيِّ، وَأَهْلِ الكُوفَةِ”.

“Ҳадиси Ибни Масъуд ҳадиси ҳасан аст ва ба набардоштани дастон афроди бисёре аз саҳобагон ва тобеин назар додаанд ва ин назари онҳоро Суфёни Саврӣ ва аҳли Куфа мазҳаб ихтиёр кардаанд”.

4- Мутобиқи усули мазҳаби ҳанафӣ амал ва фатвои ровӣ ба мухолифи муқтазои ривояташ далолат ба ду чиз мекунад:

1- Ба заъиф будани ривояташ.

2-Ба мансух шудани ҳукми ривояташ.

Дар ривояти “Шарҳи Маъонии осор” Имом Таҳовӣ аз тариқи Муҷоҳид аз Абдуллоҳ ибни Умар(р)чунин ривоят кардааст:

“وفي شرح معاني الآثار -1/ 225 1357 – :حَدَّثَنَا ابْنُ أَبِي دَاوُدَ، قَالَ: ثنا أَحْمَدُ بْنُ يُونُسَ، قَالَ: ثنا أَبُو بَكْرِ بْنُ عَيَّاشٍ، عَنْ حُصَيْنٍ، عَنْ مُجَاهِدٍ، قَالَ: «صَلَّيْتُ خَلْفَ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا فَلَمْ يَكُنْ يَرْفَعُ يَدَيْهِ إِلَّا فِي التَّكْبِيرَةِ الْأُولَى مِنَ الصَّلَاةِ» (فَهَذَا ابْنُ عُمَرَ قَدْ رَأَى النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَرْفَعُ , ثُمَّ قَدْ تَرَكَ هُوَ الرَّفْعَ بَعْدَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَلَا يَكُونُ ذَلِكَ إِلَّا وَقَدْ ثَبَتَ عِنْدَهُ نَسْخُ مَا قَدْ رَأَى النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِعْلَهُ وَقَامَتِ الْحُجَّةُ عَلَيْهِ بِذَلِكَ. فَإِنْ قَالَ قَائِلٌ: هَذَا حَدِيثٌ مُنْكَرٌ قِيلَ لَهُ وَمَا دَلَّكَ عَلَى ذَلِكَ؟ فَلَنْ تَجِدَ إِلَى ذَلِكَ سَبِيلًا.فَإِنْ قَالَ: فَإِنْ طَاوُسًا قَدْ ذَكَرَ أَنَّهُ رَأَى ابْنَ عُمَرَ يَفْعَلُ مَا يُوَافِقُ مَا رُوِيَ عَنْهُ , عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ , مِنْ ذَلِكَ قِيلَ لَهُمْ: فَقَدْ ذَكَرَ ذَلِكَ طَاوُسٌ , وَقَدْ خَالَفَهُ مُجَاهِدٌ فَقَدْ يَجُوزُ أَنْ يَكُونَ ابْنُ عُمَرَ فَعَلَ مَا رَآهُ طَاوُسٌ مَا يَفْعَلُهُ قَبْلَ أَنْ تَقُومَ عِنْدَهُ الْحُجَّةُ بِنَسْخِهِ , ثُمَّ قَامَتْ عِنْدَهُ الْحُجَّةُ بِنَسْخِهِ فَتَرَكَهُ وَفَعَلَ مَا ذَكَرَهُ عَنْهُ مُجَاهِدٌ. هَكَذَا يَنْبَغِي أَنْ يُحْمَلَ مَا رُوِيَ عَنْهُمْ , وَيُنْفَى عَنْهُ الْوَهْمُ , حَتَّى يَتَحَقَّقَ ذَلِكَ , وَإِلَّا سَقَطَ أَكْثَرُ الرِّوَايَاتِ. وَأَمَّا حَدِيثُ وَائِلٍ , فَقَدْ ضَادَّهُ إِبْرَاهِيمُ بِمَا ذَكَرَ , عَنْ عَبْدِ اللهِ أَنَّهُ لَمْ يَكُنْ رَأَى النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَعَلَ مَا ذَكَرَ فَعَبْدُ اللهِ أَقْدَمُ صُحْبَةً لِرَسُولِ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ , وَأَفْهَمُ بِأَفْعَالِهِ مِنْ وَائِلٍ , قَدْ كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُحِبُّ أَنْ يَلِيَهُ الْمُهَاجِرُونَ لِيَحْفَظُوا عَنْهُ)

“Муҷоҳид мегӯяд: Аз пушти Абдуллоҳ ибни Умар (р) намоз гузоридам ва дастонашро танҳо дар оғози намоз мебардошт”.

