Таълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 51-56

0

Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ (савол ва посух – саволҳои 51-56). Таълими Ислом бар асоси фикхи мазхаби ханафи (савол ва посух – саволхои 51-56).

Таълими ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби Ҳанафӣ
Расм қисман бо ҳушвора сохта шудааст

Пурсишҳои 48-50 – ро инҷо хонед.


Пурсиши ‌51: Оё дар намозҳои‌ имом, танҳогузор ва муқтадӣ‌ фарқе‌ вуҷуд дорад?

Посух: Оре‌, ин‌ тафовут‌ вуҷуд дорад, ки‌ имом‌ ва танҳогузор дар ракъати‌ аввал‌ пас‌ аз хондани‌ сано, таъаввуз («Аъузу биллоҳ») ва тасмия («Бисмиллоҳ»), «Фотиҳа» ва сура‌е‌ ме‌хонанд ва дар ракъати‌ дувум‌ низ тасмия‌, «Фотиҳа» ва сура‌ ме‌хонанд. Муқтадӣ‌ фақат‌ дар ракъати‌ аввал‌ сано ме‌хонад ва баъдан хомӯш‌ ме‌шавад. Фарқ‌и дувум‌ ин‌ аст,‌ ки‌ дар вақти бархостан‌ аз рукуъ имом‌ ва танҳогузор «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ» ме‌гӯянд, танҳогузор илова ба‌р ин «Раббано лакал-ҳамд» низ ме‌гӯяд. Албатта‌ муқтадӣ‌ фақат‌ «Раббано лакал-ҳамд» ме‌гӯяд.


Пурсиш‌и 52: Агар намоз серакаъатӣ‌ ё чаҳорракаъатӣ‌ бошад, чӣ гуна‌ хонда‌ ме‌шавад?

Посух: Ду ракъат ҳамон гуна‌ хонда‌ ме‌шавад, ки‌ қаблан‌ баён‌ шуд. Албатта‌ дар қаъда пас‌ аз ташаҳҳуд дуруд нахонад, балки‌ такбир гуфта‌ бархезад. Агар намози воҷиб‌ ё нафл‌ ё суннат‌ аст, ду ракъати‌ охирро ҳамонанди ду ракъат‌и аввал‌ бихонад ва агар намози фарз‌ аст, дар ракъат‌и севум‌ ва чаҳорум‌ ҳамроҳи‌ «Фотиҳа» сура‌е‌ нахонад ва бақияи‌ афъоли намоз‌ро ҳамонанди ду ракъати‌ аввал‌ анҷом‌ диҳад.


Пурсиш‌и 53: Намози суннат‌ ё нафл‌ се‌ ракъат‌ ҳам‌ хонда‌ ме‌шавад ё на?

Посух: Намози нафл‌ ё суннат‌ чаҳор ракъат‌ ё ду ракъат‌ бояд хонда‌ шавад, ба‌ сурат‌ се‌ракъатӣ‌ дуруст‌ нест.


Пурсиши ‌54: Равиши‌ дурусти‌ рукуъ‌ чӣ гуна‌ аст?

Посух: Рукуъ‌ бад-ин‌ сурат‌ аст‌, ки‌ камар ва сар бояд дар рукуъ‌ бо ҳам‌ баробар бошанд, яъне‌ сар аз камар на‌ болотар ва на‌ поён‌тар бошад ва зонуҳо бо дастҳо муҳкам‌ нигаҳ‌ дошта‌ шаванд.


Пурсиши 55: Равиш‌и дурусти саҷда‌ чӣ гуна‌ аст?

Посух: Саҷда‌ бад-ин‌ тариқ‌ сурат‌ гирад, ки‌ панҷаи‌ дастҳо бар замин‌ қарор дошта‌ бошад ва бақияи‌ қисмат‌и даст аз замин‌ боло бошад, шикам‌ аз ронҳо ва ҳар ду даст‌ аз паҳлуҳо дур бошанд.


Пурсиши ‌56: Пас‌ аз анҷоми‌ намоз бо ангуштҳо чӣ‌ чизе‌ шумурда‌ ва хонда‌ ме‌шавад?

Посух: Сию‌ се‌ бор «Субҳоналлоҳ», сию‌ се‌ бор «Алҳамду ‌лилоҳ», сию‌ чаҳор бор «А‌‌ллоҳу Акбар» гуфтан‌ суннат аст ва ин‌ тасбеҳот‌ савоби‌ бисёр дорад.

«Эй‌ онон ки‌ имон‌ оварда‌ед, худ ва хонавода‌атон‌ро аз оташ‌и ҷаҳаннам‌ бираҳонед!».


Барчаспи силсиламақолаҳо

Аз китоби “Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ

Давом дорад …

Мақолаи қаблӣШоҳбайтҳо #4