Танбиҳ (дар закот – шархи Чоркитоб)

0

Мо дар охируззамон қарор дорем ва яке аз мушкилот ва мусибатҳои ҳалоккунандаи ин давру замон аҳмият надодани мусулмонон  ба ҳалол ё ҳаром будани мол аст. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” (3/59/2083) Пайғамбар (с) чунин хабар додааст:

“وفي صحيح البخاري -3/ 59- 2083 – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: «لَيَأْتِيَنَّ عَلَى النَّاسِ زَمَانٌ، لاَ يُبَالِي المَرْءُ بِمَا أَخَذَ المَالَ، أَمِنْ حَلاَلٍ أَمْ مِنْ حَرَامٍ”.

“Бар сари мардум замоне биояд, ки дар он мардум аз кадом тариқ; аз ҳалол ё аз ҳаром ҳосил кардани мол парвое намекунанд”.

Ҷои таъаҷҷуб нест, ки дар ин замон дар сарвати аксари сарватмандон моли ҳалолу ҳаром омехта мебошанд. Зеро дар замони мо рибо ва анвоъи тиҷоратҳо, иҷораҳо, музораъатҳо, ақду доду гирифтҳои аз дидгоҳи шариъат ҳаром ё макруҳ оламро фаро гирифтаанд.

Дар чунин шароит агар моли касе сирф аз ҳаром аст, дар он на закот воҷиб мешавад ва на худаш аз он ба нияти закот ба касе бидиҳад. Зеро дар ривояти “Саҳеҳм Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«مَا تَصَدَّقَ أَحَدٌ بِصَدَقَةٍ مِنْ طَيِّبٍ، وَلَا يَقْبَلُ اللهُ إِلَّا الطَّيِّبَ، إِلَّا أَخَذَهَا الرَّحْمَنُ بِيَمِينِهِ، وَإِنْ كَانَتْ تَمْرَةً، فَتَرْبُو فِي كَفِّ الرَّحْمَنِ حَتَّى تَكُونَ أَعْظَمَ مِنَ الْجَبَلِ، كَمَا يُرَبِّي أَحَدُكُمْ فَلُوَّهُ أَوْ فَصِيلَهُ»(كذا في صحيح مسلم -2/ 702/63 – 1014- عن أَبَي هُرَيْرَةَ)،

“Касе аз моли ҳалоли худ садақа бикунад, бояд бидонад, ки  Аллоҳ таъоло танҳо садақаи аз моли ҳалолро мепазирад. Пас агар садақаи кардааш донаи хурмо бошад онро Аллоҳи Раҳмон бо дасти билокайфаш мегирад ва чунон бузургаш мекунад, ки шумо курраи (баччаи) аспи худатонро парвариш медиҳед ва он донаи хурмо аз кӯҳи Уҳуд бузургтар мешавад”.

Аммо агар молаш омехта аз ҳалолу ҳаром бошад миқдори он қисмати моли  ҳалолашро тахмин бикунад ва ба нияту эътибори он қисмати молаш закот бидиҳад.


Моли закот – Закот чи қадар аст? (Шархи Чоркитоб)

Маърифати закот. Шарҳи ибодатҳои молӣ. Садақа

Мақолаи қаблӣШартҳои воҷиб шудани закот (Шархи Чахоркитоб)
Мақолаи баъдӣМасорифи закот – закотро ба кӣ диҳем? (Чоркитоб)