Чуноне медонем ривояти Ибни Умар разияллоҳу анҳу бо санади саҳеҳ аст, зеро дар “Саҳеҳи Муслим” аст, пас ҳукми ривояташ мансух шудааст.

5-Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ рафъи ядайн бо сукун ва оромии матлуб дар намоз созгор нест ва шояд аз ҳамин ҷиҳат дар ҳадиси саҳеҳ Пайғамбар (с) рафъи ядайнро манъ карда бошад. Ба таври мисол дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” саҳобии бузургвор Ҷобир ибни Самра (р) чунин ривоят кардааст:

“وفي سنن النسائي-3/ 4/ 1184-عَنْ جَابِرِ بْنِ سَمُرَةَ قَالَ:خَرَجَ عَلَيْنَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَنَحْنُ رَافِعُو أَيْدِينَا فِي الصَّلَاةِ فَقَالَ:مَا بَالُهُمْ رَافِعِينَ أَيْدِيَهُمْ فِي الصَّلَاةِ كَأَنَّهَا أَذْنَابُ الْخَيْلِ الشُّمُسِ،اسْكُنُوا فِي الصَّلَاةِ» (وحكم المحقق: صحيح”. وفي مرقاة المفاتيح -2/ 656: وَأُجِيبَ عَنِ اعْتِرَاضِ الْبُخَارِيِّ: بِأَنَّ هَذَا الرَّفْعَ كَانَ فِي التَّشَهُّدِ ; لِأَنَّ عَبْدَ اللَّهِ بْنَ الْقِبْطِيَّةِ قَالَ: «سَمِعْتُ جَابِرَ بْنَ سَمُرَةَ يَقُولُ: كُنَّا إِذَا صَلَّيْنَا خَلْفَ النَّبِيِّ- صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ- قُلْنَا:السَّلَامُ عَلَيْكُمُ السَّلَامُ عَلَيْكُمْ، وَأَشَارَ بِيَدِهِ إِلَى الْجَانِبَيْنِ فَقَالَ: ” مَا لِهَؤُلَاءِ يُومِئُونَ بِأَيْدِيَهُمْ كَأَنَّهَا أَذْنَابُ خَيْلٍ شُمْسِ إِنَّمَا يَكْفِي أَحَدَكُمْ أَنْ يَضَعَ يَدَهُ عَلَى فَخِذِهِ ثُمَّ يُسَلِّمَ عَلَى أَخِيهِ مِنْ عَنْ يَمِينِهِ وَمِنْ عَنْ شِمَالِهِ» “، بِأَنَّ الظَّاهِرَ أَنَّهُمَا حَدِيثَانِ ; لِأَنَّ الَّذِي يَرْفَعُ يَدَيْهِ حَالَ التَّسْلِيمِ لَا يُقَالُ لَهُ: اسْكُنْ فِي الصَّلَاةِ، وَبِأَنَّ الْعِبْرَةَ لِلَّفْظِ وَهُوَ قَوْلُهُ: ” اسْكُنُوا ” لَا لِسَبَبِهِ وَهُوَ الْإِيمَاءُ حَالَ التَّسْلِيمِ).

 “Пайғамбар (с) ба назди мо дар ҳоле даромад, ки дар даруни намоз мо дастонамонро бардошта будем ва гуфт: Инҳоро чӣ шудааст, ки мисли думҳои аспони саркаш дастонашонро дар намоз мебардоранд? Ором бигиред дар намоз!”

6-Назари мансух будани ҳукми рафъи ядайн дар асли худ назари фуқаҳои ҳанафӣ ба танҳоияшон намебошад, балки баъзе уламои ҳадис амсоли амирулмуъминин дар ҳадис Суфёни Саврӣ ва ашхоси бузургтар аз вай мисли тобеиъини бузургвор Иброҳими Нахаъӣ, Асвад ва Алқама ва ҳатто саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Масъуд ҳамин назарро доштаанд.Ин мавзӯъро Мавлоно Абдулҳай дар “Таълиқи мумаҷҷад” (1/384) чунин баён кардааст:

