Шояд дар зеҳни шумо чунин саволҳое, пайдо шаванд, ки Худо чи гуна аст, чи шакл дорад, чи гуна мебинад ва чи гуна мешунавад, ва ғайраву ғайра. Дар ин мақола “Маърифати Парвардигор” ё Даҳ сифати Аллоҳ таъоло” оварда мешавад, ки сифати Худоро дар худ доранд.

Маърифати Парвардигор – Даҳ сифати Худо
Агар пурсанд, ки Худои таъолоро ба чанд сифат мешиносӣ? Ҷавоб бигӯ, ки ба даҳ сифат мешиносам. 8-и он субутист ва дуи он салбист.
Он ҳаште, ки субутист:
- Илм – яъне Аллоҳ таъоло бар ҳама ашё доност.
- Қудрат – яъне Аллоҳ таъоло ба чизе, ки хоҳад аз кардан ва нокардан тавоност.
- Ҳаёт – яъне Аллоҳ таъоло азалан ва абадан зинда аст.
- Самъ – яъне Аллоҳ таъоло шунавост на ба гуш.
- Басар – яъне Аллоҳ таъоло биност на ба чашм.
- Калом – яъне Аллоҳ таъоло гуёст на бар забон.
- Ирода – яъне Аллоҳ таъоло соҳиби ирода аст ва соҳиби ихтиёр аст. Ҳар чӣ хост шуд ва ҳар чӣ нахост нашуд.
- Таквин – яъне Аллоҳ таъоло набударо пайдокунанда аст.
Он дуе, ки салбист:
- Аллоҳ таъоло якка ва ягона аст. Бе шарик, бе мисл ва бе монанд аст.
- Аллоҳ таъоло пок аст аз ҷамиъи айбҳо ва нуқсонҳо.
Оиди дигар сифатҳои Худо дар ин мақола маълумот оварда шудааст >> Се ваҳдати заруриёти дин