“وفي التعليق الممجد على موطأ محمد – 1 / 384: قوله: قول أبي حنيفة، ووافقه في عدم الرفع إلاَّ مرة الثوريُّ والحسنُ بن حَيّ وسائر فقهاءالكوفة قديماً وحديثاً،وهو قول ابن مسعود وأصحابه  وقال أبو عبد الله محمد بن نصر المَرْوزي: لا نعلم مصراً من الأمصار تركوا بإجماعهم رفعَ اليدين عند الخفض والرفع إلا أهل الكوفة،واختلفت الرواية فيه،عن مالك، فمرة قال:يرفع، ومرة قال:لا يرفع،وعليه جمهورأصحابه”

“Имом Абуҳанифаро дар назари набардоштани дастон ба ҷуз як маротиб имомон Саврӣ, Ҳасан ибни Ҳуйи ва бақияи фуқаҳои аввала ва баъдинаи Куфа мувофиқа кардаанд. Дар асл набардоштани дастон назари саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу ва шогирдонаш мебошад. Марвазӣ гуфтааст: Ман ҷуз сокинони Куфа дигар аҳолии ҳеҷ шаҳри дигареро намедонам, ки бо иттифоқ ҳамаашон бардоштани дастонро дар намоз тарк карда бошанд. Аз Имом Молик ривоятҳои мухталиф ривоят шудааст ва ҷумҳури уламои моликӣ бар набардоштани дастон назар додаанд”.


Хулосаи мавзӯъ

1- Аз дидгоҳи олими муҳақиқ Мавлоно Абдулҳай ихтилофи дар масъалаи рафъи ядайн дар афзалият аст ва дар “Таълиқи мумаҷҷад” (1/179) ривоятҳои дар мавзӯъи рафъи ядайн ривоятшударо чунин натиҷагирӣ мекунад:

“وفي موطأ مالك – رواية محمد بن الحسن مع التعليق الممجد -1/ 179: والقدر المتحقق في هذا الباب هو ثبوت الرفع وتركه كليهما عن رسول الله صلى الله عليه و سلم إلا أن رواة الرفع من الصحابة جم غفير ورواة الترك جماعة قليلة مع عدم صحة الطرق عنهم إلا عن ابن مسعود وكذلك ثبت الترك عن ابن مسعود وأصحابه بأسانيد محتجة بها فإذن نختار أن الرفع ليس بسنة مؤكدة يلام تاركها إلا أن ثبوته عن النبي صلى الله عليه و سلم أكثر وأرجح . وأما دعوى نسخه كما صدر عن الطحاوي مغترا بحسن الظن بالصحابة التاركين وابن الهمام والعيني وغيرهم من أصحابنا فليست بمبرهن عليها بما يشفي العليل ويروي الغليل”.

“Чизе, ки аз таҳқиқи ин мавзӯъ аз суннати Пайғамбар (с) зоҳир мешавад собит будани ҳарду; яъне бардоштан ва набардоштани дастон аст. Ба ин тафовут, ки ровиёни собит будани бардоштан ҷамоъати бисёре аз саҳобагонанд ва ровиёни набардоштан ҷамоъати андакеанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки аз тариқи тамоми саҳобагоне, ки набардоштанро ривоят карда шудааст,  танҳо ривояти аз тариқи Абдуллоҳ ибни Масъуд аз Пайғамбар (с) ривояткарда саҳеҳ мебошад. Инчунин ба санади саҳеҳ аз феъли Ибни Масъуд ва шогирдонаш набардоштан ривоят шудааст.

Дар чунин ҳолат ин назарро ихтиёр мекунем, ки бардоштани дастон ҳангоми рукуъ кардан ва бардоштани сар аз рукуъ аз ҷумлаи суннатҳои муаккада, ки тарккунандаи онро маломат карда бишавад намебошад, вале назари собит будани он аз Пайғамбар (с) роҷеҳтар аст.

Аммо даъвои мансух шудани рафъи ядайн, ҳамчуноне аз Имом Таҳовӣ мағрур ба гумони нек ба саҳобагони рафъи ядайнро тарккунанда содир шудааст ва мисли ӯ  Ибни Ҳумом ва Айнӣ даъво кардаанд, ҳуҷҷате намебошанд, ки барои бемор даво бишаванд ва ё ташнаеро сероб бисозанд.”

Муборакфурӣ дар “Миръотулмафотиҳ” баъзе уламои ҳанафии ҳамназари мавлоно Абдуҳайро чунин ёдоварӣ кардааст:

“وفي مرعاة المفاتيح شرح مشكاة المصابيح – 3 / 33:المحققين من الحنفية كأبي بكر الجصاص الرازي، فإنه صرح بأن الاختلاف في الأفضلية لا في الجواز، وتبعه في ذلك الشيخ محمد أنور الكشميري وقال: القول بكراهة التحريم في مسألة متواترة بين الصحابة شديد عندي. وقال جامع تقاريره: من رفع فهو على حق وسنة. وكالشاه ولي الله الدهلوي فإنه صرح بكون الرفع سنة، وبأن الذي يرفع أحب إليه ممن لا يرفع. وكتلميذه الشيخ محمد معين السندي فإنه رد على الحنفية رداً مشبعاً، وحقق كون الرفع سنة متواترة واظب عليها النبي – صلى الله عليه وسلم -. وكالشيخ أبي الحسن السندي صاحب الحواشي على الأصول الستة. والشيخ عبد الحي اللكنوي شيخ النيموي فإنهما صرحا بأن الرفع أرجح من الترك.

“Муҳаққиқони уламои ҳанафӣ, мисли Абубакри Ҷассос сароҳатан гуфтаанд, ки ихтилофи дар масъалаи бардоштан ё набардоштани дастон дар аснои намоз дар афзалият аст на дар машруъият ва ҷоиз буданаш. Аз назари вай Муҳаммаданвари Кашмирӣ пайравӣ намуда гуфтааст, ки бардоштани дастонро дар аснои намоз макруҳи таҳримӣ гуфтан ва ин ҳам дар ҳоле, ки бо санади мутавотир аз асҳоби киром собит мебошад, аз дидгоҳи ман сахт, яъне бисёр зишт аст. Кашмирӣ дар “Ҷомеъи тақрир” чунин гуфтааст: Касе рафъи ядайн бикунад бар ҳақ ва суннат аст. Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ, ки рафъи ядайнро суннат мегӯяд гуфтааст, ки касе рафъи ядайн мекунад дар назди ман маҳбубтар аст. Шогирди Шоҳ Валиюллоҳ Муҳаммад Муъини Синдӣ суннати мутавотир будани рафъи ядайнро собит кардааст ва бар он уламои ҳанафӣ, ки онро ҷоиз намедонанд ба дуруштӣ рад кардааст. Аммо Абулҳасани Синдӣ, Абдуҳайи Лакҳнавӣ ва шогирдаш Наймувӣ рафъи ядайнро роҷеҳтар аз тарк карданаш гуфтаанд”.

3- Имом Абуҷаъфари Табарӣ дар китоби “Таҳзибулосор” (1/388) назари амал кардан ба ҳадиси рафъи ядайн ва тарки  онро чунин баён кардааст:

“وقال محمد بن جرير بن يزيد بن كثيربن غالب الآملي،أبو جعفرالطبري(المتوفى: 310هـ) في تهذيب الآثار مسند ابن عباس-1/ 388:وَأَنَّ رَفْعَ الْيَدَيْنِ فِي حَالِ الرُّكُوعِ وَحَالِ رَفْعِ الرَّأْسِ مِنْهُ فِي الصَّلَاةِ غَيْرُ مُفْسِدٍ صَلَاةَ الْمُصَلِّي، وَلَا تَرْكُهُ مُوجِبٌ عَلَيْهِ قَضَاءً وَلَا بَدَلًا مِنْهُ،إِذْ كَانَ ذَلِكَ مِنَ الْعَمَلِ الَّذِي كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَعْمَلُهُ أَحْيَانًا فِي صَلَاتِهِ وَيَتْرُكَهُ أَحْيَانًا”.

“Рафъи ядайн дар ҳолати ба рукуъ рафтан ва сари худро аз рукуъ бардоштан намозро фосид намекунад ва тарк кардани рафъи ядайн бар намозгузор қазо доштани намоз ё чизи дигареро воҷиб намегардонад. Зеро рафъи ядайн аз ҷумлаи амалҳоест, ки Пайғамбар (с) дар баъзе ҳолатҳо анҷомаш медод ва дар баъзе ҳолатҳои дигар таркаш мекард”.


Сифати намози Пайғамбар Муҳаммад (с)

Мақолаи қаблӣЗанги охир – шеърхо, сухан, матн ва табрикот
Мақолаи баъдӣҲукми қироати сураи “Алҳамд” – Масъалаҳои ихтилофӣ дар Намоз